Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони IV соҳиби ҷоизаи “Шаҳрванди ҷаҳон”-2016 шуд

© Фото : Tom Sandler / Гузариш ба медиабонкОқохони чаҳорум. Акс аз бойгонӣ
Оқохони чаҳорум. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оқохони IV пешвои исмоилиёни ҷаҳон ҷоизаи “Шаҳрванди ҷаҳон”-и Адриенна Кларксонро дар соли 2016 гирифт.

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони IV  соҳиби ҷоизаи "Шаҳрванди ҷаҳон"-2016 гардид, иттилоъ медиҳад  thestar.

Ҷоизаи мазкур аз ҷониби Адриенна Кларксон, собиқ генерал губернатори Канада, супорида мешавад ва бино ба иттилои манбаъ ӯ барои ин ҷоиза дунболи шахсияте будааст, ки намунаи дигарон буда, барои пешрафти зиндагии мардум кӯшиш кардааст.

"Мо дар вазъияте қарор дорем, ки шоҳиди ҳаракатҳои гуногуни ҷаҳонӣ ҳастем ва бояд дар куҷое, ки набошем хусусиятҳои хуби шаҳрвандони намунаро бигирем",-мегӯяд Кларксон.

Ӯ ҳамчунин иброз доштааст, ки  истиқболи хуш кардан аз муҳоҷирони дигар кишварҳо, ки мирӯзҳо яке аз тамоюли ҷаҳонист, хеле муҳим аст.

Ҳамин тавр Кларксон муҳоҷирати исмоилиён дар солҳои 70-уми асри гузашта аз Африқои шарқӣ ба Канадаро ба ёд оварда гуфтааст: "Оқохон исмоилиёнро омӯзиш додааст, ки ба кадом минтақае, ки сафар кардед, шумо шаҳрвандони ҳамон кишвар ҳастед. Шумо натанҳо ба гурӯҳи худ дахл доред, балки худро дар як ҷамъияти  нав дармеёбед".

Оқохони IV барои дарёфти ин ҷоиза аз ҷониби Андриенна Кларксон ва Институти шаҳрвандии Канада интихоб шудааст.

Кларксон хизмати Оқохонро  дар соҳаи маориф бузург арзёбӣ карда, ҷоизаи "Шаҳрванди ҷаҳон"-ро натиҷаи меҳнати якумраи ҷоизагиранда арзёбӣ кардааст. Зикр мегардад, ки ҷоизаи навбатии "Шаҳрванди ҷаҳон" моҳи сентябри соли 2017 супорида мешавад.

Оқохони чаҳорум, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Аълоҳазрат Шоҳ Карим хатмкардаи факултаи таърихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, муассис, бунёнгузор ва сарвари "Шабакаи Рушди Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони саввум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0