Дар Итолиё шумораи қурбониёни заминларза зиёд мешавад

© Sputnik / Эмилиано Гриллотти / Гузариш ба медиабонкНатиҷаҳои заминларза дар Итолиё
Натиҷаҳои заминларза дар Итолиё - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фаъолияти сейсмикӣ дар маркази Итолиё қатъ намегардад, мутахассисон дар минтақаи зилзила садҳо такони зеризаминиро ба қайд гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Қурбониёни заминларза дар Итолиё, ки санаи 24-уми август ба амал омад, мувофиқи маълумотҳои охир 267 нафарро ташкил медиҳад, хабар додааст намояндаи хадамоти миллии муҳофизати гражданӣ Иммаколата Постилоне саҳарии рӯзи панҷшанбе.

Ғайр аз ин ба гуфтаи вай 387 нафар ҷабрдидагон ҳоло дар беморхонаҳои Марке, Абрутсо ва Латсио қарор доранд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки 250 нафар қурбониён ва 365 нафар ҷароҳатбардоштагон ба қайд гирифта шудаанд.

Чуноне ки Пастилона қайд намуд, дар шаҳри Амратриче, ки  аз офати табии бештар зарар диданд, 207 нафар қурбон гардиданд, дар Аккумоли-11 нафар қурбониён ва дар шаҳри Акруатада-дел-Тронта бошад 49 нафар қурбониён ба қайд гирифта шудаанд.

Натиҷаҳои замиларза дар Италия - Sputnik Тоҷикистон
Дар натиҷаи заминларзаи Италия 247 нафар ҳалок гардиданд

Мувофиқи маълумотҳои муҳофизати шаҳрвандӣ, дар хаймаҳои мавуққатӣ 2100 нафар ҷойгир карда шуаанд, ки аз хонаву дари хеш маҳрум мондааанд.

Чуноне ки сарвазири кишвар дар маҷлиси махсуси ҳукуматӣ, ки дар он ҳолатҳои пас аз офати табии ба амаломада дида баромада шуд, қайд намуд, ба назар гирифта шудаст, ки ба ҷароҳатбардоштагони заминларза 50 млн евро кӯмакпулӣ дода мешавад.

Ғайр аз ин ба гуфтаи вай дар минтақаҳои вайронгашта гирифтани андоз аз шаҳрвандон қатъ карда мешавад.

Рентси қайд намуд, ки ёрии маънавии роҳбарият ин барқарор намудани шаҳрҳои вайроншуда мебошад. "Барқарорсозӣ афзалияти на танҳо ҳукумати мо, балки кишвари мо ба ҳисоб меравад. Ин шаҳрҳо на танҳои барои ёддошт мондан, балки ба ояндаи обод  ҳуқуқ доранд",- гуфт вай.

Ба ақидаи сарвазири Итолиё бояд чораҳои фарҳангиву огоҳикунанда  андешид, ки мақсади онҳо на танҳо ин гуна офатҳои табииро пуштисар кардани кишвар мебошад, балки бояд ба онҳо тайёр буд ва ҷиддитар муносибат намуд, аз ҷумла ба масъалаҳои бехатарии сейсмикӣ. Ренси ин лоиҳаро Casa Italia (Хонаи Италия) номид.

Заминларзаи шадид бо магнитудаи 6,0 дар қисми марказии Итолиё шаби сешанбе ба чоршабе ба вуҷуд омад. Харобазорҳо дар се вилоятҳо ба қайд гирифта шудаанд: Латсио, Умбрии ва Марке. Ҷумбидани замин дар бисёра аз шаҳрҳои Итолиё ҳис карда мешуд, аз ҷумла дар Рум, Флоренсия ба Балоне.

Фаъолиятнокии сейсмикӣ дар ин қисми Итолиё қатъ намегардад. Мувофиқи маълумотҳои сейсмологон дар минтақаи заминларза қариб 650 такони зеризаминӣ(афтершок) ҳис карда мешуд, аз ҷумла даҳҳо таконҳои қувваашон калон ва миёна. Мувофиқи маълумоти Хадамоти мудофиаи гражданӣ дар ин ҷо 928 такон ба қайд гирифта шудааст.

 


 

 


 

 

Лентаи хабарҳо
0