Станислав Черчесов. Акс аз бойгонӣ

Черчесов расман сармураббии мунтахаби Русия таъин гардид

12
(Таҷдидшуда 15:55 11.08.2016)
Қаблан хабар дода шуд, ки Федератсияи футболи Русия Станислав Черчесовро сармураббии мунтахаби миллӣ таъин намуд. Вақтҳои охир ӯ сармурабигии клуби “Легия”-ро ба дӯш дошт.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Станислав Черчесов  расман сармураббии мунтахаби Русия таъин гардид, хабар медиҳад саҳифаи расмии мунтахаби Русия дар Twitter.

"Станислав Черчесов расман сармураббии мунтахаби миллӣ таъин шуд",-омадааст дар иттилоия.

Сармураббии собиқи тими миллии Русия Леонид Слутский охири моҳи июн баъди баромади номуваффақонаи мунтахаби миллӣ дар чемпионати Аврупо-2016, ки дар Фаронса баргузор гардид, вазифаашро тарк кард. Ёдовар мешавем, ки футболбозони мунтахаби миллии Русия дар чемпионати Аврупо-2016 ҳамагӣ як хол ба даст оварданд.

Қаблан хабар дода шуд, ки дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко расман аз вазифаи сармурабии дастаи "Локомотив" даст кашид. Сёмин дар мусоҳиба бо Sputnik қайд намуд, ки эҳтимолан сабаби истеъфои Черевченко мағлубияти тими "Локомотив" дар бозӣ бо дастаи "Том" бошад.

12
Барчаспҳо:
мунтахаби Русия, таъини сармураббии нав, Станислав Черчесов, Русия
Мавзуъ
Семин дар бораи истеъфои Черевченко: “Локомотив” бояд ӯро баргардонад