Ғасби бинои мақомоти пулис дар Ереван. Акс аз бойгонӣ

Шумораи гаравгонон дар Ереван ба 5 нафар расид

22
(Таҷдидшуда 12:39 18.07.2016)
Ҷинояткорон аз нуқтаи посбонии пулиси Арманистон, ки рӯзҳои истироҳат онро таҳти назорати худ қарор дода, кормандони ҳифзи ҳуқуқро гаравгон гирифта буданд,як нафарашонро озод карданд.

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Як гурӯҳи мусаллаҳ, ки бинои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳти назорати худ гирифтаанд яке аз гаравгононро озод карданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ.

Ҳамин тавр то ҳол панҷ нафар таҳти назорати гурӯҳи мусаллаҳ дар дохили бинои пулис қарор доранд. Дар байни онҳо муовини сардори пулиси Арманистон Вардан Егиазарян ва муовини сардори пулиси Ереван-Валерий Осипян қарор доранд.

Субҳи рӯзи якшанбе гурӯҳи мусаллаҳ ба минтақаи назоратии пулиси Арманистон дохил шуда бо зӯроварӣ ва зери таҳдид одамони дар он ҷо бударо гаравгон гирифтанд. Бино ба маълумоти мақомоти пулис дар давраи ғасби бино як корманди мақомоти пулис ба ҳалокат расида се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Сисап ду гаравгон дар пайи амалиётҳои вижаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ озод карда шуданд.

Гурӯҳи мусаллаҳ зимни ғасби бинои пулис талаби аз маҳбас озод намудани  роҳбари гурӯҳи мухолифини Фронти ҳифзи ҷамъиятии "Арманистони нав"-Жирайр Сефилянро, ки дар гардиши ғайриқонуни ва нигоҳдории аслиҳа айбдор карда мешавад, талаб намуданд.

Гурӯҳи мусаллаҳ бинои кормандони ҳифзи ҳуқуқро таҳти назорати худ гирифтанд
22
Барчаспҳо:
озод крадани як гаравгон, ғасби бинои пулис, Валерий Осипян, Вардан Егиазарян, Арманистон
Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото

Рӯҳонӣ: пинҳони мубтало шудан ба коронавирус таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон аст

33
(Таҷдидшуда 02:46 06.07.2020)
Раисҷумҳури Эрон гуфт, агар касе бидонад, ки ба вируси корона мубтало шудааст вазифаи шаръӣ ва инсонӣ дорад, ки ба атрофиёнаш иттилоъ диҳад ва худро қарантина кунад

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ ахиран дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо вируси корона гуфт,  агар фарде мехоҳад вориди идорае шавад бояд аз ниқоби тиббӣ истифода кунад ва агар накард, набояд ба ӯ хизматрасонӣ карда шавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Раисҷумҳури Эрон таъкид кард, ки вуруди кормандон бидуни ниқоби тиббӣ ба идораҳо мамнуъ аст ва агар корманд дар идорае серодам бидуни ниқоби тиббӣ меояд, бояд барои ӯ фаҳмонанд ва ӯро баргардонанд.

Рӯҳонӣ афзуд, набояд иҷоза дода шавад, ки дар метро ва автобус мардум бидуни  ниқоби тиббӣ ворид шаванд ва вазири умури дохила ва ҳамаи шаҳрдориҳо талоши худро ба кор бигиранд ва ҳар ҷо лозим аст аз неруи интизомӣ ва басиҷ истифода кунанд.

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин афзуд, мавзӯи муҳим ва мавриди таъкиди мо аз рӯзи аввал ин буд, ки бояд худамонро бо ин шароит омода кунем  яъне аз рӯзи аввал гуфтем, ки ин вирус меҳмони нохондаи кутоҳмуддат нест ва мумкин аст то охири сол ва ҳатто то соли оянда низ идома дошта бошад.

Рӯҳонӣ таъкид кард, ки мардум бояд то замони тавлиди  дору ва ё ваксина барои муқобила бо ин беморӣ, фарзро бар ин қарор диҳанд, ки ҳама мумкин аст олуда бошанд ва лизо бояд дар иртиботи иҷтимоӣ бо ашхос, ниҳояти диққат ва эҳтиёти лозимро ба амал оваранд.

Ҳамзамон, вай бо ташаккур аз ҳамаи муҳаққиқоне, ки барои ёфтани дору ва ё ваксинаи ин беморӣ талош ва кор мекунанд, ибрози умедворӣ кард, ки ин талошҳо идома ёбад ва ба натиҷаҳои мусбат бирасад.

33
Барчаспҳо:
Раисҷумҳур, Ҳасан Руҳонӣ, ҳуқуқ, таҷовуз, вирус, Эрон

Марди ҳиндӣ барои ҳифозат аз коронавирус ниқоби тиллоӣ бо арзиши 4 000 доллар мепӯшад

2021
Ин мард мегӯяд, ниқоби тиллоиро пас аз он фармоиш дод, ки нафареро бо ниқоби нуқрагӣ дида буд. Ниқоби ӯ 2,5 кило вазн дорад

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Шанкар Кударе шаҳрванди Ҳиндустон бо арзиши 4 ҳазор доллар ниқоби тиллоӣ харида барои муҳофизат кардани худ аз коронавирус мепӯшад. Дар ин бора худи ӯ ба РИА Новсоти хабар додааст.

Сокини иёлати Махараштра изҳор доштаст, ки пас аз дидани нафаре бо ниқоби нуқрагӣ, хост барои худ айнан чунин ниқоб, вале тиллоиро фармоиш диҳад.

"Он замон дар сарам фикре дар бораи фармоиш додани ниқоби тиллоӣ пайдо шуд. Азбаски ман тиллоро дӯст медорам ва занҷирҳои тиллоро мепӯшам, қарор додам чаро ниқоби тиллоиро напӯшам? Сипас аз заргари маҳаллӣ хоҳиш кардам, ки барои ман ниқоби тиллоиро омода созад", - афзудааст Кударе.

Дунёи ниқобпӯшон: роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус дар кишварҳои гуногун - акс

Ниқоби ӯ 2,5 кило вазн дошта 3870 доллар арзиш дорад.

Ӯ мегӯяд, барои муҳофизат кардан аз маризии коронавирус танҳо пӯшидани ниқоб кумак намекунад. Аз ин рӯ, номбурда дар баробари бо ниқоби тиллоӣ ба кӯча баромадан, риоя кардани фосилаи иҷтимоиро низ фаромӯш намекунад.

Кударе мегӯяд, ниқобаш ӯро миёни мардум ва ҳамчунин ВАО шӯҳратёр кард.

"Вақте бо ниқоби тиллоӣ ба берун баромадам, диққати ҳамаро ба худ ҷалб кардам, зеро ин гуна ниқоб тамоман чизи нав аст ва ҳайрати одамонро ба бор овард", - мегӯяд вай.

Бар тибқи маълумоти ахир, дар Ҳиндустон 648 ҳазор нафар мубталои коронавиурс шуда, 18 ҳазор мариз ҷон аз даст доданд.

2021
Барчаспҳо:
тилло, Ҳиндустон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон