Бузургсолтарин милёрдери ҷаҳон Дэвид Рокфеллер дар хоб даргузашт

© AFP 2023 / STEPHANE DE SAKUTIN  / Гузариш ба медиабонкДэвид Рокфеллер, Акс аз бойгонӣ
Дэвид Рокфеллер, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Милёрдери машҳури ҷаҳон-Дэвид Рокфеллер дар хонааш ҳангоми хоб вафот кард

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи CBS, яке аз бузургсолтарин ва маъруфтарин милёрдери ҷаҳон Дэвид Рокфеллер дар синни 101-солагӣ аз олам даргузашт.

Ба қавли сухангӯи милёрдер, Дэвид Рокфеллер дар манзили зисташ дар шаҳри Ню-Йорк, ҳангоми хоб вафот кардааст.

Соли 2005 милёрдер панҷумин ҷарроҳии қалбро бо мувафаққият аз сар гузаронида буд.

Зиндагинома

Дэвид Рокфеллер — набераи Ҷон Дэвисон Рокфеллер, бунёдгузори ширкати Standard Oil ва нахустин милёрдери ҷаҳон буд.

Вай моҳи июли соли 1915 ба дунё омадааст. Ӯ соли 1936 донишгоҳи Ҳарвардро хатм кард.

Ҳамсараш Маргарет Макграт мебошад. Соҳиби шаш фарзанд аст. То соли 2002 Дэвид Рокфеллер 10 набера дошт.

Дэвид Рокфеллер куҳансолтарин милёрдери ҷаҳон буд.

Лентаи хабарҳо
0