Вохӯрии шоҳзода Оқохони чаҳорум бо Сергей Ловров

Шоҳзода Оқохони IV бо Сергей Лавров дидор кард

5169
(Таҷдидшуда 14:02 20.04.2017)
Имрӯз шоҳзода Оқохони IV бо вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дидор ва мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Шоҳзода Карим Оқохони IV дар дидор бо вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ҳамкорӣ бо Русияро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ бисёр муҳим арзёбӣ кард.

"Ин боздид аз Маскав барои ман бисёр муҳим аст. Ҳамкорӣ бо Русия на танҳо барои ҷамоъати ман, балки барои кулли Осиёи Марказӣ бисёр муҳим аст. Мо дар онҷо ниҳодҳои муштараке бунёдгузорӣ мекунем, ки аҳамияти бузурге барои минтақа хоҳанд дошт", — фармуд шоҳзода Карим Оқохон.

Встреча Сергея Лаврова с Каримом Ага Ханом IV, архивное фото
© Sputnik / Эдуард Песов
Встреча Сергея Лаврова с Каримом Ага Ханом IV, архивное фото

Сергей Лавров низ дар ин дидор, ки имрӯз дар Маскав баргузор шуд, таъкид кард, ки дар Маскав машваратҳои шоҳзода Оқохонро, аз онҷумла дар масъалаи Афғонистонро, арзишманд мешуморанд.

"Мо он машваратҳоеро, ки шумо нисбати масъалаи Афғонистон ва дигар мушкилоти ҷаҳони имрӯзӣ медиҳед, арзишманд мешуморем. Баро мо дидгоҳи жарфбинонаи шахсияти ботаҷриба бисёр муҳим аст", —гуфт Ловров.

Пештар хабар дода шуд, ки пешвои исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Карим Оқохони IV 19 — 20 апрел ба Маскав сафар мекунад.

5169
Вакцинация, архивное фото

Дар Русия эмкунии оммавӣ бар зидди коронавирус тирамоҳ баргузор мешавад

324
(Таҷдидшуда 19:43 02.06.2020)
Агар коркарди ваксин бомуваффақият анҷомад, дар тирамоҳ аллакай эмкунии оммавӣ шурӯъ мешавад, аммо ҳоло ҳамагон бояд бо назардошти хатарҳои сироят шудан ба ин вирус чӣ гуна зиндагӣ карданро омӯзанд

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар Русия аллакай сар аз тирамоҳ эмкунии оммавӣ алайҳи коронавирус оғоз меёбад, изҳор дошт муовини сарвазир Дмитрий Чернишенко дар ҷараёни як брифинг.

"Тавре шумо медонед, кор дар самти истеҳсоли ваксин босуръат идома дорад. Мо интизори натиҷаҳо мебошем ва коршиносон мегӯянд, ки агар  самаранокии ваксин дақиқ шавад, аллакай сар аз тирамоҳ эмкунии оммавӣ оғоз мешавад. Вале ҳоло мо бояд дар шароити хуруҷи ин вирус зиндагӣ карданро ёд гирем", - тавзеҳ додааст муовини сарвазир.

Зимнан, ба изҳори ноиби президенти Академияи илмҳои Русия, роҳбари бахши илмҳои биомедикии Академияи илмҳои Русия, академик Владимир Чехонин, ҳоло  олимони рус ваксинаҳои ғайриоддии зидди сирояти коронавирусро таҳия карда истодаанд, ки онро ба организм дар шакли йогурт ворид кардан мумкин аст. 

Ёдовар мешавем, ки Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.

"Роспотребнадзор": мавҷи дуюми коронавирус ва зуком дар тирамоҳ шадидтар мешавад

Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб имкон надорад.

324
Барчаспҳо:
эмгузаронӣ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

239
(Таҷдидшуда 19:53 02.06.2020)
Зепп Блаттер, собиқ президенти Федератсияи байналмилалии футбол гуфт, ӯ бо фишори Амрико мақомашро тарк карда буд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Собиқ раҳбари  ФИФА ин нуктаро дар як мусоҳмбаи ахираш бо сомонаи  хабарии шветсарии Keystone-SDA изҳор доштаст.

Ба гуфти ӯ лаҳазоте, ки гуфтумонҳо дар бораи барканорияш аз симмати ФИФА мерафт, аз ИМА ба вай паём расид, ки бояд аз мақомаш биравад.

"Онҳо гуфтанд: "Раҳбар бояд равад!". Ман мандати худро аз даст додам ва ногаҳон системаи адлияи Амрико баррасии ФИФА-ро як созмони мафиозӣ хонд ва онро ба категорияи ҷабрдидагон супурд", - гуфт Зепп Блаттери 84-сола.

Ёдовар мешавем, Зепп Блаттер соли 2015 пас аз чаҳор рӯзи интихоб ба унвони раиси Федератсияи байналмилалии футбол(ФИФА) гуфт, аз мақоми худ истеъфо медиҳад ва аз раёсати ФИФА хост, “бо нишасти изтирорӣ ҳарчи тезтар” раиси навро интихоб намоянд.

Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешуд, ки пештар 7 мақоми аршади ФИФА ба иттиҳоми фасод боздошт шуда буданд. Бо вуҷуди мухолифатҳои зиёд Зепп Блаттери 79 -сола барои панҷумин бор раиси ФИФА интихоб шуда буд.

Ин интихоби ӯ вокунишҳои зиёдро дар пай дошт ва билохира худи Зепп Блаттер дар изҳороти кутоҳи худ гуфт: “Ҳама аъзои ФИФА бо интихоби дубораи ман ба унвони раиси ФИФА мувофиқ нестанд, аз ҷумла клубҳо, ҳаводорон, футболбозон ва касоне, ки мисли мо ба футбол зиндагӣ мебахшанд”.

Блаттер аз соли 1998 то 2015 тули 17 сол ФИФА-ро раҳбарӣ кардааст.

 

239
Ребенок в воде на закате, архивное фото

Ҷасади писари 9-сола, ки бо падараш дар дарёи Хумбов сарозер шуд, пайдо гашт

0
(Таҷдидшуда 03:08 03.06.2020)
Ҷасади писари 9-сола, ки ҳамроҳ бо падараш дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба дарёи Хумбов сарозер шуда буд, пас аз ду рӯз тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҷасади Худоиев Умари 9-сола, ки рӯзи 31-ми майи сол равон ҳамроҳ бо падараш дар як садамаи нақлиётӣ дар дарёи Хумбов сарозер шуда буд, ахиран тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд.

Худоиев Умар писари Худоиев Аслншоҳ, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия Ванҷ будааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ ҷасади Умари хурдсолро ба пайвандонаш супурданд.

Ёдрас мешавем, ки садамаи нақлиётие, ки дар он падари писар ба ҳалокат расиданд, санаи 31-уми майи соли равон дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар мавзеъи Шоҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб сурат гирифт.

Худрави тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Рохарви ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Озод Қадамов идора мешуд, дучори садама шуд.

КҲФ қайд намудааст, ки ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама то ҳол маълум нест.

Аммо ба гуфтаи шоҳидон худрав ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад.

Бар асари ин садамаи мудҳиш ду нафар (падару писар) ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд.

0
Барчаспҳо:
пайдо, ҳодиса, дарё, писар, падар, ҷасад, Тоҷикистон