Дар Озарбойҷон инфиҷор ба амал омад

© Sputnik / Murad OrujovКарета скорой помощи в Баку, архивное фото
Карета скорой помощи в Баку, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуфта мешавад дар натиҷаи сӯхтор дар анбори силоҳнигоҳдорие дар Озадбойҷон таркиш ба амал омад. Чанд тан захмӣ шудаанд, аммо бо далели он ки то ҳол сӯхтори анбор хомӯш нашудааст, ёрии таъҷилиро ба ҷойи ҳодиса роҳ надодаанд

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Дар яке аз анборҳои силоҳнигоҳдорие дар Озарбойҷон инҷӯфиҷор ба амал омад.

Таркиш пас аз сӯхтор дар ҳудуди қисми низомие дар ноҳияи Хизин рух додааст. Аз зарби инфиҷор чанде аз биноҳои истиқоматӣ зарар дидаанд.

 

Ба ҷойи ҳодиса 10 бригадаи Ёрии таъҷилӣ расиданд. Аммо бо далели он ки сӯхтор то ҳол хомӯш карда нашудаст, онҳоро ба ҷойи ҳодиса роҳ надодаанд.

Сокиноне ки дар наздикии анбор ба сар мебаранд, ба ҷойи бехавф кӯчонда шудаанд. Хабар дода мешавад, ки чанде дар ин руйдод ҷароҳат бардоштаанд. Шумораи дақиқи ҷароҳатбардоштагон маълум нест.

Лентаи хабарҳо
0