Ниана- духтарак аз Филиппин

Рақс бикун ҷоно: духтарак оҳанги "Despacito"-ро мешунаваду ба рақс медарояд

664
(Таҷдидшуда 14:27 16.07.2017)
Духтараке аз Филиппин ҳатто ҳангоми хӯрок хӯрдан ҳам ба рақс медарояд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Ниана — духтараке аз Филиппин суруди Луиса Фонсе "Despacito"-ро, ки бо шитобе шигифтангез дар ҷаҳони мусиқӣ машҳур шудааст, бисёр писандидааст.

Ӯ ҳар боре, ки оҳанги ин сурудро мешунавад, ба рақс медарояд.

Бародари бузургаш Рантс аз мусиқидӯстии хоҳараш огоҳ аст ва ҳатто ҳангоми хӯрдани хӯрок ҳам хоҳарашро ба рақс медарорад.

Манбаъ меафзояд, ки ҳамакнун Ниана рақиб ҳам дорад. Ин хоҳари хурдиаш аст, ки ҳаракатҳои Нианаро такрор мекунад.

Навори рақсҳои духтарак аз Филиппин дар шабакаҳои иҷтимоъӣ машҳур шудааст. Фақат дар сафҳаи фейсбукиаш ин наворро 63 милюн корбар тамошо кардааст. Навори дувум 4 милюн бинанда доштааст.

664
Барчаспҳо:
рақс, Ниана, Филиппин