Рақси аввалини президенти 45-уми Амрико. Акс аз бойгонӣ

Рақси аввалини Доналд Трамп ба ҳайси президенти 45-уми Амрико

126
(Таҷдидшуда 14:46 22.01.2017)
Доналд Трамп президенти нави Амрико дар маросими савгандёдкунӣ дар чорабинии Liberty бо завҷааш Меланя рақс кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ҳамсари президенти нав бо куртаи дароз ҳозир шуд, ки барои аксари иштирокиён ғайриоддӣ буд.

Президенти навинтихоби Амрико дар назди иштирокчиён суханронӣ карда гуфт: "Мо тавонистем!"

Ӯ ваъда дод, ки бои дигар Амрикоро пурқудраттарин кишвари ҷаҳон мегардонад. Баъд ҳамсари худ, Меланяро ба рақс даъват карда, таҳти навои My Way-и Фрэнк Синатра ба рақс даромад.

Первый танец 45-го президента США после инагурации
126
Барчаспҳо:
президенти 45-уми Амрико, бо ҳамсараш, Меланя, рақси аввалин, Доналд Трамп, Амрико
Мавзуъ
Вашингтон дар интизори савгандёдкунии Доналд Трамп
Трамп “капилка”-и миллиардерҳои русро пур кард
Дети в защитных масках

Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт

7
(Таҷдидшуда 18:15 27.10.2020)
Мутахассисон кӯдакони гирифтори коронавирусро муоина карда, оқибатҳои хатарнокро муайян кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Кӯдаконе, ки гирифтори коронавируси нав ҳастанд, метавонанд ба оқибатҳои вазнин дучор оянд, мегӯяд Лайло Намозова-Баранова, раиси кумитаи иҷроияи Иттиҳоди педиатрҳои Русия.

Ба гуфтаи вай, ташхиси кӯдаконе, ки сироят ёфтаанд, таҳдиди камборвариро нишон дод.

"Назорати кӯдаконе, ки ба ягон намуди сирояти коронавирус гирифтор шудаанд, ҳатмист" гуфт коршинос.

Тибқи натиҷаҳои пурсиш, пас аз коронавирус дар беморони хурдсол, 30% коҳиш ёфтани функсияҳои маърифатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Чунин нишондиҳандаҳо ҳатто дар кӯдаконе ёфт шудаанд, ки бемории бе аломат доштанд.

Олимон гуфтанд, кадом омил хавфи марг аз коронавирусро дучанд мекунад

"Пас аз гирифторӣ ба сирояти коронавирус, писарон тағироти ҷиддии сперматогенезро аз сар мегузаронанд. Дар оянда ин моро бо мушкилоти камборварии наслҳои оянда таҳдид мекунад", - хулоса кард мутахассис.

7

Лавров оид ба таҳримоти ИА дар робита ба Навалний алайҳи Русия: беҷавоб нахоҳад монд

49
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, таҳримҳое, ки Олмон ва Фаронса дар робита ао ҳодисаи Алексей Навалний оғоз кардаанд, нишон медиҳанд, ки Ииттиҳоди Аврупо ба қадри кофӣ баҳо дода наметавонад.

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. 15 октябр Брюссел алайҳи шаш русиягӣ ва як пажӯҳишгоҳи илмӣ маҳдудият ҷорӣ кард ва Маскав ваъдаи вокуниши баръаксро кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Лавров "радди мағрурона" -и Берлинро аз посух додан ба дархостҳои сершумори Додситонии кулли Русия дар бораи Навалний ёдовар шуд.

Ба гуфтаи дипломат, ин ӯҳдадориҳои Олмонро дар назди Конвенсияи Аврупо оид ба кӯмаки мутақобила дар масъалаҳои ҷиноӣ вайрон мекунад.

“Ба ҷои эҳтиром ба ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ, намояндагони Олмон ва Фаронса як ташаббуси дигари таҳримҳои ғайриқонунии ИА алайҳи шаҳрвандони Русияро оғоз карданд.  Ҳамаи ин таассуфовар аст ва ба таври равшан нишон медиҳад, ки <...> талоши (Брюссел. – аз идора.) худро берун аз қонун гузоштан аст-”, - гуфт Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи Хорватии “Вечерный Лист”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаҳои зиддируссии ҳамкасбони ғарбӣ, ки дипломатияро фаромӯш кардаанд ва ба сатҳи дағалии ғайриоддӣ расидаанд, дар Маскав беҷавоб нахоҳанд монд.

Александр Сабаев: ташхиси Навалний дар бораи "заҳролудшавӣ" тасдиқ нашуд

Дипломат қайд кард, ки Вашингтон ва Брюссел талошҳои худро барои боздоштани рушди Русия дучанд кардаанд, аммо дар айни замон онҳо ҳеҷ далеле дар бораи иттиҳомоти зидди Маскав пешниҳод намекунанд.

Лавров изҳори умедворӣ кард, ки шарикони аврупоӣ барои барқарор кардани муколама ба қадри кофӣ ақли солим ва дурандешӣ дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, моҳи август блогери рус Алексей Навалний дар ҳавопаймо аз ҳуш рафт ва оҷилан ба беморхона интиқол дода шуд.

Ёдарс мешавем, ки 20 август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Омск ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд.

Сипас баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш оқои Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи кимёии фалаҷкунанда мавсум ба"Навичок" масмум шудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донист.

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

Ахиран бемористони Шарите, ки дар шаҳри Берлин қарор дорад, рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфт ва ӯ аз бемористон ҷавоб шуд.

49
Барчаспҳо:
Олмон, ИА, Сергей Лавров, Русия