Ҳарбиёни Туркия дар Сурия бо кӣ ҷанг мекунад

© REUTERS \ StringerТанкҳои Туркия дар Ҷараблуси Сурия санаи 24-уми августи соли 2016
Танкҳои Туркия дар Ҷараблуси Сурия санаи 24-уми августи соли 2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршиносон боварӣ доранд, ки ба шаҳри Ҷараблус даромадани қувваҳҳои ҳарбии Туркия бӯҳрони кишвари Сурияро ба танзим медарорад. Sputnik кӯшиш намуд, то муайян кунад, ки Анқара амалиёти хешро бо кӣ маслиҳат мекунад ва чӣ сабаб шуд, ки Туркия дар ин минтақаъ фаъол гардад.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik, Мария Шелудякова.  Тайёраҳои низомии Туркия бори аввал дар самои Сурия пас аз ҳодисаи воқеаи зарбазанандагони Су-24- и Русия пайдо гардиданд. Дар ин бора сиёсатшиносон  ақидаҳои гуногун доранд, аммо касе аз онҳо аниқ гуфта наметавонад, ки Анқара ин иқдоми худро бо Вашингтон маслиҳат намудааст ё бо Маскав.

 Тақрибан соатҳои 4-и пагоҳӣ санаи 24-уми августи соли 2016 Туркия ба шаҳри Ҷараблуси Сурия дохил шуд. Амалиёти "Шип Ефрот"-ро қувваҳои ҳарбии махсуси Туркия бо дастгирии тайёраҳои ҷангии эътилофи зидди террористии ғарбӣ сар кард. Ғайр аз ин низомиёни туркӣ аз танк ва авиатсия истифода мебаранд.

Анқара изҳор менамояд, ки амалиёти онҳо зидди дастаи террористии "Давлати исломӣ" раовн карда шудааст ва мақсади асосии он — пешгирӣ намудани ҷараёни нави муҳоҷирон ва тоза кардани шаҳр аз аъзоёни дастаи террористӣ мебошад.

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКХ: мавқеи Русия, ИМА ва Саудӣ дар бораи Сурия қисман мувофиқанд

Аммо ба ақидаи директори Маркази тадқиқоти кишварҳои Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ Семён Багдасаров ташаккули вазъият дар Сурия аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи "Давлати исломӣ" дуюминдараҷа мегардад ва ҷойи онро мушкилоти курдӣ мегирад.

"Аллакай вазъият хело печ дар печ аст, барои он ки ИМА ба низомиёни Туркия барои ба даст овардани шаҳри Ҷараблус дастгирии авиатсионӣ мерасонад. Русия дар онҷо чи мавқеъ дорад? Ман, агар росташро гӯям намедонам. Вазъият чунон инкишоф ёфта истодааст, ки сиёсатмадорони рус ба худ тасаввур карда набуданд,- эълон намуд Багдасаров.- Ба назар наигирифтани омили курдӣ оқибатҳои ҷиддӣ меорад. Оё мо тайёрем, ки ин мушкилиро дар Шарқи наздик ҳал намоем? Ман нисбат ба ин масъала ақидаи шубҳанок дорам."

Таҳдиди рӯирости Туркия ё ба Эрдоғун шаҳри Ҷараблус барои чӣ лозим аст?

Сиёсатшинос хотиррасон нрамуд, ки дар гузаштаи наздик ИМА ба Туркия кӯмак мерасонид, ки шаҳри Манбиҷаро ба даст орад. Дар он вақт дастаи курдиҳо рӯй ба шаҳри Ҷараблус оварда буданд. Ба фикри коршинос, ҳукумати туркӣ маҳз пас аз ҳамин воқеа ба хулоса омад, ки ҳуҷуми хешро тезонад.

"Туркия наметавонад ба хадаш иҷозат диҳад, ки дастаи курдиён шаҳри Ҷараблусро ба даст оранд. Он вақт курдҳо 3 маркази худро дар шимолу шарқ ва шимолу ғарби Сурия  якҷоя мекунанд, ин он маъноро медиҳад, ки Туркия ҳамчун мамлакати пурра ба охир мерасад. Эрдоғун  ба чунин иқдом дар шароитҳои мукил розӣ шудааст",- қайд намуд Багдасаров.

Гузашта аз ни вазъият дар ҳолате инкишоф меёбад, ки байни Димишқ ва минтақаи аз тарафи курдҳо эълон гаштаи Федератсия Сурияи шимолӣ ҷанг оғоз мегардад. "Интизор мешавем, ки минбаъд чӣ мешавад. Чӣ гуна амрикоиҳо ин вазъиятро байни туркон ва курдон ранг медиҳанд? Ин ҷиҳати масъаларо пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст",- гуфт сиёсатшинос.

Бояд қайд намуд, ки сабаби дохил шудани туркҳо метавонад амали террористие шавад, ки ба наздикӣ дар Курдистони турк ба амал омад. Масъулияти онро "Давлати террористӣ" ба дӯши худ гирифт.

Оё пештар маслиҳат карда шудааст?

Сиёсатшиноси дигар, шарқшинос роҳбар Маркази тадқиқоти Шарқи наздики муосири Санк- Петербург Гумер Исаев чунин мешуморад, ки дохил шудани Туркия метавонад ба ҳодисаҳои  кӯшиши ислоҳоти давлатии он вобаста бошад. Зеро маҳз низомиёни турк зидди тамоми амалиётҳои ҷангӣ дар Сурия баромад мекарданд.

Вақтҳои ахир ҳукуматдорони турк якчанд маротиба эълон намуданд, ки дар ҳал намудани қазияи бӯҳрони Сурия якчанд иқдом доранд ва мехоҳанд ин масъала ҳалли худро пайдо намояд.

Илова бар ин тасдиқ гардида буд, ки Туркия мехоҳад манфиатҳои Сурия ва ИМА-ро ба инобат гирад.

Исаев боварӣ дорад, ки Туркия наметавонист бо ин иқдоми ҷиддӣ бе маслиҳати ИМА роҳ диҳад.

"Оё бо Русия маслиҳат карда буд ё не — ин саволи мушкил аст, барои он ки бояд сарфаҳм рафт, ки сарвари туркҳо дар куҷо сухан мекунад ва дар куҷо амал,- гуфт сиёсатшинос.-  Муҳокимаҳои аввали байни Путин ва Эрдоғун на дар бораи иқтисод, балки дар бораи масъалаи Сурия буданд. Президентон беҳуда во нахӯрда буданд ва аз он пас  бисёреҳо ба тарафи Сурия некбинона назар карданд."

Сиёсатшинос шубҳа мекунад, ки ин амалҳо пештар маслиҳат карда шуда бошанд.

Рӯзи чоршанбе ҳамчунин маълум гардид, ки президенти Русия Владимир Путин санаи 31-уми август ба Туркия меравад. Сарвари рус дар шаҳри Анталияи Туркия бо Раҷаб Тайиб Эрдоғун ҳамсӯҳбат мешавад.

Бояд қайд намуд, ки ҳоло ноиби перзиденти ИМА Ҷо Байден бо сафари расмӣ дар Анқара қарор дорад.

Президентони русия ва Туркия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия ва Туркия дар Чин сӯҳбат мекунанд

"Беҳуда Байден ба Анқара нарафтааст,- фикр мекнуад,  Исаев. — Аммо наметавон тахмин бурд, ки амрикоиҳо ба Туркия фишор овардаанд. Мумкин, ки мо ҳоло ба мувофиқа омадани амалҳоро дар Сурия мушоҳида кунем, аммо мавқеи берунаи сиёсати Туркия тағийрпазир аст, ки мо онро дар моҳҳои ахир хело хуб пай бурдем."

Ба кӣ зарба зада шуд: ДИ ё курдҳо?

Амалиёти Туркия ба зидди кӣ равона карда шудааст- саволи асосӣ мебошад. Ҷавобҳо ба он вақте пайдо мешавад, ки қудратҳои ҷаҳонӣ вокуниши худро оиди ин масъала нишон медиҳанд.

Сиёсатшиносон Евгений Сатановский ва Симён Багдасаров боварӣ доранд, ки низомиёни турк махсусан ба қувваи курдон зарба задаанд, шарқшинос Гумер Исаев бошад фикр мекунад, ки метавон Туркия ба "Давлати исломӣ" чуноне ки эълон намуда буд, ҳамла оварда истода бошад.

Ҳоло дар Анқара зери он консепсияҳое(нуқтаи назар) амал мекунад, ки ҳамаро қонеъ гардонида тавонад, фикр мекунад ӯ.  Агар Туркия аз чорчӯбаи он барояд- мо аллакай дигар сиёсатро мебинем. Исаев фикр мекунад, ки ҳоло ба Туркия ҷанги хурдакаки пирӯзиоваранда ва ҳалли қазияи Сурия лозим аст.

"Расман Туркия  масъулияти ДИ ба дӯш мегирвд ва ин ҳамон амале мебошад, ки барои кишвар ҳоло муфид ва лозим аст. Масъала дар он аст, ки оянда чӣ мешавад,- қайд намуд Исаев. Зеро дар аввали амалиёти Русияро  дар Сурия ИМА дастгирӣ карда буд, ки Русия ба ДИ зарба мезад, аммо пас аз он Вашингтон якбора фикри худро дигар намуд- барои он ки ҳукумати амрикоиҳо ба хулоса омаданд, ки Русия зидди қувваҳои дигар ҳамла меорад."



Лентаи хабарҳо
0