Додгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Додгоҳ хабарнигорро бегуноҳ эълон кард

14
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин хабарнигор бо даъвои собиқ сарвари кулли ширкати "Нефтехим LTD" ифтитоҳ шуда, “ҷабрдида” аз журналист 10 миллион танга товони маънавӣ талаб дошт.

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Судяи додгоҳи шаҳри Павлодори Қазоқистон Думан Серикбоев, рӯзноманигори маҳаллӣ Александр Барановро, ки бо иттиҳоми туҳмат ба як соҳибкори маҳаллӣ муттаҳам мешуд, пурра сафед карда, аз толори суд ҷавоб додааст.

Расонаҳои қазоқӣ иттилоъ медиҳанд, ки вакили дифои Баранов дар мурофиаи додгоҳӣ нусхаи навиштаи гӯйё "фитнаангез"-и зерҳимояашро дар Facebook ҳамчун далел напазируфта, аз даъвогар хостааст, барои исботи он далелҳои ҳуқуқӣ пешниҳод кунад.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин хабарнигор бо даъвои собиқ сарвари кулли ширкати  "Нефтехим LTD" Ерлан Кусанов ифтитоҳ шуда буд. Оқои Кусанов даъво мекард, ки Баранови рӯзноманигор бо истифода аз ВАО ӯро таҳқир кардааст. Раиси пешини ширкати "Нефтехим LTD" аз Баранов 10 миллион танга зарари моддӣ талаб намуда буд.

"Ман аслан ҳукми дигареро интизор доштам ва барои баъдан нороҳат нашудан ба вазъи бадтар омодагӣ медидам. Вале ҳоло хурсанд ҳастам, ки кор ба ин шакл анҷом ёфт. Ба назари ман додрас қарори дурусту одилона қабул кард. Зеро ҷониби даъвогар натавонист далелҳои муътамад пешниҳод кунад ва гуноҳи мо ҳам исбот нашуда буд", — иброз доштааст Баранов пас аз анҷоми мурофиаи додгоҳӣ.

14
Барчаспҳо:
зарари моддӣ, аз толори суд ҷавоб дода шуд, тӯҳмат, додгоҳ, Ерлан Кусанов, Александр Баранов, Думан Серикбоев, Қазоқистон
Мавзуъ
Даъвати БМТ аз журналистон: ҳақиқатро нависед