Президент РФ В. Путин встретился с президентом Ирана Х. Рухани

Русия ва Эрон талошҳояшонро барои ҳалли буҳрони Сурия беш аз пеш ҳамоҳанг мекунанд

49
Кишвардори Русия Владимир Путин дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Руҳонӣ оғози даври дувуми раёсатро ба ҳамтои эронии худ табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дафтари иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Русия аз баргузории гуфтугӯи телефонӣ миёни Владимир Путин ва Ҳасан Руҳонӣ хабар дод.

Дар ин гуфтугӯ, ки 14 август бо ибтикори Ҳасан Руҳонӣ сурат гирифтааст, Владимир Путин оғози даври дувуми раёсати Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳамтои эронии худ табрик гуфт ва барояш комёбиҳо орзу кард.

Дар ин гуфтугӯ тарафҳо ҳамчунин раванди густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва иҷрои тарҳҳои муштарак дар заминаҳои нафту гоз, нерӯи барқобӣ ва таробариро низ баррасӣ карданд.

Владимир Путин ва Ҳасан Руҳонӣ авзоъ дар Сурияро низ баррасӣ карда бар алоқамандии ду кишвар ба ҳамоҳангсозии кӯшишу талошҳо барои ҳалли ин буҳрон идома диҳанд.

49
Барчаспҳо:
гуфтугӯи телефонӣ, Ҳасан Руҳонӣ, Владимир Путин, Сурия, Русия-Эрон
Мавзуъ
Руҳонӣ: ҳамкориҳои Эрону Русия дар раванди суботу амният муъассир ҳастанд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раисҷумҳури Русия дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард