Дар назди сафорати Мянма дар Маскав

Барои пароканда кардани мусулмонони эътирозгари Маскав, ОМОН омад

727
(Таҷдидшуда 14:52 04.09.2017)
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия эътирозгаронро даъват мекунанд, ки ҷои эътирозро тарк кунанд, вале мусулмонон дар интизори рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионӣ истодаанд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Шумораи эътирозгарони мусулмон алайҳи "қатли ом"-и Мянма, дар назди сафорати ин кишвар дар Маскав, чунон зиёд шуд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андешидани чораҳои зарурӣ гузаштанд.

Мақомоти қудратии Маскав тариқи баландгӯяк мусулмононро даъват мекунад, ки ин ҷоро тарк кунанд, вале эътирозгарон ба даъвати пулис эътибор намедиҳанд.

"Кормандони пулис ба касе кор надорад. ОМОН сафоратро посбонӣ дорад", — гуфт яке аз шоҳидони ҳол.

Шумораи эътигозгарон аз ҳазор гузаштаасту онҳо барои гузаштани худравҳо монеъ шудаанд. Барои таҳти назорат гирифтани эътироз, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ду тарафи роҳ тасмаҳои ҷудокунанда гузоштаанд. Соате пеш мусулмонон дар ҳаққи қабилаи Роҳинҷа дуо карданду намоз гузоштанд.

Ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир нашудани рӯзноманигорони шабакаҳои расмӣ, эътирозгарон таҳдиди банд кардани роҳи Болшая Никитинскаяро доранд. Аксарияти эътирозгарон дар интизори расонаҳои расмӣ аз қабили шабакаи якуми Русия ҳастанд, то назари ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳодисаи Мянма ҷалб кунанд.

 

"Бигзор ба назди мо бароянд!", — дод мезананд эътирозгарон ба сӯи кормандони сафорати Мянмаи Маскав.

Ёдоварӣ мекунем, ки амалиёти  артиши Мянма дар вилояти Ракҳайн рӯзи 25 август дар посух ба ҳамлаҳои чирикиҳо аз Артиши озодии Аракан (АРСА) ба 20 посгоҳи пулис оғоз ёфт. Ин амалиёт ба куштори чандин мардуми осоишта боис шуд. Гуфта шуд, ки беш аз 400 мусулмон дар ин амалиёт қатл шудааст. 

 

Дар изҳороти артиши Мянма гуфта мешавад, ки дар паи баргузории 90 амалиёт, ки рӯзи 25 август оғоз шудааст, 370 ҷангҷӯй нобуд карда шуд.
Ҳукумати Мянма мардуми дигар эътиқодро ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд дар ҳоле, ки мусулмонони Роҳинҷа дар Бангладеш паноҳ меҷӯянд.

727
Барчаспҳо:
эътироз, Маскав
Мавзуъ
Намозу эътирози мусулмонони Маскав алайҳи "қатли ом" дар Мянма
День 30 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

73
(Таҷдидшуда 19:00 29.09.2020)
Рӯзи 30 сентябр, дар Тоҷикистон – Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ буда, ҳамчунин Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо мебошад

Рӯзи 30 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1890 дар Олмон қонунҳои зиддисотсиалистӣ бекор карда шуданд.

День 29 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1901 дар Фаронса бақайдгирии ҳатмии мошинҳое, ки суръаташон аз 36 км/соат баланд аст,  ҷорӣ карда шуд.

Соли 1902 абрешими сунъӣ соҳиби патент гардид.

Соли 1929 бахши англисии "Би-би-си" аввалин маротиба ба пахши барномаҳои телевизионӣ шурӯъ кард.

Рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон дар 49-умин Ассамблеяи генералии СММ суханронӣ намуд.

Эмомали Рахмон в ООН. Архивное фото
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Эмомали Рахмон в ООН. Архивное фото

Соли 1997 раванди бозгашти гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон хотима ёфт.

Соли 1997 роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб кушода шуд.

Участок железнодорожного пути, архивное фото
© Sputnik / Юрий Лашов
Участок железнодорожного пути, архивное фото

Соли 2004 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи танзими ҷараёни таҳия ва интишори иттилооти расмӣ Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» — и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси бунгоҳҳои хабарнигории худ дар кишварҳои хориҷӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.

День 28 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 Ҳукумати Тоҷикистон нақшаҳои генералии шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Сомониён — маркази ноҳияи Рӯдакиро тасдиқ кард.

Соли 2012 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё – 2012 миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ал-Аммарӣ"-и Фаластин баргузор гардид. Бозӣ бо иштирок ва дастгирии беш аз 19 ҳазор мухлисони футбол ҷараён гирифта, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистон анҷом ёфт.

Бозии тими Истиқлол бо дастаи филиппинӣ
Бозии тими "Истиқлол" бо дастаи филиппинӣ

Соли 2015 дар ИМА  Президент Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди "Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором" суханронӣ кард.

Соли 2016 лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари заминларза ва сунами дар шаҳри Палуи Ҷумҳурии Индонезия ва ноҳияҳои атрофи он ба Президенти ин мамлакат Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 30 сентябр

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.
  • Рӯзи байналмилалии тарҷумонҳо.
  • Дар Қазоқистон- Рӯзи кормандони мақомоти адлия.
  • Дар Ҷумҳурии Абхазия – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Ҷалолиддини Румӣ (1207–1273) – шоири форс – тоҷик.

Абдулфаттоҳ Шафиев (1981) - журналист.

Абдуқодир Xомеъи Самарқандӣ (1890-1986)- шоир.

Баҳоваддин Зуҳуриддинов (1946) – меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Борис Кимёгаров (1920 – 1979) – коргардони кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Исматулло Мадалиев (1950) –доктори илми тиб, профессор.

Юрий Маслюков (1937-2010)- арбоби ҳизбию давлатии шўравӣ, (зодаи ш. Хуҷанд)

Нуриддин Набиев (1932)- арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Илария Райкова (1896 – 1979) – доктори илми биологӣ, профессор.

Тоҷирҷон Сатторов (1947) – доктори илми биологӣ, профессоАҳмадшо Улфатшоев (1945)- актёри театру кино, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Баҳриддин Ҳомидов (1908-1978)- актёри театр.

Нисон Шоулов (1925-2000) – найнавоз, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

73
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт

Даргузашти амири Қувайт дар синни 92-солагӣ

559
Шайх Сабоҳ ал- Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Давлати Қувайт дар сини 92-солагӣ  аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико куҳансолтарин ҳокими араб, амири Кувайт Сабоҳи IV дар синни 92-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба иттилои манбаъ, амир сар аз моҳи июл дар яке аз беморхонаҳои иёлати Миннесота бистарӣ шуда, ҷарроҳӣ шудааст.

Аз он вақт инҷониб, мақомоти Кувайт борҳо гузориш додаанд, ки саломатии Сабоҳи IV мӯътадил буда дар ҳоли беҳбуд аст.

Ҳамзамон, бародари хурди Сабоҳи IV ва шоҳзодаи валиаҳд Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ба ҳайси иҷрокунандаи амир таъин гардида буд.

Тибқи иттилои ҳукумат, амири нав валиаҳд Наваф ал-Аҳмад ас-Сабоҳ ҷойгузини Сабоҳи IV шудааст.

Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ сар аз моҳи январи соли 2006 дар Қувайт ҳукмронӣ мекард.

Қабл аз он, ӯ ба ҳайси сарвазир кор мекард ва пештар аз он тӯли даҳсолаҳо раёсати сиёсати хориҷии кишварро ба зима дошт.

559
Барчаспҳо:
шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷаббор ас-Сабоҳ, даргузашт, Қувайт

Дар Маскав низоми дуркорӣ ҷорӣ шуд

17
(Таҷдидшуда 12:55 30.09.2020)
Ба сокинони солхӯрдаи шаҳри Маскав ва ашхоси гирифтори бемориҳои музмим аз хона баромадан тавсия дода намешавад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Шаҳридори Маскав Сергей Собянин низоми дуркориро дар Маскав тамдид кард. Дар ин бора қарори раиси шаҳр баромадааст.

"Аз 28 сентябр ба сокинони солхӯрдаи шаҳри Маскав ва ашхоси гирифтори бемориҳои музмим хонашинӣ ва ба раҳбарияти ташкилоту корхонаҳо ба низоми дуркорӣ гузаронидани коргарон, тавсия дода мешавад", - омадааст дар қарор.

Ба гуфти раиси шаҳр барои баромадан аз хона ягон намуди ҷарима ҷорӣ намешавад. Кортҳои нақлиётии одамони солхӯрда дар нақлиёти ҷамъиятӣ бекор нашуда, варзиши оммавӣ низ иҷоза дода мешавад.

Ёдрас мешавем, ки вазъияти ҳамагирии коронавирус дар Маскав, рӯз то рӯз бадтар мешавад: ҳолатҳои сабти нави коронавирус бештар мешавад ва теъдоди беморон меафзояд.

Ҳушдори Абдулло Давлатов аз авҷи коронавирус: ба умеди ваксина нашавед

Бино ба гузориши тозаи ситоди фаврӣ дар шабонарӯзи охир дар 83 минтақаи Русия 8 232 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар умум аз аввали ҳамагирии коронавирус дар Русия 1 167 805 кас мубталои коронавирус шудааст.

Пештар шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфт, афзоиши шумораи беморони гирифтори COVID-19 дар беморхонаҳо "шӯхӣ" нест ва аз мардум даъват кард, ки нисбат ба саломатии худ эҳтиёткор бошанд ва дар сурати имкон ширкатҳои бузург кормандонашонро ба кори фосилавӣ гузаронанд.

17
Барчаспҳо:
низом, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон