Рамазон Абдулатипов. Акс аз бойгонӣ

Рамазон Абдулатипов аз раҳбарии Доғистон истеъфо дод

214
(Таҷдидшуда 09:12 29.09.2017)
Пас аз истеъфо Абдулатиповро барои баррасии идомаи фаъолияти сиёсӣ ва пешниҳоди номзадҳои нав ба ин симат ба Кремл боз хонданд

ДУШАНБЕ, 27 сент — Sputnik. Раҳбари Доғистон Рамазон Абдулапитов аз вазифааш истеъфо дод.

Дар ин бора рӯзномаи "Известия" хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Рамазон Абдулатипов мехоҳад симаташро тарк кунад. Ҳамакнун Абдулатиповро таъҷилан барои баррасии қарораш ва пешниҳоди номзадҳои ҷадид ба симати раҳбарӣ ба Кремл боз хондаанд.

Хадамоти матбуотии раҳбари Доғистон то кунун ин қазияро тавзеҳ надодааст.

Моҳи майи соли равон раҳбари Доғистон Рамазон Абдулатипов ба Тоҷикистон сафар карда буд.

Дар ин сафар ӯ бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор ва мулоқот карда ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳоро баррасӣ ва ба рушди ояндаи онҳо изҳори омодагӣ карда буд.

Ҳамчунин дар чорчӯби ин сафар Абдулатипов китобашро таҳти унвони "Халқи тоҷики ман" рӯнамоӣ карда буд.

"Ман ҳамеша ба тоҷикон муносибати бародарона доштам ва тоҷикон ҳам бо меҳр ба ман ҷавоб медоданд", — гуфта буд Абдулатипов.

Рамазон Абдулатипов чаҳор сол сафири Русия дар Тоҷикистон низ буд.

214
Барчаспҳо:
истеъфо, барканорӣ, Рамазон Абдулатипов, Доғистон, Русия