Военные с флагом Курдистана. Архивное фото

Эрону Ироқу Туркия аз Курдистон хостаанд аз истиқлол даст кашад

43
(Таҷдидшуда 18:36 21.09.2017)
Вазирони умури хориҷаи Эрон, Ироқ ва Туркия дар баёнияи муштараке мухолифати худро бо баргузории ҳамапурсии ҷудоии Курдистон аз Ироқ эълом карданд

 

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Вазирони умури хориҷаи Эрон, Ироқ ва Туркия дар поёни нишасти сеҷониба дар Ню-Йорк дар бораи тарҳи ҳамапурсии ҷудоии иқлими Курдистон аз Ироқ баёнияи муштарак содир карданд.

Вазирҳои хориҷаи Эрон, Туркия ва Ироқ Муҳамадҷавод Зариф, Иброҳим Ҷаъфарӣ ва Мавлуд Човушӯғлу дар ин баёния бар тамомияти арзии Ироқ ва ваҳдати сиёсӣ дар он кишвар таъкид кардаанд.

Дар ин баёния нигаронӣ шуда, ки тарҳи ҳамапурсии ҷудоӣ дар иқлими Курдистони Ироқ ҳама талошҳову дастовардҳои Ироқ дар мубориза бо гурӯҳи теруристии ДОИШ-ро дар маърази хатар қарор медиҳад ва муноқишаи ҷадидеро дар минтақа доман мезанад, ки маҳори он ба осонӣ муяссар нахоҳад буд.

Вазирони хориҷаи Эрон, Ироқ ва Туркия ҳамчунин бар ҳамоҳангӣ дар мухолифат бо баргузории ҳамапурсӣ таъкид кардаанд ва аз раҳбарони Курдистон хостаанд аз ин иқдом худдорӣ кунад, зеро, ба боаварашон, "ҳамапурсӣ ба нафъи курдҳо ва идораи маҳаллии минтақаи Курдистони Ироқ нахоҳад буд".

Эрон, Ироқ ва Туркия ҳамчунин гуфтугӯи созанда дар чорчӯби Қонуни асосии Ироқро ягона роҳи ҳалли мавзуъот миёни Бағдод ва Арбил донистаанд.

Дар ин баёния ҳамчунин бар аҳамияти ҳимояти Эрону Туркия дар ҳаллу фасли ин мавзуъ ва маҳори танишҳо дар ин минтақа ва бар зарурати талошҳои байналмилалӣ барои мутақоид кардани Курдистон ба даст кашидан аз ин ҳамапурсӣ ва истиқлол таъкид шудааст.

Раҳбарони иқлими Курдистони Ироқ қарор додаанд 25 сентябр ҳамапурсии ҷудоии ин минтақа аз Ироқро баргузор кунанд.

43
Барчаспҳо:
истиқлол, Курдистон, ҳамапурсӣ, Курдистон-Ироқ-Эрон-Туркия
Мавзуъ
Эрон ва Амрико намехоҳанд Курдистон аз Ироқ ҷудо шавад
Кинхоҳӣ аз теруристҳо: пайкори занони курд бо ДОИШ