Парчами Иттиҳоди Аврупо. Акс аз бойгонӣ

ВАО: Комиссияи Аврупо низоми бераводид бо Киевро баррасӣ мекунад

40
(Таҷдидшуда 17:17 11.04.2016)
Дар сурати зиёд шудани муҳоҷирон ба тарҳи қонун банди махсус оиди барқарор кардани низоми раводид дохил хоҳад шуд, мегӯяд сарчашма.

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Сарфи назар аз натиҷаи раъйпурсии Ҳолланд оиди ҳамроҳшавии Украина бо ИА, комиссияи Аврупо то охири моҳи апрел тарҳи лоиҳаи низоми бераводидро байни Аврупо ва Украина пешниҳод хоҳад кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба Рейтер.

Рӯзи чоршанбе дар Ҳолланд (Нидерланд) раъйпурсии машваратӣ оиди созишномаи ассотсиатсияи Украина ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд. Танҳо 38% —и аҳолӣ ба тасвиб расидани созишномаро дастгирӣ карда, 61%-мардум мухолифат нишон доданд. Натиҷаҳои ниҳоӣ 12 апрел эълон хоҳанд шуд.

"Шояд ин ҳолат ба иштирокчиёни раъйпурсии Ҳолланд чунин намояд, ки мо мавқеъи онҳоро ба назар нагирифтем, вале мо бояд ба ваъдаи ба Украина додаамон вафо кунем", — изҳор дошт сарчашма дар доираҳои дипломатии Брюссел.

Ҳамчунин қайд карда мешавад, ки банди махсуси қонун пешбинӣ мекунад, то ҳангоми авҷи ҷараёни муҳоҷирон низоми раводид аз нав барқарор шавад.

Моҳи март раиси Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер ба президенти Украина ваъда дод, ки моҳи апрел лоиҳаи қонун дар бораи низоми бераводид миёни Аврупо ва Украина ба парлумони ИА пешниҳод мегардад.

Баъди пешниҳоди лоиҳа, тарҳи қонун бояд аз ҷониби парлумони Аврупо ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо тасдиқ шавад.

40
Барчаспҳо:
муҳоҷират, рафтуо, бераводид, низом, раводид, Жан-Клод Юнкер, Ҳолланд, Нидерландия, Украина, Иттиҳоди Аврупо, ИА
Мавзуъ
Дар Киев тазоҳуротчиён аз Радаи боло истеъфои ҳукуматро талаб доранд