Дональд Трамп

Ҷавоби Трамп ба вазири Куриё: Ким Чен Ин ба наздикӣ "нобуд" мешавад

303
(Таҷдидшуда 13:43 25.09.2017)
Ли Ён Хо вазири умури хориҷаи Куреи Шимолӣ ҳангоми суханрониаш дар Иҷлосияи 72-уми Маҷмаи Умумии СММ раисҷумҳури Амрикоро "гирифтори бемории рӯҳӣ" номида қайд кардааст, ки ба ӯ "тугмаи атомӣ"-ро набояд бовар кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Ба иттилоъи хабаргузории РИА Новости, раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба гуфтаҳои вазири умури хориҷаи Куриё Ли Ён Хо вокуниш кардааст.

Лидери амрикоиҳо дар ин вокунишаш таҳдид карда, ки ба наздикӣ раҳбари Куриё Ким Чен Ин "нобуд" мешавад.

"Ҳаминак ман суханони вазири корҳои хориҷаи Куреи Шимолиро, ки дар Иҷлосияи СММ гуфтааст, гӯш кардам. Агар ӯ фикри одами "кӯчак-мушак" — ро идома доданӣ бошад, онҳо инҷо дер намемонанд!", — навиштааст Трамп дар саҳифаи Twitter.

Пештар Ли Ён Хо вазири умури хориҷаи Куреи Шимолӣ ҳангоми суханрониаш дар Иҷлосияи 72-уми Маҷмаи Умумии СММ раисҷумҳури Амрико Доналд Трампро "гирифтори бемории рӯҳӣ" гуфту қайд кард, ки ба ӯ "тугмаи атомӣ"-ро набояд супорид.

Ӯ ҳамчунин изҳори боварӣ кард, ки Трамп Қасри сафедро ба "бозор" табдил додааст ва дар баробари ин қавл дод, ки Трамп барои суханони нисбати раҳбари Куреи Шимолӣ гуфтааш, ҷавоб хоҳад дод.

"Трамп мумкин намефаҳмад, чӣ гуфта истодааст, вале мо натиҷаи онро барояш кафолат медиҳем", — гуфт вазир.

Раисҷумҳури Амрико дар ҳошияи Иҷлосияи СММ таҳдид кард, ки Куреи Шимолиро пурра нобуд хоҳад кард. Дар баробари ин ӯ Ким Чен Инро "инсон-мушак" номид, ки ба сӯи худкушӣ парвоз дорад. Раҳбари Куреи Шимолӣ бо изҳороти шахсӣ ба Трамп посух гуфту таҳдид кард, ки ӯро ба коми оташ хоҳад кашид.

303
Барчаспҳо:
вокуниш, таҳдид, Доналд Трамп, Ким Чен Ин, Куреи Шимолӣ, Амрико
Мавзуъ
Таркиш ва заминларза: Куреи Шимолӣ бомби ҳидрогенӣ озмоиш кард
Раҳбари Куреи Шимолӣ артишашро омода ба ҷанг бо Амрико кард
Наҷотдиҳандагони тоҷик аз Куреи Ҷанубӣ корафзорҳои фаннӣ дарёфт карданд
Чин бо таҳримҳои Амрико бар Русияву Эрону Куреи Шимолӣ шадидан мухолифат кард
Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках.

Шифо ёфтани 105 ҳазор мубталои коронавирус дар Эрон

64
(Таҷдидшуда 16:57 24.05.2020)
Мақомоти Эрон ҳамчунин аз фавти 58 бемори коронавирус дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар додаанд.

ДУШАНБЕ, 24 мая — Sputnik. Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, ки то кунун 105 ҳазору 801 нафар аз мубталоён ба коронавирус дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон, рӯзи якшанбе, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бороаи охирин омори мубталоён ба коронавирус дар Эрон гузориш додааст.

Ба қавли ӯ, дар 24 соати гузашта 2180 бемори ҷадид ошкор шуданд.

"Аз байни мубталоёни ҷадид, 364 маврид бистарӣ ва 1816 маврид сарпоӣ ва аз афроди дар тамос бо мубталоён буданд, ки шиносоӣ шуданд ва маҷмӯи беморони коронавирус дар Эрон ба 135 701 нафар расид", - афзудааст Киёнуши Ҷаҳонпур.

Эрон худкифо шуд: тамоми ниёзҳои ин кишвар дар муқобила бо вируси корона таъмин аст

Ӯ ҳамчунин аз фавти 58 бемор дар як шабонарӯз хабар додааст. Шумораи умумии ҳалокатёфтагон7 417 нафарро ташкил медиҳад.

64
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Баъди карантини 108 миллион кас: ошкоршавии чанд гирифтори коронавирус дар Чин

417
(Таҷдидшуда 16:12 24.05.2020)
Комиссияи миллии тандурустии Чин дар бораи гирифтор шудани чанд нафар аз сокинони кишвар ба вируси корона хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Дар Чин бақайдгирии гирифторони коронавируси COVID-19 идома дорад, хабар медиҳад Комиссияи миллии тандурустии кишвар.

Бино бар иттилои комиссия, дар як шабонарӯзи гузашта 3 нафар гирифтори ин вирус пайдо шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ду нафари бемор ба наздикӣ аз хориҷа баргашта буданд. Нафари севум бевосита дар дохили кишвар мубтало шудааст.

Бино бар маълумоти ахир, аз аввали пандемия дар Чин ҳудуди 83 ҳазор кас ба коронавирус гирифтор шуданд. Қурбониён 4,6 ҳазор тан гуфта мешавад.

Бурузи коронавирус маҳз ба Чин иртибот дорад. Нахустин шуда, дар ин кишвар дар охири соли 2019 аз пайдо шудани мубталоён ба вируси корона хабар доданд. Вирус зуд дар дигар кишварҳо ҳам паҳн гардид.

Авҷи беморӣ дар Чин ба моҳҳои январу феврал рост омада, моҳҳои марту апрел коҳиши паҳншавии он ба назар мерасид. Дар пайи ин коҳиш, кишвар маҳдудиятҳо ва карантинро бекор кард.

Олимони рус як шарти пирӯзӣ бар коронавирусро гуфтанд

Аммо ду ҳафтаи ахир дар се шаҳри Чин 46 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор шуд. Дар натиҷа дар шимолу шарқии Чин бештар аз 108 миллион шаҳрванд ба карантин фаро гирифта шуданд.

 

417
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
День 25 мая

Ҷашнҳои рӯзи 25 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:13 24.05.2020)
Рӯзи 25 май Рӯзи байналмилалии ғадуди сипаршакл, Рўзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумгашта буда дар Тоҷикистон- Рӯзи корманди соҳаи стандартизатсия ва метрология, дар Олмон — Рӯзи падар, дар Русия — Рӯзи адабиётшиносон ва Рӯзи озодкунии Африқо мебошад

Рӯзи 25 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1946 Англия истиқлолияти худро аз Иордания эълон кард.

Соли 1953 дар Хюстон  (штати Техас) аввалин шабакаи телевизионии омӯзишии ғайритиҷоратӣ таъсис дода шудааст.

Соли 1956 бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС барои шахсони аз 16 то 18-сола, дар 1 рӯз 6 соати корӣ муқаррар шуд.

Соли 1962 дар шаҳри Киев (Украина) ҳафтаи адабиёти тоҷик оғоз гардид.

Рӯзи 25 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1993 дар ҷараёни аввалин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва-пойтахти Федератсияи Русия як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ба  имзо расиданд, ки ба рушди муносибатҳои минбаъдаи ҳуқуқию дипломатии ду кишвар замина гузоштанд.

День 24 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1993 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ноҳияи Ванҷ таъсис дода шуд.

Соли 2004 дар сарҳади Тоҷикистону Чин нуқтаи назоратии Қулма-Қаросу  ба истифода дода шуд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми доираи соҳибкорони Покистону Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Шӯрои Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх вазъи вақт ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 май

  • Рӯзи байналмилалии ғадуди сипаршакл.
  • Рўзи умумиҷаҳонии кӯдакони гумгашта.
  • Дар Тоҷикистон- Рӯзи корманди соҳаи стандартизатсия ва метрология.
  • Дар Германия — Рӯзи падар.
  • Дар Русия — Рӯзи адабиётшиносон.
  • Рӯзи озодкунии Африқо.

Рӯзи 25 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Самариддин Асозода (1972)- журналист.

Акрам Асроров (1936) – физикдон, профессор.

Суннатулло Бобохоҷаев (1929 – 2004) – доктори илми геологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.

Абдуҳофиз Бобоҷонов (1953) – доктори илмҳои физикаю математика.

Олуболу Боқиев (1934 – 2001) – доктори илми таърих, профессор.

 Амалхонум Гачиева (1947)- мутарҷим (аз тоҷикӣ ба русӣ).

 Тоҳирҷон Қурбонов (1953)- доктори илми иқтисод, профессор.

 Имомиддин Раҳимӣ (1956) – нависандаи ҳаҷвнигор.

Амон Раҷабов (1942) – шоири узбекзабони Тоҷикистон.

Баҳодур Сабуров (1944 – 2001) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Александр Тихонович (1898-1977)- доктори илми тиб, профессор.

Турсунпўлод Амини Истаравшанӣ (1949-2011) – шоир, Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Файзулло Улмасов (1952) – дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Ҳабибуллои Бекмуҳаммад (1948)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Сафо Ҳалимӣ (1933)- нависанда.

Абдуҳамид Ҷалилов (1926) – доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Хусрав Шанбезода (1956) – доктори илми филологӣ, профессор.

Сулаймон Эрматов (1946)- нависандаи узбекзабон.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 21 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 20 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон