Гирдиҳамоии ҷонибдорони ДИИШ. Акс аз бойгонӣ

Панҷ шарҳванди Тоҷикистон дар Абхозистон ба гумони узвият дар ДОИШ боздошт шуданд

53
(Таҷдидшуда 16:49 09.06.2017)
Муттаҳамон барои бозпурсӣ ба Русия равон карда шуданд

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Хадамоти давлатии амнияти Абхозистон 5 шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи теруристии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ боздошт кардаву ба Русия фиристодаанд, хабар медиҳад хабаргузории ТоҷикТА.

Бино бар иттилои иттилои Хадамоти давлатии амнияти Абхозистон, муттаҳамон дирӯз, 8 июн дар раванди баргузории амалиёти бозҷуст дастгир ва барои бозрасӣ ба Русия фиристода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки пештар як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои гурӯҳи тундрав дар шабакаҳои иҷтимоъӣ боздошт шуда буд.

Дар шаҳри Балашихаи вилояти Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабс гирифта шуд. Бино бар гузориши РИА Новости, мард дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ташкилоти теруристии "Давлати исломӣ" (ДОИШ, мамнуъ дар Тоҷикистон)-ро тарғиб мекардааст.

"Нисбати шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми "даъвати ошкоро ба хотир ба амал овардани амалиётҳои терроритӣ ва ё расман тавҷеҳи теруризм ба воситаи истифодаи расонаҳо" боз шудааст",- омадааст дар гузориш.

Қайд карда мешавад, мард дар вагони сохтмонӣ зиндагӣ мекард ва ба воситаи саҳифаи худ дар "Одноклассники" ба хотири таблиғи ақидаҳои созмони теруристии ДОИШ аксҳои таблиғотӣ ҷой медодааст.

53
Барчаспҳо:
узвият, ДОИШ, шаҳрвандони Тоҷикистон, Абхозистон