Вручение принцу Кариму Ага-Хану IV премии Global Change Award

Шоҳзода Карим Оқохон бо ҷоизаи Созмони милали муттаҳид сарфароз шуд

316
(Таҷдидшуда 12:58 19.10.2017)
Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аз Созмони милали муттаҳид ҷоизаи "Global Leadership Award"-ро дарёфт кард

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Созмони милали муттаҳид ҷоизаи "Global Leadership Award"-ро ба шоҳзода Карим Оқохон барои саҳми бузургаш дар умури хайрияву барномаҳои башардӯстона ва беҳбуди зиндагии мардумон тақдим кард.

Ин ҷоизаро дар маросиме, ки 18 октябр дар Ню-Йорк баргузор шуд, дабири кулли пешини СММ Куфӣ Ато Аънон ба раҳбари исмолиёни ҷаҳон тақдим кард.

Дар ҳошияи ин маросим шоҳзода Оқохон бо дабири кулли СММ Антониу Гуттериш низ дидор кард.

Принц Карим Ага-хан IV с генеральным секретарем ООН Гутерреш Антониу
Принц Карим Ага-хан IV с генеральным секретарем ООН Гутерреш Антониу

Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV чиҳилу нӯҳумин пешвои руҳонии мусулмонони шиъаи имомии исмоилии ҷаҳон аст, ки ҷамоаташон дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор касро дар бар мегирад. Ин ҷоиза ба подоши барномаҳои башардӯстонае ба бунёдгузори Шабакаи тавсеъаи Оқохон тақдим шуда, ки дар 60 соли имоматаш бар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон анҷом додааст.

Шабакаи тавсеъаи Оқохон гурӯҳе аз созмонҳои ғайримазҳабӣ, байналмилалӣ ва хусусӣ аст, ки дар заминаи беҳбуди фурсатҳо ва беҳзистии мардумон дар манотиқе аз ҷаҳони тавсеъаёбанда фаъолият мекунад. Созмонҳои ин Шабака хешкориҳои гуногуне аз беҳдошту омӯзишу парвариш гирифта то меъморӣ, тавсеъаи рустоӣ ва тарвиҷи сармоягузории бахши хусусӣ доранд. Ин созмонҳо дар ростои ҳадафе муштарак ҳамкорӣ мекунанд, ки он поярезии бунгоҳҳо ва барномаҳоест, ки бояд пайгирона посухгӯи чолишҳои тағйироти фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар ҷаҳон бошанд.

316
Барчаспҳо:
Оқохон, СММ, ҷоиза, Созмони милали муттаҳид, Шабакаи тавсеъаи Оқохон, Шоҳзода Карим Оқохони IV, Антониу Гутерреш
Мавзуъ
Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ ва тарҳҳои Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Тоҷикистон
Шоҳзода Оқохони IV дар Канада Қароргоҳи Маркази ҷаҳонии плюрализмро роҳ меандозад
Шоҳдухт Заҳро Оқохонро аз Душанбе коргузорони AKDN гусел карданд
Шоҳзода Оқохони IV бо Сергей Лавров дидор кард
Шоҳзода Карим Оқохони IV аз Маскав боздид мекунад

Изҳороти тунди Чин дар бораи сиёсати Амрико

125
(Таҷдидшуда 18:33 07.03.2021)
Вазорати корҳои хориҷии Чин сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро сахт интиқод кард

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар нишасти матбуотии солона дар ҳошияи иҷлоси Конгресси Умумиҷаҳонии Халқ сиёсати Амрикоро танқид кард.

Пеш аз ҳама, сиёсатмадор ба "демократияшинонӣ"-и Амрико  ишора кард, ки иёлот аз он сӯистифода мекунад.

"Иёлоти Муттаҳида доимо бо баҳонаи демократия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ба корҳои дохилии дигар кишварҳо дахолат мекунад. Ин дар ҷаҳон шумораи зиёди мушкилотро ба вуҷуд меорад ва дар баъзе ҳолатҳо боиси нооромӣ ва муноқишаҳо мегардад", - изҳор дошт Ван И.

Вазири корҳои хориҷии Чин қайд кард, ки агар ИМА хатогиҳои худро дарк накунад, ҷаҳон дур аз оромӣ  хоҳад монд.

Дипломати чинӣ илова кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Чин ихтилофи зиёде доранд, аммо кишвараш ба муколама омода аст.

"Мо барои амиқтар кардани ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳида боз ҳастем" гуфт ӯ.

Аммо, Чин ва Иёлоти Муттаҳида "хати сурх" доранд - ин принсипи "як Чин" ва масъалаи Тайван аст.

Си Ҷинпин ба артиши Чин фармон дод барои ҷанг бо Амрико омода бошанд

Ван И қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида набояд аз ин марз убур кунад. Сиёсатмадор инчунин изҳори умедворӣ кард, ки маъмурияти нави ИМА ба ин масъала диққати бештар хоҳад дод.

Масъалаи дигари сиёсати хориҷӣ, ки дар он мавқеи Чин ва Иёлоти Муттаҳида ба куллӣ ихтилоф доранд, фишор ба Теҳрон аст. Ван И гуфт, Чин ҷонибдори хотима додани фишор ба Теҳрон бо таҳримоти ИМА ва ба эътидол овардани вазъ дар Ховари Миёна аст.

125
Барчаспҳо:
Чин, Дар ҷаҳон
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото

Дастури Мирзиёев барои арзонкунии нархи манзил: "шаҳрвандон бо нархи имрӯза розӣ нестанд"

73
(Таҷдидшуда 18:33 07.03.2021)
Президент инчунин гуфт, ки ҳар як ҳокими ноҳия, шаҳр ва вилоят бояд арзиши сохтмонро дар минтақаи худ дарк кунад

ДУШАНБЕ, 7 март - Sputnik. Шавкат Мирзиёев ин нуктаро зимни як видеоконференс оид ба сохтмони манзил ва рушди бозори ипотека дар Ӯзбекистон гуфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президент.

"Ҳар як ҳокими вилоят бояд шахсан ба масъалаи манзил машғул шавад ва ба мардум ҳисобот пешниҳод кунад. Мушкилоти асосӣ ташаккули одилонаи нархи манзил аст. Шаҳрвандон бо нархи имрӯзаи манзил розӣ нестанд", - гуфт Мирзиёев.

Дар ҷараёни ин чорабинӣ сарвари давлат супориш дод, ки барои то 4 миллион сӯм кам кардани нархи ҳар метри мураббаи манзил чораҳои зарурӣ андешанд.

Президент инчунин гуфт, ки ҳар як ҳокими ноҳия, шаҳр ва вилоят бояд арзиши сохтмонро дар маҳалли худ донад.

Ба гуфтаи вай, масъулин бояд донанд, ки кадом масолеҳи сохтмониро арзонтар харидан мумкин аст, чӣ гуна арзиши семент ва металлро коҳиш бояд дод.

Ёдовар мешавем, баҳори соли гузашта Шавкат Мирзиев қонунеро дар бораи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи боҷи давлатӣ" имзо кард, ки сабукӣ дар хариди хонаро пешбинӣ мекард.

Афзоиши бунёди манзил дар Тоҷикистон дар замони пандемия

Қаблан шаҳрвандоне, ки дар дигар минтақаҳои ин кишвар зиндагӣ мекарданду дар қайди пойтах ва вилоятҳои Тошканд набуданд, мебоист ҳангоми хариди манзил дар Тошканд ва ё вилояти Тошканд панҷ фоиз аз маблағи шарномаи хариду фуруӯшро ҳамчун андоз ба давлат супоранд.

73
Барчаспҳо:
манзил, дастур, Мирзиёев, Ӯзбекистон
Продавец наливает мед в банку, архивное фото

Шӯрои уламо гуфт, ҷазои асалфурӯшони сохтакор чист

0
(Таҷдидшуда 20:05 07.03.2021)
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли корбарони сомонааш пдоши аъмоли мардумфиребиро гуфт, ки то куҷо хоҳад расид

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Мирзоумар, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки шакарро дар оташ ҷушонда ба он доруе омехта мекунанд, ки мисли асал мешавад, пас онро асали тоза гуфта мефурўшанд. Оё пули он ҳалол аст?

Шӯрои уламои Тоҷикистон посух додааст, ки Паёмбари акрам (с) дар ҳадисе фармудаанд: “Касе фиреб мекунад, аз мо нест”.

Пас, ҳар кору амале, ки дар он фиребу норостӣ вуҷуд дорад, баракате аз он ҳосил намешавад, ҳатто мумкин аст сабаби наҳсӣ дар зиндагӣ ва молу сарват ҳам гардад, таъкид кардааст, ин ниҳоди динии кишвар.

Манбаъ гуфтааст, ҳар касе панди "он чи ба худ написандӣ, ба дигарон написанд"-ро шиори зиндагии худ қарор диҳад, ҳаргиз ба ин гуна амали нораво даст намезанад.

Мавриди зикр аст, ки дар сомонаи Шӯрои уламо бахши суолу ҷавоб фаъол аст, ки корбарон дар он суолҳои худро аз бахшҳои гуногун ироа мекунанд. Ин ниҳод инчунин ба суолҳои дигари корбарон аз бахшҳои гуногун бо такя ба манобеи исломӣ посуху маслиҳат медиҳад.

Ёдовар мешавем, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани асалсозии сунъӣ хабар дод, ки барои як кило 10 сомонӣ харҷ мешаваду ба мардум чун асали куҳистон ба маротиб қиматтар фурӯхта мешавад.

Мурғи марҷону занбӯри асал: кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон ба занони мӯҳтоҷи деҳот

Маъмурини милисаи ноҳияи Деваштич муайян кардаанд, ки шаҳрванд Қосимов Шаҳриёр, сокини 22-солаи ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи мазкур наздики як сол инҷониб бо истифода аз шакар, кислотаи лиму, оби нӯшокӣ ва иловагиҳои маззадиҳанда маҳсулоти ба асал монандро таҳия ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Спитамен, Ҷ.Расулов, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва Конибодому Исфара ҳамчун асали табиии дар шароити куҳистон истеҳсолшуда ба фурӯш мебаровардааст.

 

0