Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Исломобод сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон рафт

207
(Таҷдидшуда 17:43 28.02.2017)
Имрӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар кард

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар Исломобод дар ҷаласаи сарони узви созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ иштирок мекунад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо ҳамроҳӣ мекунанд.

207
Барчаспҳо:
вохӯрӣ, ҷаласа, Эмомалӣ Раҳмон, Исломобод, Тоҷикистон
Ожирение, архивное фото

Олимон: чарби шикам ҳатто дар вазни муқаррарӣ, хатари марги бармаҳалро зиёд мекунад

191
(Таҷдидшуда 15:58 27.09.2020)
Олимон пас аз анҷоми таҳқиқоти илмияшон ба чунин хулоса омаданд, ки чарби шикам одамро ба марги бармаҳал наздик меорад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Чарби шикам ҳатто дар сурати доштани вазни муқаррарӣ, одамро ба марги бармаҳал "тела" мекунад, менависад MedicalXpress бо такя ба маълумоти олимони эрониву канадагӣ.

Мутахассисони ин ду кишвар дасти кам 72 кори илмиро омӯхтанд, ки муносибати фарбеҳии шикам (вақте ки чарб маҳз дар шикам пайдо мешавад) ва фавт аз сабабҳои гуногунро тафтиш карданд. Онҳо инчунин нишондиҳандаҳои солимии зиёда аз 2,5 миллион ихтиёриёнро дар тӯли аз се то 24 сол санҷиданд.

ВКД Тоҷикистон аз кормандон талаб кард, ки аз фарбеҳӣ халос шаванд

Коршиносон ба даври камар ва миён, таносуби онҳо, фоизи равғани бадан ва параметрҳои дигар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Маълум шуд, одамоне, ки чарб на дар миён, балки маҳз дар шикам доранд, эҳтимолан барвақтар мемиранд.

Гуфта мешавад, ҳар 10 сантиметр чарбе, ки дар шикам ҷамъ меояд, хавфи наздикшавӣ ба маргро ба андозаи 11 дарсад зиёд мекунад.

191
Барчаспҳо:
марг, фарбеҳӣ, олимон
Клуб самбо Рико

Қаҳрамонии самбо бидуни тамошобин дар Сербия баргузор мешавад

18
(Таҷдидшуда 13:05 27.09.2020)
Туркманистон ба далели пандемияи коронавирус аз мизбонӣ намудани ин мусобиқаи ҷаҳонӣ даст кашид. Акнун ба ҳайси мизбон шаҳри Нови Сади Сербия пазируфта шуд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Нови Сад (Сербия) доир мешавад. Дар ин бора қарори Федератсияи байналмилалии самбо ба тасвиб расид.

Ба иттилои сомонаи расмии федератсияи байналмилалии самбо, чорабинӣ ҳамроҳ бо Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон, ки қаблан ба нақша гирифта шуда буд, сурат мегирад ва давоми 4 рӯз – 5-8 ноябр идома меёбад.

Донишҷӯи тоҷик дар мусобиқаи осиёӣ оид ба самбо соҳиби медали тилло гашт

Ин мусобиқа мебоист дар шаҳри Ашқобод баргузор мешуд, вале бо сабаби пандемияи коронавирус Федератсияи самбои Туркманистон аз мизбонӣ кардани мусобиқа даст кашид.

Зимнан, президенти Федератсияи байналмилалии самбо Василий Шестаков гуфт, мусобиқот тибқи "Дастурамали Федератсияи самбо ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва профилактикаи баъд аз пандемияи COVID-19" доир мегардад.

"Аз гашту гузори варзишгарон дар шаҳр ҷилавгирӣ шуда, ҳамчунин дар толори варзишӣ риояи фосилаи иҷтимоӣ ҳатман риоя мешавад", - изҳор дошт Шестаков.

Ба гуфтаи ӯ, мухлисон имкон доранд қувваозмоиҳоро ба таври мустақим дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо тамошо кунанд. Қисмати финалии қаҳрамонӣ дар шабакаи телевизионии "Eurosport" ва шабакаҳои телевизионии кишварҳои гуногун намоиш дода хоҳад шуд.

18
Барчаспҳо:
самбо, қаҳрамонӣ, Сербия
Встреча президента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов и президента РТ Эмомали Рахмон, архивное фото

Тавсифи Раҳмон аз дастовардҳои Туркманистон

0
Туркманистон рӯзи 27 сентябр Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури ин кишвар паёмҳои шодбошии ҳамтоёнашро қабул мекунад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфт.

Раҳмон ба Бердимуҳаммадов изҳор доштааст, ки Туркманистон тайи солҳои истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои бузург дар бахши иқтисод, илм, фарҳанг ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ноил шудааст.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мавқеи Туркманистон дар сатҳи байналмилалӣ боло рафт.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо ва таҳкими дӯстию муносиботи созандаи ду кишвар аҳамияти калон медиҳад.

Туркманистон сохтмони роҳи оҳани Афғонистон то сарҳади Тоҷикистонро анҷом хоҳад дод

Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки Тоҷикистону Туркманистон зарфияти ҳамкорию шарикии минтақавиро амалӣ хоҳанд кард.

0