Даргузашти ҳунарманди Шӯравӣ Зураб Соткилава

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкОперный певец Зураб Соткилава, архивное фото
Оперный певец Зураб Соткилава, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунраманди мардумии ИҶШС, овозхони опера Зураб Соткилава субҳи имрӯз даргузашт

ДУШАНБЕ, 18 сен— Sputnik. Ҳунарманди номдори гурҷӣ ва русӣ, овозхони Театри Бузурги Маскав (Большой театр) — Зураб Ловрентевич Соткилава субҳи рӯзи душанбе аз олам чашм пӯшид.

Дар ин бора хешовандони ҳунарманд хабар доданд.

"Пас аз ҷарроҳӣ Зураб худро беҳтар эҳсос кард ва умед буд, ки ӯ комилан сиҳат мешавад. Вале мутаассифона, ин ҳодиса рух надод. Зураб субҳи имрӯз даргузашт", — навиштааст РИА Новости аз қавли хешованди ҳунарманд.

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкОперный певец Зураб Соткилава, архивное фото
Оперный певец Зураб Соткилава, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Оперный певец Зураб Соткилава, архивное фото

Зураб Соткилава 12 марти соли 1937 ба дунё омадааст. Овозхони машҳур аз соли 1974 инҷониб яккахони Театри Бузурги Маскав мебошад. Зураб Лаврентевич профессори консерваторияи Маскав мебошад.

Моҳи июли соли 2015 Зураб Соткалива ба бемории вазнин онкологӣ гирифтор шуд. Ҳунарманд аз саратони ғадуди зери меъда танқисӣ мекашид.

Пас аз ҷарроҳӣ дар Олмон ва табобат дар Русия овозхон ба фаъолияти пештарааш баргашт. Нахустин консерти ӯ пас аз сиҳатшавӣ 25 октябри соли 2015 баргузор шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0