Барак Обама. Акс аз бойгонӣ

Барак Обама: терроризм бо дини ислом рабте надорад

56
(Таҷдидшуда 12:36 25.07.2016)
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама дар мусоҳиба бо шабакаи CBS изҳор доштааст, ки терроризм бо ислом рабте надорад.

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Истилоҳи "террроризми радикалӣ" ба дини мусулмонон, ягон пайвандӣ надорад, изҳор дошт Барак Обама дар мусоҳиба бо шабакаи CBS.

Бино ба иттилои РИА Новости бо такя ба шабакаи CBS Барак Обама ҳамчунин зимни мусоҳиба гуфтааст, ки "ман ислоҳои "исломи радикалӣ"-ро истифода намебарам, зеро ҳангоми сӯҳбат бо дӯстонамон аз ҷаҳони ислом ва намояндагони диаспораи мусулмонон дар ИМА шунидаам, ки агар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии "Давлати Исломӣ" ва "Ал-Қоида" (ҳардуҳам мамнӯъ дар Тоҷикистон)-ро ба ин дин рабт диҳем-ин таҳрифи моҳияти он хоҳад буд".

"Ташвиши ман аз он бештар аст, ки бо кадом роҳ ифротгароёнро аз терроризм  боздорем, то моро ба ҳалокат нарасонанд",-гуфт ӯ зимни мусобиҳа.

56
Барчаспҳо:
ислом, Давлати Исломӣ, Ал-Қоида, Барак Обама, ИМА
Мавзуъ
Караганов: авҷи терроризм дар ҷаҳон пешгӯишаванда буд
Раҳмон: алайҳи терроризм бояд дастаҷамъона чора андешид

Мутахассисони Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус омаданд

14
(Таҷдидшуда 02:19 08.07.2020)
Нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия ба Бишкек, барои ироаи кумак дар заминаи мубориза бо густариши коронавирус хабар дод

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik.  Кубатбек Боронов, нахуствазири Қирғизистон аз вуруди коршиносони Русия барои ироаи кумак дар заминаи мубориза бо коронавирус хабар дод, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Вай гуфт, коршиносони Русия ба раёсати Вячеслав Смоленский, муовини раиси ниҳоди нозири мавсум ба "Роспотребнадзор" барои кумак ба ҳамтоёни қирғиз вориди Бишкек шуданд.

Боронов афзуд, коршиносони рус ба ҳамтоёни қирғиз таҷҳизоти ташхиси коронавирус таҳвил ва иттилооте дар бораи равишҳои навини дармони бемории коронавирусро ироа медиҳанд.

Ёдрас мешавем, ки шаби шашум ба ҳафтуми июли соли равон дар Қирғизистон боз 7 маризи дигар аз коронавирус ҷон бохтанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, синну соли қурбониён аз 61 то 85 - сола буда, миёни онҳо ду корманди тиб, яке пизишки кӯдакон ва дигаре фелдшер қарор доштанд.

Бо илова шудани 7 ҳолати нав, теъдоди қурбониёни вируси COVID- 19 дар Қирғизистон ба 99 нафар баробар шуд.

Вазъият дар робита ба маризии коронавирус, аллахусус афзоиши ҳолатҳои фавт дар ин кишвар моҳи июл ваҳимтар гардид. Рӯзҳои 3 ва 5 - уми июл дар Қирғизистон давоми як шабонарӯз 10 нафар аз маризони коронавирус ба ҳалокат расиданд, ки ҳамчун фавти рекордӣ аз замони авҷ гирифтани ин беморӣ арзёбӣ мешавад.

14
Барчаспҳо:
Бишкек, вирус, коршиносон, Русия, Қирғизистон
Молния

Футболбозро аснои тамрин раъду барқ зад - навор

432
(Таҷдидшуда 18:52 07.07.2020)
Футболбози 16 - сола аз вилояти Маскавро, ҳангоми тамрин оташак зад ва ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол доданд. Феълан ӯ дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад ва табибион мегӯяд ба ҷони ӯ хатаре таҳдид намекунад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Иван Заборовский футболбози 16 - солаи дастаи "Знамя труда" аз ҳисоби оташак сахт ҷароҳатдор шуд.

Номбурда авохири ҳафтаи гузашта ба тамрини футбол дар варзишгоҳ машғул буд, ки банохост ӯро раъду барқ зад. Иванро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол доданд ва табибон ӯро ба беҳушкунии сунъӣ (ком) гузаронданд.

Бар хабари RT, алъон вазъи саломатии варзишгари ҷавон мӯътадил буда, пизишкон мегӯянд ба ҷони ӯ дигар хавфе таҳдид намекунад.

432
Барчаспҳо:
раъду барқ, футболбоз