Барак Обама

Президент танҳо барои истироҳат 85 миллион сарф кард

95
(Таҷдидшуда 19:40 07.12.2016)
Ташкилоти Judicial Watch, ки ба ҳуҷҷатҳои Хадамоти пӯшидаи ИМА дастрасӣ пайдо кардааст, хабар медиҳад, ки Барак Обама танҳо барои сафар ва истироҳат 85 миллион доллар сарф кардааст

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Президенти ИМА Барак Обама танҳо барои истироҳат ва сафар зиёда аз 85 миллион доллар сарф кардааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Judicial Watch.

Бо ҳисоби миёна хароҷоти оилаи президент дар як сол 10 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Маблағи мазкур  барои амният, сафар бо тайёра ва нақлиёт, иҷораи мошин ва рақамҳо, иҷораи меҳмонхонаҳо барои наздикон ва кормандони хадамоти махфии ИМА сарф карда шудааст.

Мувофиқи маълумоти сомона ин миқдор маблағи хароҷот ниҳоӣ нест. Оилаи президент ҳамасола иди Мавлуди Исоро дар Ҳавайӣ ҷашн мегиранд ва имсол ҳам ба нақша гирфтаанд, ки ба иёлот раванд.

Ташкилоти  Judicial Watch ҳисоботи вақтгузаронии президентро дар Ҳавайӣ омода намуда, пешниҳод мекунад, ки хараҷоти оила дар соли 2015 — 4,8 миллион долларро ташкил кардааст.

Обама аз сари қудрат 20-уми январи соли 2017 меравад ва ҷойи вайро Доналд Трамп мегирад.

95
Барчаспҳо:
хараҷот, истироҳат, Барак Обама, ИМА
Дети собирают воду из открытого канала в городе Дости, на юге Таджикистана

Коронавирус 150 миллион кӯдакро ба ҷамъи фақирҳои дунё изофа кард

15
(Таҷдидшуда 11:04 20.09.2020)
Созмони ҷаҳонии ҳимоят аз кӯдакон (ЮНИСЕФ) дар гузорише эълом кард, аз замони шуюи вируси куруно дар ҷаҳон то кунун 150 миллион кӯдак ба ҷамъи фақирҳои дунё изофа шудаанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Nas”,  Созмони ҳимоят аз кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) эълом кард, ки аз оғози шуюи вируси куруно дар саросари ҷаҳон ҳудуди 15 дарсад ба теъдоди кӯдаконе, ки дар кишварҳои бо даромади мутавассит ва поин дар маҳрумият зиндагӣ мекунанд, афзуда шуда ва теъдоди ин кӯдакон ба якмиллиарду 200 миллион кӯдак расидааст.

ЮНИСЕФ бо ишора ба инки теъдоди кӯдакони фақир рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст, дар бораи буҳронӣ шудан авзоъ ба сурати вахимтаре дар моҳҳои оянда ҳушдор дорад.

Дар пажӯҳиши муштараки ЮНИСЕФ ва Созмони "аз кӯдакон ҳимоят кун" (Save The Children) дар моҳи майи 2020 дар бораи паёмадҳои иқтисодии буҳрони Ковид-19, ки ба фақир шудани 86 миллион кӯдаки дигар то поёни имсол мунҷар мешавад ҳушдор дода шуд.

Бар асоси ин пажӯҳиш, агар теъдоди кӯдакони маҳрум ва фақир ба нисбати соли гузашта 15 дарсад афзоиш дошта бошад, то поёни имсол ҳудуди 672 миллион кӯдаки маҳрум ва фақир дар ҷаҳон хоҳем дошт, ки аз се якҳисаи он дар кишварҳои африқоӣ ва ҷануби осиёӣ, зиндагӣ мекунанд.

15
Барчаспҳо:
фақр, вируси корона, гузориш, кӯдакон, ЮНИСЕФ
Всемирный банк, офис в Вашингтоне

Зарари бесобиқаи коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон: 5 сол барои барқароршавӣ лозим

174
(Таҷдидшуда 16:58 19.09.2020)
Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Кармен Рейнхарт сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, барқароршавии иқтисоди ҷаҳон аз буҳроне, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус ба амал омад, метавонад то панҷ солро дар бар гирад. 

"Эҳтимол, дар пасманзари лағви ҳама чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба карантин ҷаҳиши фаврӣ ба амал ояд, аммо барқароршавии пурра то панҷ солро дар бар хоҳад гирифт", - изҳор доштааст Рейнхайтер.

Ҳамзамон Рейнхарт интизор дорад, ки пас аз буҳрон сатҳи камбизоатӣ дар ҷаҳон бори аввал дар 20 соли охир боло хоҳад рафт.

Ба гуфтаи иқтисодчӣ, буҳроне, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадааст, нобаробариро дар ҷаҳон афзоиш хоҳад дод, "зеро табақаҳои камбизоати аҳолӣ аз буҳрон дар кишварҳои сарватманд аз ҳама сахттар зарар мебинанд ва кишварҳои камбизоат нисбат ба сарватманд бештар хисорот хоҳанд дид", - менависад Арменпресс бо истинод ба РИА Новости.

Гуттерреш мегӯяд, коронавирус аз назорат берун омад ва ваксин ин буҳронро рафъ намекунад

Бонки ҷаҳонӣ моҳи июн гузориш дод, ки соли 2020 коҳиши рекордии иқтисоди ҷаҳонро пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ интизор аст.

Ёдовар мешавем, Созмони ҷаҳонии беҳдошт хуруҷи сирояти нави коронавируси COVID-19-ро пандемия эълон кард. Тибқи маълумоти охирини СҶБ, дар ҷаҳон зиёда аз 29,1 миллион ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, беш аз 926 ҳазор нафар фавтидаанд.

174
Барчаспҳо:
иқтисод, БҶ