Вохӯрӣ оид ба Сурия дар Остона

Русия, Туркия ва Эрон дар бораи сулҳ дар Сурия гуфтушунид намуданд

56
(Таҷдидшуда 17:08 24.01.2017)
Дар рафти гуфтушунид дар Остона ваколатномаи бунёди механизми сеҷониба дар бораи оташбас дар Сурия ба имзо расонид

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik.Намояндагони Русия, Туркия ва Эрон дар бораи механизми назорат аз болои риояи созиш дар Сурия гуфтушунид намуданд.

Дар гуфтушунидҳо дар Остона дар бораи ташкил намудани механизми сеҷонибаи мониторинги оташбас дар Сурия  созиш карда шуд, хабар медиҳад РИА новости бо истинод ба Anadolu.

Чуноне ки котиби матбуоти президенти ФР Дмитрий Песков хабар дод, Кремл рафти гуфтушунидҳоро дар Остона пайгирӣ мекунад, аммо шарҳ додани онҳоро ҳоло лозим намешуморад.

"Рафти гуфтушунидҳоро шарҳ доданро ҳоло нодуруст ва ғайримкон мешуморем. Гуфтушунидҳо айни замон давом доранд",- қайд кард Песков.

Рӯзи душанбе дар пойтахти Қазоқистон гуфтушунидҳо оид ба масъалаи танзими вазъияти Сурия оғоз ёфт. Ёдовар мешавем, ки дар гуфтушунид намояндагони ҳукумати Сурия, мухолифин, Русия, Туркия ва Эрон ба ҳайси зомин иштирок мекунанд.

Мувофиқи ахбори пештара дар Остона пас аз ба хотима расидани гуфтушунид ҳуҷҷати омодашуда аз ҷониби намояндагои мухолифини ҳукумати Сурия ба имзо намерасад.

56
Барчаспҳо:
Сурия, мухолифин, гуфтушунид, Дмитрий Песков, Остона, Қазоқистон