Стивен Сигал дар Бишкек мастер-класси ройгон оид ба айкидо доир намуд

Стивен Сигал дар Бишкек мастер-класси ройгон оиди айкидо доир намуд

17
Ба тамошои ситораи голливуд зиёда аз дусад қирғизистонӣ ҷамъ омада буд. Дорандаи камарбанди сиёҳ оид ба айкидо асрорҳои санъати ҷопониро барои варзишгарон ошкор намуд.

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Ҳунарманди шинохта ва устоди санъати ҷанг Стивен Сигал барои варзишгрони қирғис мастерғкласси ройгон доир намуд, иттилоъ медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ба мастер-класси Стивен Сигал, ки дар шаҳри бишкек доир гардид, зиёда аз 200 варзишгар иштирок карданд. Сэнсэй тарзи дурусти истифодаи дасту поро нишон дода, ҳамчкунни дар бораи пайдоиши айкидо нақл кард.

Узнать о мастерстве американца и просто посмотреть на него пришли мастера айкидо и простые поклонники творчества актера
Алена Печурина
Ба тамошои худи ситораи голливуд ва аз худ кардани нозукиҳои айкидо устодони ин намуди варзиш ва варзишгарони зиёд ҷамъ омада буданд.

Ба тамошои худи ҳунарманди амрикоӣ ва санъати ӯ устодони айкидо ва хоҳишмандони ин намуди варзиш ҷамъ омада буданд.

Дорандаи камарбанди сиёҳи айкидо розӣ шуд, то тамоми нозукиҳо ва асрори ин намуди варзиши ҷопониро барои ҷамъомадагон ва дӯстдорони варзиш ошкор намояд. Сигал наздики бист сол дар Ҷопон ба сар бурда, нозукиҳои айкидоро аз устодони беҳтарини ин намуди варзиш аз худ кардааст. Айни ҳол варзишгари 64-солаи амрикоӣ худ аз рӯи ин намуди варзиш байни варзишгарони гуногуни дунё мастер-классҳо меузаронад.

17
Барчаспҳо:
санъати ҷопонӣ, айкидо, мастер-класс, Стивен Сигал, Бишкек, Қирғизистон