Паноҳҷӯёни Миёнмор

СММ барои кӯмаки паноҳҷӯёни Миёнмор 7 милюн ҷудо кард

74
(Таҷдидшуда 11:34 10.09.2017)
Созмони милали муттаҳид барои кӯмаки фаврии фирориёни иёлати Ракҳайни Миёнмор 7 милюн дулор ҷудо кард

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Дар тайи ҳафтаҳои ахир дар иёлати Миёнмор байни нерӯҳои давлатии амниятӣ ва гурӯҳи мусаллаҳи мардуми мусалмони рӯҳинҷа задухурдҳо идома доранд.

Бино бар иттилои СММ, маблағе, ки ҷудо шудааст, барои беҳдошти даҳҳо ҳазор фирориёни Миёнмор, ки дар қаламрави Бангладеш паноҳ ёфтаанд, равона мешавад.

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат бо раиси ҷумҳури Туркия афзоиши исломбадбиниро дар Миёнмор шадидан маҳкум кард.Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, то бо истифода аз воситаҳои муассир пеши роҳи чунин зуҳуроти хатарзо гирифта шавад.

Индонезия гуфтааст, омодааст дар ин қазия ба Банглодеш, ки бештарин паноҳҷӯёнро пазируфтааст, кумак расонад.

Руҳинҷо мардуме мусулмон ҳастанд, ки дар иёлати Рохин дар Миёнмор зиндагӣ мекунад. Руҳинҷо худро мардуми бумии иёлати Рохин мешуморанд, вале гурӯҳҳое аз миёнмориён онҳоро мардуме омада аз Банглодеш медонанд ва аз кишварашон меронанд.

74
Барчаспҳо:
кӯмак, СММ, Дар ҷаҳон
Дети в защитных масках

Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт

168
(Таҷдидшуда 18:15 27.10.2020)
Мутахассисон кӯдакони гирифтори коронавирусро муоина карда, оқибатҳои хатарнокро муайян кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Кӯдаконе, ки гирифтори коронавируси нав ҳастанд, метавонанд ба оқибатҳои вазнин дучор оянд, мегӯяд Лайло Намозова-Баранова, раиси кумитаи иҷроияи Иттиҳоди педиатрҳои Русия.

Ба гуфтаи вай, ташхиси кӯдаконе, ки сироят ёфтаанд, таҳдиди камборвариро нишон дод.

"Назорати кӯдаконе, ки ба ягон намуди сирояти коронавирус гирифтор шудаанд, ҳатмист" гуфт коршинос.

Тибқи натиҷаҳои пурсиш, пас аз коронавирус дар беморони хурдсол, 30% коҳиш ёфтани функсияҳои маърифатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Чунин нишондиҳандаҳо ҳатто дар кӯдаконе ёфт шудаанд, ки бемории бе аломат доштанд.

Олимон гуфтанд, кадом омил хавфи марг аз коронавирусро дучанд мекунад

"Пас аз гирифторӣ ба сирояти коронавирус, писарон тағироти ҷиддии сперматогенезро аз сар мегузаронанд. Дар оянда ин моро бо мушкилоти камборварии наслҳои оянда таҳдид мекунад", - хулоса кард мутахассис.

168

Лавров оид ба таҳримоти ИА дар робита ба Навалний алайҳи Русия: беҷавоб нахоҳад монд

81
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, таҳримҳое, ки Олмон ва Фаронса дар робита ао ҳодисаи Алексей Навалний оғоз кардаанд, нишон медиҳанд, ки Ииттиҳоди Аврупо ба қадри кофӣ баҳо дода наметавонад.

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. 15 октябр Брюссел алайҳи шаш русиягӣ ва як пажӯҳишгоҳи илмӣ маҳдудият ҷорӣ кард ва Маскав ваъдаи вокуниши баръаксро кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Лавров "радди мағрурона" -и Берлинро аз посух додан ба дархостҳои сершумори Додситонии кулли Русия дар бораи Навалний ёдовар шуд.

Ба гуфтаи дипломат, ин ӯҳдадориҳои Олмонро дар назди Конвенсияи Аврупо оид ба кӯмаки мутақобила дар масъалаҳои ҷиноӣ вайрон мекунад.

“Ба ҷои эҳтиром ба ин санади ҳуқуқии байналмилалӣ, намояндагони Олмон ва Фаронса як ташаббуси дигари таҳримҳои ғайриқонунии ИА алайҳи шаҳрвандони Русияро оғоз карданд.  Ҳамаи ин таассуфовар аст ва ба таври равшан нишон медиҳад, ки <...> талоши (Брюссел. – аз идора.) худро берун аз қонун гузоштан аст-”, - гуфт Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи Хорватии “Вечерный Лист”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлаҳои зиддируссии ҳамкасбони ғарбӣ, ки дипломатияро фаромӯш кардаанд ва ба сатҳи дағалии ғайриоддӣ расидаанд, дар Маскав беҷавоб нахоҳанд монд.

Александр Сабаев: ташхиси Навалний дар бораи "заҳролудшавӣ" тасдиқ нашуд

Дипломат қайд кард, ки Вашингтон ва Брюссел талошҳои худро барои боздоштани рушди Русия дучанд кардаанд, аммо дар айни замон онҳо ҳеҷ далеле дар бораи иттиҳомоти зидди Маскав пешниҳод намекунанд.

Лавров изҳори умедворӣ кард, ки шарикони аврупоӣ барои барқарор кардани муколама ба қадри кофӣ ақли солим ва дурандешӣ дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, моҳи август блогери рус Алексей Навалний дар ҳавопаймо аз ҳуш рафт ва оҷилан ба беморхона интиқол дода шуд.

Ёдарс мешавем, ки 20 август Алексей Навалний дар роҳи бозгашт аз шаҳри Омск ба Москва дар ҳавопаймо дучори мушкили ҷисмонӣ шуд ба навъе, ки ҳавопаймо ночор ба фуруди изтирорӣ дар шаҳри Томск шуд.

Сипас баъд аз беҳтар шудани вазъи саломатиаш оқои Навалний барои муолиҷа ба Олмон мунтақил шуд ва давлати Олмон эълом кард, ки бар асоси натоиҷи як озмоишгоҳи низомӣ дар ин кишвар, Алексей Навалний бо унсуре аз гурӯҳи маводи кимёии фалаҷкунанда мавсум ба"Навичок" масмум шудааст.

Аммо Вазорати хориҷаи Русия гузоришҳои олмониҳо дар бораи  Навалниро беасос донист.

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

Ахиран бемористони Шарите, ки дар шаҳри Берлин қарор дорад, рӯзи душанбе эълом кард,ки вазъият саломатии Алексей Навалний беҳбуд ёфт ва ӯ аз бемористон ҷавоб шуд.

81
Барчаспҳо:
Олмон, ИА, Сергей Лавров, Русия

Путин кушташудаҳо дар Қарабоғро бо ҷонбохтагон дар Афғонистон қиёс кард: хеле зиёд-навор

0
(Таҷдидшуда 19:44 27.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, теъдоди кушташудаҳо аз ҳар ду ҷониб дар Қарабоғи Куҳӣ тайи як муддати кӯтоҳ ба 5 ҳазор нафар наздик омадааст

Раисиҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тайи 10 соли ҷанг дар Афғонистон, нерӯҳои Иттиҳоди шӯравӣ 13 ҳазор нафарро аз даст доданд, аммо дар Қарабоғ тайи чунин як муддати кӯтоҳ теъдоди ҷонбохтагон аз ҳарду ҷониб ба 5 ҳазор нафар наздик шудааст.

“Чӣ қадар маҷруҳанд, чӣ қадар мардум азоб мекашанд, чӣ қадар кӯдакон? Аз ин лиҳоз ҳодисаи мазкур барои мо махсус мебошад”, -изҳор дошт раисиҷумҳури Русия.

“Мухолифат ба шеваи бадтаринаш”, - тасвир кард Владимир Путин ҳаводис дар Қарабоғи Куҳиро.

Раисиҷумҳури Русия таъкид намуд, ки фоҷиаи асосӣ ин марги одамон мебошад. Талафот аз ҳар ду ҷониб беш аз 2 ҳазор нафариро ташкил медиҳад.

Алиев мегӯяд, Боку ба ҳеҷ ваҷҳ истиқлолияти Қарабоғро намепазирад: Пашинян чӣ мегӯяд

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки Маскав тамоми талошашро мекунад, то хунрезӣ дар Қарабоғи куҳӣ қатъ шавад.

0
Барчаспҳо:
шарҳ, Владимир Путин, ҷанг дар Қарабоғ, Қарабоғи Кӯҳӣ