Ҷазираи Сан-Мигел

Пӯшоки мувофиқ надоред: рӯзноманигорони русро ба нишасти АСЕАН роҳ надоданд

77
Рӯзноманигорони Русияро барои пӯшоки номувофиқ ба нишасти АСЕАН дар Филиппин роҳ надоданд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Рӯзноманигороони рус натавонистанд барои иниъкоси нишасти кишварҳои Осиёи  Ҷанубу-Шарқӣ (АСЕАН) ба маркази матбуотӣ ворид шаванд.

Гап сари пӯшоки журналистон меравад. Рӯзноманигорони рус ба ин нишаст бо "ҷинс" ҳозир шуданд. Пештар ташкилкунандагони ин нишаст рӯзноманигоронро аз тарзи либоспӯшӣ дар ин чорабинӣ огоҳ карда буданд, вале дар бораи ҷинс хабаре набуд, менависад манбаъ.

"Барои намоянагони расонаҳо дар бораи пӯшоки мувофиқ ёдоварӣ мекунем. Стили либоспӯшии ҳаррӯза, бо пойафзоли резинӣ ҳозир шудан мумкин нест", — омадааст дар тавсиянома.

Гуфтшунидҳо ба рӯзноманигорони рус кӯмак накард ва бархе аз онҳо ба меҳмонхона баргашта, чанде ба мағоза барои хариди пӯшоки мувофиқ рафтанд. 

Ёдоварӣ мекунем, ки ин рӯзҳо вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров бо ҳайъате баландпоя аз Русия, барои ширкат дар нишасти АСЕАН дар Манил қарор доранд.

Ин ҳафтумин нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои аъзои Осиёи Ҷанубу-Шарқӣ оид ба бехатарӣ мебошад.

77
Барчаспҳо:
роҳ надодан, ҳафтумин, нишаст, АСЕАН, Сергей Лавров, Филиппин
Мавзуъ
Рӯзноманигор Аминҷон Гулмуродзода ду сол аз озодӣ маҳрум шуд
Шаш рӯзноманигор барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ шуд
Самолет на закате, архивное фото

Парвозҳо миёни Тоҷикистону Миср имкон аст, роҳандозӣ шавад

114
(Таҷдидшуда 18:38 24.11.2020)
Азсаргирии парвозҳо байни Душанбе ва Шарм-аш-Шайх масъалаи марказии мулоқоти намояндагони ду кишвар буд

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Қоҳираи Миср сафири Тоҷикистон дар Миср Заробиддин Қосимӣ бо вазири туризм ва осори бостонии ин кишвар Холид Ал-Инонӣ мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, омӯзиши осори таърихию фарҳангӣ ва осорхонадорӣ баррасӣ шуданд.

"Бо дарназардошти имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳар ду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ таъкид доштанд", - афзудааст манбаъ.

Вазорат ҳамзамон мегӯяд, зимни мулоқот зикр гардид, ки хатсайри ҳавоии Душанбе - Шармушшайх ва давраҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ дар Миср барои кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва осорхонадории Тоҷикистон бояд аз нав ба роҳ монда шаванд.

Дар поёни нишаст, Косимӣ ва Ал-Инонӣ омодагии худро барои таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ таъкид карданд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва корҳои осорхонаҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Хотиррасон мекунем, ки муносибатҳои дипломатии байни ҷумҳуриҳо 1 апрели соли 1993 барқарор карда шуд. Миср 1 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард. Дар давраи ҳамкориҳои байни кишварҳо нӯҳ санад ба имзо расидааст.

Рӯз ба рӯз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Душанбеу Қоҳира дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва илму техника ҳамкорӣ мекунанд. Ғайр аз ин, дар соҳаи маориф табодули донишҷӯён сурат мегирад.

114
Барчаспҳо:
парвозҳо, ҳамкорӣ, Миср, Тоҷикистон
Никита Мендкович

Мендкович: Рустами Эмомалӣ бо сафараш ба Маскав дар пайи эҷоди сарусадоҳо нест

688
Роҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович сафари нахустини раиси палатаии болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалиро ба Русия шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Рустами Эмомалӣ дар садри як ҳайати парлумонӣ барои мулоқот бо Валентина Матвиенко ва музокироти байнипарлумонӣ ба Маскав омад.

Ин сафар бо сабаби он нахустин аст, ки Рустами Эмомалӣ бори аввал мансаби давлатиро ишғол кардааст, ки он муносибатҳои байналмилалиро дар бар мегирад, шарҳ дод роҳбари Клуби таҳлилии Авруосиё Никита Мендкович дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон.

“Мансабҳои қаблии ӯ чунин робитаҳои ин сатҳро дар бар намегирифтанд. Ман боварӣ дорам, ки ба эҳтимоли зиёд, президенти феълӣ мӯҳлати ҳозираи худро танҳо ба сабаби синну сол ва вазъи саломатии худ охирин мешуморад, аз ин рӯ мехоҳад, ки вориси эҳтимолии ӯ тадриҷан ба ин масъала ворид шавад”, - гуфт Мендкович.

Ба гуфтаи коршинос, сафар ба Маскав ба Рустами Эмомалӣ кӯмак мекунад, ки бо шарикон робитаҳои шахсӣ барқарор кунад, вазъро дарк кунад ва дар музокироти байналмилалӣ таҷриба гирад.

Рустами Эмомалӣ бо нахустин сафари расмӣ вориди Маскав шуд

Сиёсатшинос афзудааст, ки сафар ба Маскав қаблан эълом нашуда буд, эҳтимол аз он сабаб, ки Рустами Эмомалӣ аз таблиғот канорагирӣ мекунад, бинобарин дар атрофи ин нишасти сиёсӣ сарусадоҳо эҷод намекунад, мехоҳад аз таваҷҷӯҳи расонаҳо канорагирӣ кунад.

"Дар ҷараёни мулоқот метавон масоили марбут ба ҳамкориҳои омӯзишӣ ва башардӯстонаро баррасӣ кард. Он инчунин метавонад дар бораи робитаҳои фарҳангӣ низ бошад",- гуфт Мендкович.

Азбаски роҳбари Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко масъалаҳои марбут ба ҳузури омӯзгорони рус дар Тоҷикистонро назорат мекунад, ин мавзӯъро дар ҷаласа баррасӣ кардан имкон дорад, афзуд коршинос.

688
Барчаспҳо:
Валентина Матвиенко, Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ, Русия, Тоҷикистон
Асозода Дилшод Алимурод глава города Нурек  посетил ветерана ВОВ  Гулов Малах

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

0
(Таҷдидшуда 19:28 24.11.2020)
Мақомоти шаҳри Норак эълон кардааст, ки ахиран ба Гулов Малах, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра сохта тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари маӣбуоти раиси шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафт.

Раиси шаҳри Норак бо вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах ошно гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ташаббуси мақомоти шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта, ба истифодаи онҳо супорида шуд.

Ҳамзамон раиси шаҳри Норак барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағи пулӣ тақдим кардааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

0
Барчаспҳо:
ҶБВ, куҳансарбоз, собиқадорон, Норак, Тоҷикистон