В Великобритании пройдет референдум по вопросу выхода из ЕС

Урупоиён бар ин боваранд, ки дар паи Бритониё дигар кишварҳо низ аз ИУ хориҷ мешаванд

34
(Таҷдидшуда 18:56 22.06.2017)
Бештари шаҳрвандони Фаронса, Олмон ва Итолиё бар ин боваранд, ки дигар кишварҳо низ дар паи Бритониё Иттиҳоди Урупоро тарк хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ниме аз шаҳрвандони Фаронса, бештари олмониҳо, итолиёиҳо ва бритониёиҳо бар ин боваранд, ки дар ояндаи наздик як ё якчанд кишвари дигар ҳам аз  Иттиҳоди Урупо хориҷ хоҳад шуд.

Ин натиҷаро назарсанҷии Ширкати иҷтимоии Ifop дар тарҳи Sputnik.Мнения нишон додааст.

24 июн аз баргузории ҳамапурсии сарнавиштсоз дар Бритониё барои хуруҷ аз Иттиҳоди Урупо ё Brexit як сол пур мешавад. Имрӯзҳо музокирот миёни Подшоҳии Муттаҳида ва Брюссел давом дорашд. Бритониё бояд Иттиҳодро дар соли 2019 тарк кунад.

Чанд кишвар пайрави Бритониё мешаванд ва аз Иттиҳоди Урупо мебароянд
Чанд кишвар пайрави Бритониё мешаванд ва аз Иттиҳоди Урупо мебароянд

Аммо урупоиён бар инанд, ки бо хуруҷи Бритониё раванди фурӯ пошидани Иттиҳоди Урупо тоза оғоз мешавад.

Бино ба додаҳои назарсанҷии Sputnik.Мнения, камобеш ниме аз фаронсавиҳо (49%), бештари олмониҳо (52%) ва итолиёиҳо ва дусевуми бритониёиҳо бар ин боваранд, ки дар наздиктарин оянда як ё якчанд кишвари дигар ҳам аз Иттиҳоди Урупо хориҷ хоҳанд шуд.

Аз миёни касоне, ки дар ин назарсанҷӣ ширкат кардаанд, 55 дарсад аз бритониҳо, 50 дарсад аз итолиёиҳо, 42 дарсад аз фаронсавиҳову 39 дарсад аз олмониҳо бар инанд, ки шумори кишварҳое ки Иттиҳодро тарк хоҳанд кард, бештар хоҳад шуд. Аммо 33 дарсад аз фаронсавиҳо, 32 дарсад аз итолиёиҳо ва 39 дарсад аз бритониёиҳо воруна бар ин бовар доранд.

Бояд гуфт, ки бадбинони ояндаи Иттиҳодияи Урупо аксаран аз насли ҷавон ҳастанд, вале насли калонсол ба ояндаи ин иттиҳодия хушбин аст.

34
Барчаспҳо:
Brexit, ҳамапурсӣ, назарсанҷӣ, Урупо-Бритониё
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

78
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

78
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон
Город Эль-Кувейт

Амири нави Қувайт савганд ёд кард

124
(Таҷдидшуда 22:01 30.09.2020)
Амири нави Қувайт Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ имрӯз дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ ба унвони амири нави Қувайт рӯзи чаҳоршанбе дар парлумони ин кишвар савганд ёд кард, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Давлати Кувайт рӯзи сешанбе дар паи даргузашти Сабоҳ Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳ амири 91-солаи ин кишвар, Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳро ба унвони ҷонишини вай таъин кард.

Ноиф Алаҳмад Аҷҷобир Ассабоҳи 84-сола, ки ба унвони амири Қувайт таъин шуда аст, аз соли 2006 то кунун валиаҳди ин кишвар буда ва пеш аз он низ чанд симати вазирӣ аз ҷумла вазорати дохила, дифоъ, умури иҷтимоӣ ва муовинати нахуствазирии Қувайтро бар уҳда дошта аст.

Ёдрас мешавем, ки 29 сентябри соли равон амирии Кувайт  Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  даргузашт. 

Сабоҳ Ал-Ҳамд Ал-Ҷобир Ас-Сабоҳ  дар 16 июни 1929 ба дунё омад ва рӯзи 29 сентябри 2020 дар 91-солагӣ дар бемористоне дар Амрико фавтид.

Вай 29 январи 2006 дар Қувайт ба қудрат расид.

Бо даргузашти амири Қувайт, кишварҳои арабӣ дар паёмҳои ҷудогона зимни тамҷид аз нақши вай дар минтақа, бо мардуму ҳукумати Қувайт ибрози ҳамдардӣ карданд.

124
Барчаспҳо:
Парлумон, нав, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, Амири Кувайт