Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ

Зудухӯрди мухолифони Эрдуғон ҳангоми суханрониаш дар Ню-Йорк

1531
(Таҷдидшуда 15:18 23.09.2017)
Задухӯрд ҳангоми суханронии раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҷаласаи Кумитаҳои миллии Туркия ва Амрико дар Ню-Йорк сар зад

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Суханронии кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ҷаласаи Кумитаҳои миллии Туркия ва Амрико бо далели задухӯрд қатъ шуд.

Ба гузориши New York Times, ин задухӯрд миёни тарафдорон ва мухолифони Эрудғон сар задааст.

Ба гузориши рӯзнома, раисҷумҳури Туркия дар ҷаласаи якҷояи Туркия ва Амрико дар меҳмонхонаи Marriott Marquis суханронӣ кард. Эрдуғон пас аз ширкат дар Иҷлосияи 72-уми Маҷмааи Умумии СММ ба ин ҷо омада буд.

Дар давоми суханронии ӯ касе аз толор садо баровард: "Ту терурист ҳастӣ. Аз кишвари ман гум шав!".

Пас аз ин суханон задухӯрд оғоз шуд, ки ширкаткунандагон онро ба навор гирифтанд.

Аз навор дида мешавад, ки чӣ амниятиҳо гуна тазоҳуркунандагонро тела додаву берун мебароранд.

Чуноне пулиси Ню-Йорк хабар медиҳад, дар паи ин задухӯрд камо беш панҷ кас боздошт шуда пас аз чанде озод шуданд.

1531
Барчаспҳо:
задухӯрд, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Амрико
Таблетки, архивное фото

"Левилимаб": дуюмин доруи зидди COVID - 19 дар Русия аз сӯи Вазорати беҳдошт тасдиқ шуд

701
Вазорати беҳдошти Русия дуюмин доруеро тасвиб кард, ки ба паҳншавии коронавирус дар бадан монеъ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Вазорати тандурустии Русия боз як доруи зидди COVID -19 -ро, ки аз озмоиш бомуваффақият гузашт, иҷозати ба истеҳсол бароварданро дод.

Ба иттилои манбаъ, "Левилимаб" (номи тиҷоратии "Илсира") пас аз озмоишҳои клиникӣ шаҳодатнома дар бораи сабти ном гирифт.

Вазорат гуфт, ки дору дар беморони гирифтори коронавируси вазнин бисёр муассир аст.

Дору, ки аз ҷониби ширкати биотехнологии Русия "Биокад" таҳия шудааст, дар ибтидо барои табобати артрит истифода мешуд.

СУТ аз ҷаҳиши дубораи "мудҳиш"-и коронавирус дар ҷаҳон ҳушдор дод

Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дода буд.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии "Авифавир" аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.

Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб кардан имкон надорад.

701
Барчаспҳо:
тасдиқ, маризӣ, дору, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Криштиану Роналду, нахустин футболбозе, ки миллиардер шуд

310
Криштиану Роналду футболбози португалӣ ва ҳамлвари бошгоҳи “Ювентус” нахустин футболбозе эълон шуд, ки аввалин миллиард доллар кор кардааст

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Дар ин бора маҷаллаи Forbes хабар дода гуфтааст, даромади нобиғаи футболи ҷаҳон Роналду марзи 1 миллиардро гузашт.

Футболбози 35 солаи португалӣ чунин натиҷа миёни дигар варзишгарон зинаи сеюмро ишғол мекунад. Пеш аз Роналду миллиардҳои худро голфбоз Тайгер Вудс ва муштзан Флойд Мейвезер ба даст овардаанд.

Роналду дар тӯли 17 соли фаъолияти худ дар футбол аз клубҳои мухталиф 650 миллион доллар маош гирифта, маблағи боқимонда аз шартномаҳои гуногуни сарпарастӣ мебошад.

Дар соли қаблӣ Роналду 105 млн евро ба даст овардааст.

Ёдовар мешавем чанд рӯз қабл ширкати машваратии Attain ҳисоботи даромади варзишгарронро дар Instagram давоми карантиназ 12-уми март то 14-уми май ҳисоб карда Роналдуро дар зинаи аввал қарор дода буд.

Ба гузориши ширкати машварати футболбоз дар ин муддат аз Instagram 2,1 млн евро кор кардааст.

310
Свеча

Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт

261
(Таҷдидшуда 23:48 06.06.2020)
Баҳрин нахустнабераи шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат дар синни 42 - солагӣ аз олам ҷашм пӯшид. Иллати марги ӯ маризии гурда арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хабари фавти бармаҳали Баҳрин - нахустнабераи Мӯъмин Қаноат шоири зиндаёдро адиби тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода дар сафҳаи Фейсбукии худ коридаст.

акс аз сафҳаи фейсбукии Комилзода Аҳмадшоҳ
Баҳрин нахустнабераи Мӯъмин Қаноат

Ба навишати Комилзода, набераи устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ҳамагӣ 42 - сол умр дошта, бар асари бемории шадиди гурда, рӯзи 6 - уми июн аз олам чашм пӯшид. 

"Баҳрин ҷавони донишманд, донанда ва тарҷумони хуби се забон – порсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буд, ки бо ин се забон кору тарҷума мекард", - навиштааст Комилзода.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Аз марҳум ду фарзанд Суруш ва Мумтоз, ки яке 15 - сола ва дувумӣ 13 - солаанд, ятим монданд.

Дӯстони Баҳрин, даргузашти ӯро ҳамчун шахсияти соҳибхираду соҳибғурур ва нафари ботамкин, як мусибати бузурги ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд.

261