Мошин

Машҳуртарин рангҳои худравҳои ҷаҳонӣ муайян шуд

180
(Таҷдидшуда 10:36 19.06.2017)
Коршиносон мегӯянд, ки машҳуртарин рангҳои худравҳо дар тамоми ҷаҳон ҳамоно ранги хокистаранг, сиёҳ ва сафед боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Пажӯҳишгарони ширкати BASF машҳуртарин рангҳои худравҳоро муайян карда, рӯйхати рангҳои дархостиро дар солҳои оянданашр карданд.

Sputnik Арманистон хабар медиҳад, ки бар асоси таҳлилҳо маълум шудааст, ки харидорон  бештар рангҳои гармро интихоб мекунанд.

Бар асоси пажӯҳиши ширкати BASF мардуми Аврупо ва Ховари Миёнаву Африқо худравҳои зардчатобро интихоб карда, дар Амрико рангҳои кабуди баланд муд мешавад.

Бошандагони  Осиё бештар худравҳои рангашон сурх ва марвориди сафедро харидорӣ хоҳанд кард.

180
Барчаспҳо:
рангҳои машҳур, BASF, мошинҳо, Ҷаҳон
День 27 мая

Ҷашнҳои рӯзи 27 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

18
(Таҷдидшуда 20:52 26.05.2020)
Рӯзи бисту ҳафтуми май дар Нигерия — Рӯзи кӯдакон буда дар Қирғизистон – Рӯзи китобхона мебошад. Дар ин рӯз Душанбе Паллаев - ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ ба дунё омадааст

Рӯзи 27 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1997 дар Порис санади асосии муносиботи дуҷонибаи Русия ва Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ ба имзо расид.

День 26 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1999 Додгоҳи Гаага Президенти Югославия Слободан Милошевичро гунаҳкори ҳарбӣ эълон кард.

Рӯзи 27 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 дар шаҳри Душанбе аввалин форуми намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, истеҳсолкунандагон, воситаҳои ахбори омма ва  созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид ва дар он шартнома дар бораи ҳамкории иҷтимоӣ ба имзо расид.

Соли 2003 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд аввалин Фестивал-симпозиуми байналмилалии мусиқии классикии «Шашмақом» баргузор гардид.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе мактаби олии сарҳадбонони САҲА (ОБСЕ) ифтитоҳ гардид.

Соли 2010 аввалин ҳавопаймо аз самти Душанбе ба Бориспол (Фурудгоҳи  байналмилалии Бориспол, Украина) бо 15 мусофир парвоз кард.

Ҷашнҳои рӯзи 27 май

  • Дар Нигерия — Рӯзи кӯдакон.
  • Дар Қирғизистон – Рӯзи китобхона.

Рӯзи 27 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Бекназар Аҳмадов (1926) – китобшинос, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Григорий Воробоев (1925 – 1986) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ғаффор Каримов (1938)- актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Аҳмадбек Қушқоров (1936-1989)- педагог, профессор.

Бурҳон Маҳмадқулов (1945) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Неъмат Мирсаидов (1955)- публисист.

Зайниддин Наҷмиддинов (1938) – Устои халқии Тоҷикистон.

Марина Некрасова (1954) –шоира.

Нурулло Оқилов (1965) – нависанда.

Душанбе Паллаев (1950 - 2017) –Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ.

Ғуфрон Раҳимбоев (1949) – мутриб, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Бурҳон Ризоев (1948) – доктори илми таърих, профессор.

18
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 21 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Разработка экспресс-тестов на коронавирус учеными из центра Сколково

Молекулаи зидди уфунӣ: Олимҷон Юсупов роҳи "куштан"-и коронавирусро ёфт

2138
(Таҷдидшуда 14:54 26.05.2020)
Ихтироъкори номии ӯзбек таҷҳизотеро сохтааст, ки коронавирус, микробҳо ва бактерияҳои ҳаво ва болои ашёҳоро безарар мегардонад

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ихтироъкори номии ӯзбек Олимҷон Юсупов таҷҳизотеро барои безараргардонии коронавирус ва дигар уфунатҳои дохили бино ихтироъ кардааст, гузориш медиҳанд расонаҳои Ӯзбекистон.

 Юсупов "генератори молекулаҳо"-ро барои безарар гардонидани ҳамагуна бактерия, микроб ва вирусҳо истифода мебурдааст, ки худ сохтааст.

Ин таҷҳизоти олими ӯзбек на танҳо коронавирус, балки микроорганизмҳои сироятиро нобуд сохта, барои саломатӣ бехатар аст.

Дар Ӯзбекистон нақша доранд, ки рӯзҳои наздик ин таҷҳизотро дар истеҳсолот татбиқ намоянд.

"Асосӣ ин технологияи замонавӣ дар молекулаҳост. Онҳо вирус ва бактерияҳоро дар ҳаво ва дохили бино ё дар ҳудуди муайян ва ё дар ашё ва дохили онҳо, ҳатто бадани одамон безарар мегардонанд", - мегӯяд Олимҷон.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи муаллифи таҷҳизот, ин молекулаҳо қодиранд, ки вируси дохили роҳҳои нафаскаширо ҳам безарар гардонанд.

Асосаш таҷҳизот тезкор аст. Он бинои андозааш 30 метри квадратиро дар 15 дақиқа дезинфексия мекунад.

Олимони рус як шарти пирӯзӣ бар коронавирусро гуфтанд

Олимҷон Юсупов бо ихтирооти кардааш дар Ӯзбекистон машҳур аст. Пештар ӯ технологияи борони сунъиро ихтироъ карда, гуфта буд, мақсадаш барқарор кардани баҳри Арал аст.

Лоиҳаҳояшро Академияи улуми Ӯзбекистон тасдиқ кардааст.

2138