Анқара. Акс аз бойгонӣ

Анқара сармуҳаррири Sputnik-и Туркияро мамнӯъулвуруд эълон кард

15
(Таҷдидшуда 12:14 20.04.2016)
Турал Керимов мегӯяд, ки дар фурудгоҳи Отатурки Истамбул ҳамчунин корти матбуотӣ ва иҷозаномаи истиқоматиро аз ӯ гирифта пешниҳод карданд то тавассути аввалин хатсайри парвоз ба Русия баргардад.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Сардабири Sputnik-и Туркия Турал Керимов ба РИА Новости хабар дод, ки ҳукумати Туркия вуруд ба он кишварро барояш манъ намуда, шащодатномаи сабти асноди хабарнигорӣ (аккредитатсия)-ашро низ гирифтанд.

"Корманди назорати сарҳадӣ шиносномаи маро гирифта ба нуқтаи санҷиши мусофирон бурд ва он ҷо ҳудуди як соат бидуни ягон шарҳи сабаб нигоҳ дошт. Баъд ба ман варақае, ки барои мусофирони "мамнӯъулвуруд ба Туркия" дода мешавад, пешниҳод намуданд. Дар варақа низ ягон тавзеҳоти сабаб дарҷ нагардидааст. Ҳамчунин корти матбуотӣ ва иҷозаномаи истиқоматро аз ман гирифта пешниҳод карданд, то тавассути хатсайри аввал ба Русия баргардам",-гуфт Керимов.

Ӯ илова кард, ки ҳодиса дар фурудгоҳи Отатурки Истамбул ба вуқӯъ пайваст.

Рӯзи панҷшанбеи гузашта дар Туркия дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории Sputnik масдуд карда шуд. Рӯзи шанбе ВАО-и Туркия иттилоъ доданд, ки додгоҳи Гёлбошии Анқара қонун дар бораи масдуд намудани дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои қаламрави кишвар, ҳамчунин ба торномаи Sputnik-ро ба тасвиб расонд.

15
Барчаспҳо:
мамнӯъулвуруд, мамнӯъи вуруд, масдуди дастрасӣ, сомонаҳо, дастрасӣ, Идораи амнияти Туркия, Sputnik-Туркия, додгоҳ, Турал Керимов, Анқара, Истамбул, Туркия
Мавзуъ
Sputnik пойгоҳи хабарии “Sputnik Латвия”-ро фаъол кард
Проверка температуры у прибывших пассажиров в Тегеран

Дар Эрон беш аз як миллион мубталоёни корона шифо ёфтанд

9
(Таҷдидшуда 11:31 22.01.2021)
То кунун дар Эрон як миллиону 144 ҳазору 549 нафар беморон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 22 январ - Sputnik. Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбудии ҳудуди як миллиону 145 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар ин кишвар хабар дод.

Симосодоти Лорӣ - сухангӯии Вазорати беҳдошти Эрон гуфт, дар 24 соъати гузашта 6 ҳазору 204 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 677 нафар бистарӣ шуданд.

Ӯ афзуд, ки маҷмӯи беморони Ковид-19 дар кишвар ба як миллиону 354 ҳазору 520 нафар расида аст.

Лорӣ ҳамчунин хабар дод, ки дар 24 соъати гузашта 93 нафар аз беморони Ковид 19 ҷони худро аз даст доданд. Маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Эрон ба 57 ҳазору 150 нафар расида аст.

Ба гуфти манбаъ, то кунун як миллиону 144 ҳазору 549 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 97 миллион нафар расида аст, ки аз ин теъдод дасти кам ду миллион нафари ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 70 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Амрико бо ҳудуди 25 миллион мубтало ба вируси корона ва дасти кам 415 ҳазор қурбонӣ , ҳамчунон бештарин теъдоди мубталоёну ҷонбохтагон дар ҷаҳонро ба худ ихтисос дода аст.

9
Барчаспҳо:
тандурустӣ, тандурустӣ, беҳбуд бахшидан, вируси корона, Эрон
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото

Таркиши шадид дар бозори Бағдод: ду маргталаб 28 нафарро куштанду 75 касро захмӣ карданд

79
Зӯҳри рӯзи 21 январ дар Бағдод ду таркиши мудҳиш рух дод, ки дар натиҷа теъдоди зиёди куштаву ҷароҳатбардоштаро дарпай дошт

ДУШАНБЕ, 21 янв – Sputnik. Вазорати дохилаи Ироқ ҷузъиёти ду таркиши маргталабонаи зуҳри имрӯз дар маркази Бағдодро мунташир кард, хабар медиҳад Парс тудей бо такя ба ИРНА.

Манбаъ аз қавли Холид Алмуҳанно сухангӯи вазорати умури дохилаи Ироқ дхабар медиҳад, ки аввалин террористи ҳомили камарбанди таркишӣ вонамуд карда, ки бемор аст ва вақте мардум дар атрофаш ҷамъ шуданд,худро мунфаҷир карда аст.

Зимнан, маргталаби дигар низ ба фосилаи андаке вақте мардум барои интиқоли захмиҳо ҷамъ шуданд, камарбанди интиҳории худро мунфаҷир кард.

Бар асари инфиҷор дар бозори марказии Бағдод 28 тан кушта ва 73 нафар захмӣ шуданд.

Инфиҷор дар Кобул 18 куштаю захмӣ барҷой гузошт

Ҳамзамон низ ҳамаи масирҳо ва вурудиҳои мунтаҳӣ ба минтақаи амниятии сабз дар маркази Бағдод, ки дафотири теъдоде аз ниҳодҳои байналмиллалӣ , сафоратхонаҳо ва дастгоҳҳои муҳими ҳукуматӣ дар онҷо қарор дорад, баста шуда аст. Ин минтақа ду километр аз майдони Алтирон фосила дорад.

Ҳанўз ҳеч фард ё гурӯҳе масъулияти ин ду инфиҷори интиҳорӣ дар Бағдодро то кунун бар уҳда нагирифта аст.

79
Барчаспҳо:
маргталаб, таркиш, Бағдод
Пиджак на кресле

Ҷаримаи мақомдор дар Қубодиён: ба мушкили сокинон расидагӣ накард

0
(Таҷдидшуда 11:51 22.01.2021)
Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати заминсози ҷамоати деҳоти Носири Хусрав дар ноҳияи Қубодиён парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми Сатторов Абдураҳим заминсози ҷамоати деҳоти Носири Хусравро эълон кард.

Ба иттилои котиботи прокуратураи ин вилоят, номбурда аз моҳи майи соли 2015 дар мақоми мазкур ифозаи вазифа мекард.

Боздошти мансабдор барои миёнаравӣ ва тамаъи пора

Гуфта мешавад, дар давраи фаъолияти кориаш Сатторов талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикмстон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" - ро дағалона вайрон намуда, муроҷиати шаҳрвандонро нодида мегирифт.

Манбаъ аз ҷумла шаҳрвандонеро, ки ба заминсоз муроҷиат карданду мушкилоти онҳо бе ҳал монд, номбар кард. 

"Шаҳрвандон Худойназаров, Хушвахтов, Беков, Норов, Бобомуротов, Дустмуродова, Бобомуродов ва ҳамчунин муроҷиати сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиён бидуни таваҷҷӯҳи Сатторов монда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳифзшудаи онҳо зарари ҷиддӣ расонида шудааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Ба ҳамин минвол, додгоҳи вилояти Хатлон 18 сентябри соли 2020 нисбати Сатторов тибқи моддаи 163 қисми 1-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Бо қарори суд, Сатторов гунаҳгор дониста шуда, ӯро ба пардохти 5 800 сомонӣ ба фоидаи давлат муваззаф намуданд.

0
Барчаспҳо:
мардум, мушкил, ҷарима, Қубодиён