Ветеранҳо дара рафаи Иди зафар ҷоруби помирӣ туҳфа гирифтанд

Собиқадорони ҷанг дар Рӯзи ғалаба ҷӯробӣ помирӣ ҳадя гирифтанд

254
(Таҷдидшуда 18:01 10.05.2017)
Бунёди хайрияи “Даргил наник!” дар арафаи Рӯзи ғалаба ба собиқадорони ҷанг ҷӯроби помирӣ тӯҳфа кард
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Бунёди хайриявии " Даргил наник!" (Модар маро дарёб!) соли аввал нест,  куҳансарбозонро бо Иди ғалаба муборакбод мегӯяд.

Солиёни ҷанг ҳазорҳо ҷӯробҳои помирӣ ба фронт фиристода мешуд. Бештари ҷанговарон аз сардиҳои сахт ба воситаи ин ҷуроб худро ҳимоя мекарданд.

Ба гуфтаи роҳбари бунёди хайриявӣ  Мемоншо Мемоншоев,  ветеранҳо аз гирифтани ин гуна тӯҳфаи хотиравӣ хело хурсанд гаштанд.

"Ин  иқдомҳо нишон медиҳанд, ки мо қаҳрамонони худ- ҷанговароне ки барои наҷот додани башарият аз фашизм мубориза бурдаанд, дар хотир дорем",-  афзуд вай.

Ба гуфтаи роҳбари "Даргил наник!" волонтерҳои ин бунёд на танҳо ба қаҳрамонҳои ҷанг, балки ба пирони барҷомонда ва нотавон кӯмаки худро дареғ намедоранд.

254
Барчаспҳо:
ҷоруби помирӣ, куҳансарбозон, Русия
Тест-системы для диагностики нового коронавируса

Чин доруи зидди коронавирусро то авохири соли ҷорӣ вориди бозор мекунад

609
(Таҷдидшуда 14:19 31.05.2020)
Чин дар баробари талоши ҷаҳон барои ба даст овардани доруи зидди коронавирус эълон намудаст, ки ваксинро то авохири соли ҷорӣ вориди бозор мекунад

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik.Чин рӯзи якшанбе эълом кардаст,  дар ҳоли ҳозир панҷ ваксинаи зидди коронавирус дар ин кишвар дар ҳоли гузарондани марҳалаҳои мухталиф аз ҷумла озмоишҳои клиникӣ ҳастанд.

Бар хабари шабакаи Алъолам, ваксинаи муштараки озмоишгоҳи биологики Ухан пешрафти бештаре дорад ва эҳтимолан то поёни соли ҷорӣ  равонаи бозор гардад.

Ин ваксина, ки акнун дар марҳалаи дуввуми озмоиш қарор дорад то кунун рӯи ду ҳазор нафар озмоиш шуда ва зарфияти тавлиди солона 100 миллиард  дозаро дорад.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод.

Замони озмоиши ваксин алайҳи коронавирус дақиқ шуд

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.

Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб кардан имкон надорад.ead more: https://sputnik-tj.com/health/20200531/1031328665/Avifavir-nakhustin-dorui-ziddi-COVID-19-dar-Rusiya-az-sui-Vazorati-tandurusti-tasdiq-shud.html

609
Барчаспҳо:
бозор, дору, Чин
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Город Медина в Саудовской Аравии, архивное фото

Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

648
Субҳи имрӯз дари беш аз 90 ҳазор масоҷид пас аз танаффуси тӯлонӣ ба рӯйи намозгузорон дар Арабистони Саудӣ боз шуд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Зиёда аз 90 ҳазо масҷидҳо ва ибодатгоҳҳо дар саросари Арабистони Саудӣ пас аз тавақуфи тӯлонӣ дар пайи паҳншавии коронавирус бомдоди имрӯз боз шуданд.

Дар бораи имрӯз кушодашавии ин рақам масоҷид Вазорати корҳои исломии Саудӣ дар сафҳаи Твиттерияш хабар дода буд.

"Омодагиҳои ниҳоӣ пеш аз оғози боз шудани беш аз 90 ҳазор масҷид ва ибодатхонаҳо  дар тамоми Арабистони Саудӣ барои намози бомдоди якшанбе идома доранд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Вазорат ҳузури одамони пиронсол ва кӯдаконро ҳангоми намозҳо номатлуб номидааст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, аз намозгузорон даъват шудааст ба намоз танҳо бо ниқоб омада, инчунин масофаи ду метрро нигоҳ доранд, ки барои ин дар қолинҳои масҷид аломатҳои махсус гузошта шудаанд.

 Ба иттилои манбаъ,  масҷидҳоро танҳо 20 дақиқа пеш аз оғози намоз боз мекунанд ва пас аз 20 дақиқаи адои намоз баста мешаванд.

Бар пояи оморҳои ахир теъдоди гирифторони коронавирус дар Арабистони  Саудӣ ба 83 384 нафар мерасад. Ҳамзамон аз ин беморӣ 58 883 нафар шифо ёфтаву 4 80 тани дигар фавтидаанд.

648
Барчаспҳо:
намоз, масоҷид, Арабистони Саудӣ
Рынок в Душанбе Корвон

Эълони ҳукумати Душанбе дар бораи кори бозорҳо, кошонаҳои ҳусну нуқтаҳои мошиншӯйӣ

1188
(Таҷдидшуда 21:25 31.05.2020)
Ҳукумати Душанбе қарор кардааст, ки бозорҳои либосфурӯшӣ, нуқтаҳои мошиншӯӣ, телефонфурӯшӣ ва кошонаҳои ҳусну сартарошхонаҳо то нимаи июн баста мемонанд

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Котиботи ҳукумати Душанбе ҳадафи қарорро ҷилавгирӣ аз сирояти  COVID-19 гуфта, таъкид намудааст, ки ҳамаи бозорҳои либосфурӯшию кошонаҳои ҳусн, сарфи назар аз моликияташон то 15 июн баста хоҳанд буд.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт, пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) қатъ намудани фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ то 15 июни соли 2020 тамдид намуд”, - омадааст дар иттилоия.

Сохторҳои дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарон ва масъулини бозорҳои фурӯши либоса, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши телефон ва шустушӯи автомобилҳо дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро мунтазам амалӣ намоянд.

Ҳукумати шаҳри Душанбе охири моҳи апрел ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” кори бозорҳои либосфурӯшии шаҳрро пурра қатъ ва дар онҳо рӯзҳои санитарӣ эълон карда буд.

1188
Барчаспҳо:
бозор, нуқтаи назар, Тоҷикистон