Гардишгарон дар назди мемориали 11 сентябр дар Ню-Йорк

Пас аз 16 сол: қурбониёни ҳамла ба "бурҷҳои дугоник" дар Амрико шиносоӣ шуданд

216
(Таҷдидшуда 15:29 08.08.2017)
Номи қурбониёни ҳамла ба бурҷҳои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк бо дархости хешовандонашон ошкор намешавад. Ҳувияти қурбониён дар паи санҷиши ДНК шиносоӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Бо гузашти аз 16 сол аз ҳамлаи маргҷӯёна ба бурҷҳои дугоники Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк ҳувияти қурбониён шиносоӣ карда шуд.

Бино ба иттилоъи Associated Press, ҳувияти қурбониёни ҳамлаи 11 сентябри соли 2001 дар паи санҷиши ДНК муайян карда шуд. Номи қурбониён бо дархости хешовандонашон ошкор карда намешавад.

Хабар дода мешавад, ки барои нахустин бор аз соли 2015 то кунун яке аз қурбониёни ҳамлаҳои 11 сентябр шиносоӣ карда шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки 11 сентбяри соли 2001 нуздаҳ узви гурӯҳи "Ал-Қоида" чаҳор ҳавопайморо рабуда, дуто аз онҳоро дар фосилаҳои замонии гуногун ба бурҷҳои дугоники Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк заданд. Дар натиҷаи ин ду бархӯрд, ҳама мусофирон ба ҳамроҳи бисёре аз касоне, ки дар он сохтмонҳо буданд, кушта шуданд. Ҳар ду сохтмон пас аз ду соат комилан сӯхтаву фурӯ рехтанд ва осебҳои фаровоне ба сохтмонҳои перомунашон заданд. Ҳавопайморабоён ҳавопаймои севумро ба сохтмони Пентагон (Вазорати дифоъи Амрико) дар Вирҷиния заданд. Аммо ҳавопаймои чаҳорум дар иёлати Пенсилвания сарнагун шуд.

Дар паи бархӯрди ду ҳавопаймо ба бурҷҳои дугоник дар Ню-Йорк 2977 кас ҷон бохта, 24 кас бе ному нишон гум шуданд. Бисёре аз онҳо кормандони Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ буданд.

Ин ҳамла пурқурбонитарин амалиёти теруристӣ дар торих дониста шудааст.

Дертар дар ҷои бурҷҳои МТҶ ёдгории қурбониён сохта шуд.

216
Барчаспҳо:
ҳуввияти таркиш, ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 дар Амрико, ИМА
Мавзуъ
Замир Кабулов: Стротежии Амрико дар Афғонистон ноком шуд
Назарсанҷӣ: ҷонибдории сокинони ИМА-ву Аврупо аз амалиёти низомии ФР
Назарсанҷӣ: ИМА ва ИА дар ҳамоҳангӣ алайҳи ФР таҳрим ҷорӣ карданд