Парчами Туркия ва ИА дар Истамбул. Акс аз бойгонӣ

Аврупоиён ба воридшавии Туркия ба ИА бовар надоранд

55
(Таҷдидшуда 12:03 24.05.2016)
Ба саволи “ба назари шумо Туркия кай ба ИА ворид мешавад”, танҳо 17%-и шаҳрвандони Фаронса, 27%-и сокинони Олмон ва 38%-и аҳолии Британия посух доданд, ки дар 10 соли наздик.

ДУШАНБЕ, 24 май-Sputnik. Мувофиқи назарсанҷии Sputnik.Мнения, наздики нисфи аврупоиён-49% бар чунин назаранд, ки Туркия ё умуман ба ИА ворид намешавад, ё баъди 10 сол ворид мешавад. 58% шаҳварндони Олмон, 55%-и аҳолии Фаронса ва 33%-и сокинони Британия дар чунин назаранд. Назарсанҷӣ аз ҷониби ширкати пажӯҳишии британиявии Populus ва ширкати тадқиқотии фаронсавии Ifop  бо дархости оҷонсии хабаргузорӣ ва радиои Sputnik гузаронида шудааст.

Ба саволи "ба назари шумо Туркия кай ба ИА ворид мешавад", танҳо 17%-и шаҳрвандони Фаронса, 27%-и сокинони Олмон ва 38%-и аҳолии Британия посух доданд, ки дар 10 соли наздик.  29%-и шаҳрвандони Британия, 28%-и сокинони Фаронса ва 15%-и аҳолии Олмон натавонистанд ба савол посух гӯянд.

Назарсанҷӣ дар Британия аз ҷониби ширкати бузурги пажӯҳишии  Populus аз 15 то 21-уми  апрели соли  2016 гузаронида шуд. Дар Фаронса ва Олмон аз ҷониби ширкати тадқиқотии фаронсавии IFop аз 14 то 18-уми апрели соли 2016 гузаронида шуд. Аснои пурсиш дар Британия (1045 наф.), Олмон (989 наф.) ва Фаронса (1008 наф.), ки синну соли мухталиф ва касбу кори гуногун доранд, пурсида шудаанд.

Sputnik.Мнения
© Sputnik
Sputnik.Мнения

Маълумот дар бораи лоиҳаи "Sputnik.Мнения"

Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди тадқиқот ва омӯзиши афкори омма моҳи январи соли 2015 шурӯъ шуд. Шарикони ин лоиҳа ширкатҳои тадқиқотии бонуфузи Populus ва Ifop мебошанд. Дар доираи лоиҳаи Sputnik.Мнение. мунтазам пурсишномаҳо бо мақсади омӯзиши афкори омма оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА гузаронида мешавад.

Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таалуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд.

55
Барчаспҳо:
ворид шудани Туркия ба ИА, Ifop, Populus, Фаронса, Олмон, Британия
Мавзуъ
Аврупоиён ва амрикоиҳо дар бораи нақши ИҶШС дар ҶБВ намедонанд
Cеяки аврупоиён ва амрикоиҳо Кримро қисме аз Русия мешуморанд

Ҷашнҳои рӯзи 10 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

60
(Таҷдидшуда 18:27 09.08.2020)
Рӯзи даҳуми август дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон буда дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 10 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1822 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Сурия зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

Соли 1833 дар ИМА шаҳри Чикаго таъсис дода шуд. То он замон Чикаго як деҳае буд, ки Уинди-Сити ном дошт ва дар он камтар аз 200 нафар  истиқомат мекарданд.

Соли 1876 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар шаҳри Антониои Канада алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд, ки масофаи он 13 километрро ташкил медод.

Старинный телефон
© CC0 / Pixabay
Старинный телефон, архивное фото

Соли 1899 дар Русия ҳангоми бесарусомониҳо ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани донишҷӯён иҷозат дода шуд.

Соли 1924 дар шаҳри Берлин аввалин маротиба парчами сиёҳ-сурх ва зарди Германия  бардошта шуд.

Флаг Германии на здании Рейхстага в Берлине, архивное фото
© Sputnik / Игорь Зарембо
Флаг Германии на здании Рейхстага в Берлине, архивное фото

Соли 1926 миёни Италия ва Испания шартномаи сулҳ ба имзо расид.

Соли 1949 аввалин маротиба дар  Америкаи Шимолӣ парвози ҷавобии ҳавопаймои тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Торантои Канада сохта шуда буд, сурат гирифт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли  1997 дар таърихи башарият дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дарозтарин парчам бо баландии 8,5 километр барафрохта шудааст.

Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нави мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуд.

Соли 2011 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Осорхонаи вилоятӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2016 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мушовири амнияти миллии раисҷумҳури  Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатиро баррасӣ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 август

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон.
  • Дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Раҷаби Мирзо (1973) - журналист.

Қудратулло Абдураҳимов (1958) – доктори илми педагогӣ, профессор.

Раҳмат Ботуралиев (1943) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Ваҳҳоби Латиф (1956)- нависанда.

Комил Мусофир (1937-2014) – мутарҷим.

Венеамин Ланге (1910 – 1991) – коргардони театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Анна Липшина (1912- 1992)- доктори илми психология, профессор.

Валерий Лутиков (1938) – доктори илми геологӣ.

Абдуқодир Маниёзов (1930 – 2008) – адабиётшинос, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Гулмурод Мелиев (1948)- арбоби фарҳангӣ, Команди шоистаи Тоҷикистон.

Шералӣ Мирзо (1952)- шоир.

Эргаш Муҳаммадиев (1941) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Алиҷон Наимов (1967)- доктори илмҳои физикаю математика, Профессор.

Алишер Неъматов (1958)- кинорежиссёр.

Раҳмон Одина (1962) – шоир, драматург.

Ҷаббор Расулов (1943)- технолог, дорандаи ҷойизаи Сино.

Маҳмад Раҳимов (1954) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Саидаҳмади Ҳасан (1952 )- нависанда.

Саидҷон Уроқӣ (1951)- шоир.

Бурҳон Фаррух (1929 – 1993) – шоир.

Сайдулло Хайруллоев (1946) – арбоби давлатӣ.

Камол Ҳамза (1960)- доктори илми таърих.

Муҳаммад Ҷўраев (1948) – доктори илми тиб, профессор.

60
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Скорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото

Бештар аз 7 пулиси афғон қурбони инфиҷор дар Ғазна шуданд

37
(Таҷдидшуда 15:53 09.08.2020)
Бино бар иттилои ВКД Афғонистон дар яке аз музофотҳои шарқии кишвар худраве таркидааст. Дар натиҷа 10 корманди пулис ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. На камтар аз ҳафт корманди мақомоти милисаи Афғонистон дар пайи инфиҷор дар шарқи Афғонистон осеб дидаанд, гузориш медиҳад "Тулӯъ нюс" дар истинод ба мақомоти амниятии кишвар.

Ҳодиса дар шаҳри Ғазнаи Афғонистон рух додааст.

Бино бар иттилои расмӣ, худраве ки таркидааст, ба кормандони пулис тааллуқ доштааст.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури дохилаи кишвар, пас аз таркиш ҷангиён кӯшиши ҳамла ба урдугоҳи низомӣ кардаанд, аммо безарар гардонида шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар натиҷаи таркиш бештар аз 7 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта шуда, 15 нафарашон захмӣ шуданд.

Таъкид мегардад, ки осебдидагонро тавассути чархбол барои расонидани ёрии тиббӣ ба Кобул интиқол доданд.

Марзи Афғонистону Покистон ҳам ноором: даргирӣ дар марз ва захмӣ шудани ду марзбон

То ҳол гурӯҳе ин амали террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.

 

37
Девушка в наручниках, архивное фото

Ҳашт ҳазор доллар деҳ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мекунам: боздошти устоди Донишгоҳи Хуҷанд

0
(Таҷдидшуда 12:28 10.08.2020)
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон Негматова Мунира омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии Агентӣ,  Негматова Мунира Мухамедовна ба чунин амал ҳангоми дар вазифаи омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор карда истоданаш даст задааст.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда аз шаҳрванд “А” барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани хешаш-шаҳрванд “Б”  бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ маблағи 8000 доллари ИМА талаб намуд.

“Санаи 27 апрели соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Негматова М.М. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 8000 доллари ИМА дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”,- афзудааст манбаъ.

Боздошти мансабдор барои миёнаравӣ ва тамаъи пора

Агентӣ мегӯяд, дар ин асос нисбати Негматова М.М. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

0