Омӯзишҳои СПАД.Акс аз бойгонӣ

Сербия мехоҳад дар омӯзишҳои низомии СПАД иштирок кунад

21
(Таҷдидшуда 16:06 14.07.2016)
Ҳукумати Сербия дар ояндаи наздик мехоҳад бо кишварҳои аъзои СПАД ҳамкориро ба роҳ монад. Эҳтимол меравад, ки Сербия дар омӯзишҳои муштараки СПАД иштирок намояд.

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар бораи эҳтимоли баргузории омӯзишҳои муштакари Сербия бо СПАД дар мусоҳиба бо Sputnik Сербия вазири мудофиаи ин кишвар Зоран Джорджаев иброз дошт.

Ба гуфти ӯ таҳкими соҳаи низомии кишвар бо ёрии муносибати мутавозин чи бо ҳамкорони Шарқ ва чи дар Ғарб боиси боло рафтани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад шуд.

"Дар робита бо ин бояд муносибатҳоямон бо Созмони паймони аҳдномаи дастаҷамъиро таҳким бахшем. Баъди муколамаҳои сатҳи парлумонӣ ва мулоқот бо дабири кулли СПАД Николай Бордюжа дар ояндаи наздик масъалаҳои рушди ҳамкориҳои низомӣ, қабл аз ҳама-ташкили омӯзишҳои муштарак дар якҷоягӣ бо ВКД Сербия ва баъдтар масъалаҳои  мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро бояд муҳокима кард",-изҳор дошт Джорджевич.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992  таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир кишварҳои Русия, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Белорус ба ин ташкилот шомиланд. Ҷумҳурии Ӯзбакистон соли 1999 аъзогиашро дар созмон ба таври якҷониба қатъ кард.

21
Барчаспҳо:
омӯзишҳои муштарак бо Сербия, СПАД
Мавзуъ
Сироҷиддин Аслов бо вазирони ВКХ СПАД амниятро муҳокима мекунад
СПАД дар Душанбе ҳамкориҳои низомии кишварҳои аъзоро баррасӣ мекунад
Омӯзиши кашфи низомии кишварҳои СПАД дар Тоҷикистон шурӯъ шуд
Самолет на закате, архивное фото

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад

155
(Таҷдидшуда 18:38 24.11.2020)
Азсаргирии парвозҳо байни Душанбе ва Шарм-аш-Шайх масъалаи марказии мулоқоти намояндагони ду кишвар буд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Қоҳираи Миср сафири Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ бо вазири туризм ва осори бостонии ин кишвар Холид Ал-Инонӣ мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва осорхонадорӣ баррасӣ шуданд.

"Бо дарназардошти имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳар ду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид доштанд", - афзудааст манбаъ.

Вазорат ҳамзамон мегӯяд, зимни мулоқот зикр гардид, ки хатсайри ҳавоии Душанбе - Шармушшайх ва давраҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ дар Миср барои кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва осорхонадории Тоҷикистон бояд аз нав ба роҳ монда шаванд.

Дар поёни нишаст, Косимӣ ва Ал-Инонӣ омодагии худро барои таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ таъкид карданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва корҳои осорхонаҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Хотиррасон мекунем, ки муносибатҳои дипломатии байни ҷумҳуриҳо 1 апрели соли 1993 барқарор карда шуд. Миср 1 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард. Дар давраи ҳамкориҳои байни кишварҳо нӯҳ санад ба имзо расидааст.

Рӯз ба рӯз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Душанбеу Қоҳира дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва илму техника ҳамкорӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар соҳаи маориф табодули донишҷӯён сурат мегирад.

155
Барчаспҳо:
парвозҳо, ҳамкорӣ, Миср, Тоҷикистон
Никита Мендкович

Мендкович: Рустами Эмомалӣ бо сафараш ба Маскав дар пайи эҷоди сарусадоҳо нест

753
Роҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович сафари нахустини раиси палатаии болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалиро ба Русия шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Рустами Эмомалӣ дар садри як ҳайати парлумонӣ барои мулоқот бо Валентина Матвиенко ва музокироти байнипарлумонӣ ба Маскав омад.

Ин сафар бо сабаби он нахустин аст, ки Рустами Эмомалӣ бори аввал мансаби давлатиро ишғол кардааст, ки он муносибатҳои байналмилалиро дар бар мегирад, шарҳ дод роҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.

“Мансабҳои қаблии ӯ чунин робитаҳои ин сатҳро дар бар намегирифтанд. Ман боварӣ дорам, ки ба эҳтимоли зиёд, президенти феълӣ мӯҳлати ҳозираи худро танҳо ба сабаби синну сол ва вазъи саломатии худ охирин мешуморад, аз ин рӯ мехоҳад, ки вориси эҳтимолии ӯ тадриҷан ба ин масъала ворид шавад”, - гуфт Мендкович.

Ба гуфтаи коршинос, сафар ба Маскав ба Рустами Эмомалӣ кӯмак мекунад, ки бо шарикон робитаҳои шахсӣ барқарор кунад, вазъро дарк кунад ва дар музокироти байналмилалӣ таҷриба гирад.

Рустами Эмомалӣ бо нахустин сафари расмӣ вориди Маскав шуд

Сиёсатшинос афзудааст, ки сафар ба Маскав қаблан эълом нашуда буд, эҳтимол аз он сабаб, ки Рустами Эмомалӣ аз таблиғот канорагирӣ мекунад, бинобарин дар атрофи ин нишасти сиёсӣ сарусадоҳо эҷод намекунад, мехоҳад аз таваҷҷӯҳи расонаҳо канорагирӣ кунад.

"Дар ҷараёни мулоқот метавон масоили марбут ба ҳамкориҳои омӯзишӣ ва башардӯстонаро баррасӣ кард. Он инчунин метавонад дар бораи робитаҳои фарҳангӣ низ бошад",- гуфт Мендкович.

Азбаски роҳбари Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко масъалаҳои марбут ба ҳузури омӯзгорони рус дар Тоҷикистонро назорат мекунад, ин мавзӯъро дар ҷаласа баррасӣ кардан имкон дорад, афзуд коршинос.

753
Барчаспҳо:
Валентина Матвиенко, Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, Русия, Тоҷикистон
День 25 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:29 24.11.2020)
Рӯзи бисту панҷуми ноябр аз Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 25 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Сли 2014 Президенти Чехия Милош Земан бо сафари расмии серӯза ба Душанбе омад.

 

Президент Чешской Республики Милош Земан, архивное фото
© Sputnik
Президент Чешской Республики Милош Земан, архивное фото

 

Соли 1667 бар асари заминларза дар шаҳри Шамахии Озарбойҷон 80 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1867  Алфред Нобел моддаи тарканда- динамитро ихтироъ кард.

 

Портрет Альфреда Нобеля. Архивное фото
© AFP 2020 / JONATHAN NACKSTRAND
Портрет Альфреда Нобеля. Архивное фото

 

Соли 1991 Ҳизби сотсиалистии Украина ба қайд гирифта шуд.

Соли 1996 СММ ба Ироқ барои фурӯхтани нафт бар ивази маводи озуқаворӣ иҷозат дод.

Соли 1918 Розике Швиммер аввалин зане шуд, ки дар тӯли таърихи дипломатияи ҷаҳонӣ сафир интихоб гардид.

Рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар бўстонсароии шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, суханронӣ кард.

Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путин масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ва ҳамгироии ду кишвар дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистонро баррасӣ намуданд.

 

© Sputnik / Алексей Никольский
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

 

Ссоли 2014 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи амният", "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм", "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм" ба имзо расида буданд.

Сли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"-ро муҳокима намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 ноябр

  • Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон.
  • Дар Ҷумҳурии Суринам-Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 25 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омад

Солҳои 1887-1943 генетики рус, ботаник ва географи Тоҷикистон Николай Вавилов.

Солҳои 1934-1984  композитор Дости Орзуев.

Солҳои 1938-2007 ходими нишондодаи Тоҷикистон Асрор Рашидов.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон