Маҳмадсаид Убайдуллоев, акс аз бойгонӣ

Убайдуллоев дар Петербург дар мавзӯи мубориза бо тероризм суханронӣ мекунад

115
(Таҷдидшуда 13:09 25.03.2017)
24-ум то 29-уми марти соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия АБП ИДМ баргузор мешавад, ки дар он бо даъвати раиси ассамблея Валентина Матвиенко Маҳмадсаид Убайдуллоев низ иштирок хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Роҳбари Шӯрои федертсияи Русия, раиси АБП ИДМ Валентина Матвиенко раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба Санкт-Петербург барои иштирок дар ҷаласаи умумии 46-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ даъват кард.

Ҳайъати парумонии Тоҷикистон бо роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев санаи 25-уми март ба Русия мерасад.

Сафари кории Маҳмадсаид Убайдуллоев чор рӯз давом хоҳад ёфт.

Ҳамин тавр, раиси парлумони тоҷик дар ин асамблея иштирок намуда, дар ҷаласа дар мавзӯи мубориза бо терроризм баромад мекунад.

Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ соли 1992 дар Алмаато ташкил шуда буд.

115
Барчаспҳо:
маҷлиси байнипарлумонӣ, Валентина Матвиенко, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Тоҷикистон, Русия