Паноҳҷӯёни Ракҳайн. Акс аз бойгонӣ

Талоши Индонезия барои кумак ба мусулмонони Мянма

317
(Таҷдидшуда 09:21 05.09.2017)
Раҳбари ВКД Индонезия ва Мянма вомехӯранд, то вазъи қабилаи Ракҳайнро баррасӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 4 сен— Sputnik. Вазири умури хориҷии Индонезия Ретно Марсуди ва раҳбари ВУХ Мянма До Аун Сан Су Чжи вазъи мусулмонони Ракҳайнро муҳокима мекунанд.

Ба гузориши оҷонсии Рейтер, яке аз муҳимтарин масъалаҳои ин дидор — кумаки башардӯстона ба намояндагони қабилаи Роҳинҷа хоҳад буд.

"Мо пешниҳоди Индонезияро дар бораи кумаки башардӯстона ба Ракҳайн ба тамом муҳокима мекунем", — менависад оҷонсӣ аз қавли Марсуди.

Интизор меравад, ки Ретно Марсуди  ба Бангладеш сафар карда ҳукумати ин кишварро барои кумак ба мусулмонон даъват кунад.

Ҳазорон шаҳрвандон рӯзи душанбе дар назди сафорати Мянма дар Ҷакарта ва Маскав ба тазоҳурот баромада, ҳукумати Мянмаро барои қатъи амалиёт даъват карданд.

Мусулмонони Маскав барои дастгирии мусалмонони қабилаи Роҳинҷа дар назди сафорати Мянмаи Маскав намоз гузоштанд. Эътирозгарон дар назди сафорат ҷамъ шуда бо шиорҳои "Мо зидди куштор" баромад карданд.

Шумораи эътирозгарони мусулмон алайҳи "қатли ом"-и Мянма, дар назди сафорати ин кишвар дар Маскав, чунон зиёд шуд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андешидани чораҳои зарурӣ гузаштанд.

"Кормандони пулис ба касе кор надорад. ОМОН сафоратро посбонӣ дорад", — гуфт яке аз шоҳидони ҳол.

Ёдоварӣ мекунем, ки амалиёти  артиши Мянма дар вилояти Ракҳайн рӯзи 25 август дар посух ба ҳамлаҳои чирикиҳо аз Артиши озодии Аракан (АРСА) ба 20 посгоҳи пулис оғоз ёфт. Ин амалиёт ба куштори чандин мардуми осоишта боис шуд. Гуфта шуд, ки беш аз 400 мусулмон дар ин амалиёт қатл шудааст.

Дар изҳороти артиши Мянма гуфта мешавад, ки дар паи баргузории 90 амалиёт, ки рӯзи 25 август оғоз шудааст, 370 ҷангҷӯй нобуд карда шуд.

Ҳукумати Мянма мардуми дигар эътиқодро ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд дар ҳоле, ки мусулмонони Роҳинҷа дар Бангладеш паноҳ меҷӯянд.

317
Барчаспҳо:
қазияи Мянма, Ретно Марсуди, Индонезия
Мавзуъ
Намозу эътирози мусулмонони Маскав алайҳи "қатли ом" дар Мянма
День 6 марта

Зодрӯзи Парвин Юсуфӣ ва таъсиси клуби "Реал": имрӯзи таърих

14
(Таҷдидшуда 18:04 02.03.2021)
Рӯзи шашуми март дар Ҷумҳурии Муғулистон Рӯзи матбуот ва дар Гана Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 6 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон  маҷаллаи "Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ" нашр шуд.

Соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.

Соли 1902 клуби футболи "Реал" (Мадрид) таъсис дода шуд.

Соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.

Соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.

Рӯзи 6 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.

Соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи "Вахш"-и Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд.

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 март

  • Дар Муғулистон – Рӯзи матбуот.
  • Дар Гана – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 6 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1928 - доктори илмҳои филология, профессор Расул Ҳодизода.

Соли 1938 - шоир Одина Мирак.

Соли 1945 - иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров.

Соли 1969 - сорояндаи маъруфи тоҷик Парвин Юсуфӣ.

14
Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Тоҷикистон ба узвияти СММ пайваст: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Акашариф Ҷӯраев ва нахустин пирӯзии Майк Тайсон: имрӯзи таърих
Зодрӯзи Дона Баҳромов ва ифтитоҳи Маҷмааи тандурустии "Истиқлол": имрӯзи таърих

Вазъи коронавирус дар ҷаҳон: аз маҳдудиятҳои нав дар Урупо то талош барои ваксинаҳо

76
(Таҷдидшуда 21:00 05.03.2021)
Шабонарӯзи гузашта дар дунё 164 ҳазору 748 нафар ба коронавирус сроят шуду шумори гирифторон аз аввали ҳамагирӣ то кунун ба 116 миллиону 233 ҳазору 565 нафар расид

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Дар 24 соати гузашта боз 5 ҳазору 13 нафар аз ин вируси маргзо ҳалок шуданд ва теъдоди ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 2 миллиону 581 ҳазору 943 нафар расид, хабар медиҳад КҲФ бо такя ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт.

Тибқи иттилои СҶБ, то кунун 91 миллиону 902 ҳазору 716 нафар аз коронавирус пурра муолиҷа шудаанд, вале 90 ҳазору 081 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.

Чун рӯзҳои пеш ИМА, Ҳинд ва Бразилия се кишваре мебошанд, ки аз ҳама бештар гирифторони коронавирус доранд.  

Перу аввалин бастаи воксани зидди коронавируси тавлиди ширкати амрикоии Pfizer-ро дарёфт кард.

Дар Шветсия теъдоди марг ба асари КОВИД-19 дар шабонарӯзи гузашта дар қиёс ба як рӯзи пеш 13 нафар афзуд.

Юнон тадбири нави зидди коронавирус меандешад, карантини эълоншуда шадидтар мешавад. Аз 4 марти соли равон сокинон метавонанд танҳо ба он бонкҳо ва марказҳои тиҷоратӣ ва дукону мағозаҳое раванд, ки дар қаламрави ноҳияи истиқомати онҳо ҷойгиранд.

Истифодаи мошинҳо низ ба ин хотир манъ шудааст. Ин маҳдудиятҳо то 16 март идома хоҳанд кард.  

Ироқ расман ваксинаи "Спутник V" -ро ба қайд гирифт.

Хазинаи Русиягии сармоягузориҳои мустақим сабти воксани русии  "Спутник V" дар  Шри-Ланкаро тасдиқ намуд.

Ҳукумати Таиланд моҳи июл инзивои ҳатмии сайёҳони хориҷӣ ба қаламрави ин подшоҳиро кутоҳ мекунад. Қарор аст моҳи октябр дар ин кишвар карантин пурра барҳам дода шавад.

Европу накрывает третья волна коронавируса
Ruptly / instagram.com/vkikilias / lv.wikipedia.org / New Media Department of Nowon-Gu District Office, Seoul

Эҳтимол меравад Ҷопон низоми ҳолати фавқулода дар кишварро дар иртибот ба авҷи сирояти коронавирус боз ду ҳафтаи дигар тамдид кунад. Ин дар ҳолест, ки муҳлати эълоншуда дар Токио ва навоҳии наздик ба он рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад.  

Чин фурӯши се доруи суннатии тиббиро барои муолиҷаи COVID-19 иҷозат дод.

Ҳукумати Гурҷистон барои дарёфти 1 миллион воя ваксини коронавируси тавлиди ширкати дорусозии амрикоии Novavax мувофиқат кард.

Дар Қазоқистон шумори гирифторони шабонарӯзии коронавирус афзудааст. Мақомот ахиран эълон карданд, ки зарфи 24 соати гузашта дар ин кишвар 804 мубталои навро ба қайд гирифтаанд, ки аз рӯзи пеш 87 бемор бештар аст.

Қирғизистон аз ошкор шудани боз 54 ҳодисаи сирояти нав ба коронавирус хабар дод.  

Шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар Ӯзбекистон аз аввали ҳамагирӣ ба 80 035 нафар расидааст.

Дар Тоҷикистон хушбахтона дар давоми шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

76
Барчаспҳо:
бемориҳои сироятӣ, вируси корона, Ҷаҳон