Музаффар Хусейнзода и Ли Ёнг

Мудири UNIDO пешрафти Тоҷикистон дар заминаи навсозии санъатиро сутуд

25
(Таҷдидшуда 15:46 23.10.2017)
Мудири кулли Созмони тавсеъаи санъатии Милали Муттаҳид (UNIDO) дар дидор бо муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон пешрафтҳои кишвар дар заминаи навсозии санъатиро чашмгир донист

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ба иттилоъи Вазорати умури хориҷии ҶТ, 19 октябр дар ҳошияи машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия муовини вазири умури хориҷии ҶТ Музаффар Ҳусейнзода бо мудири кулли Созмони тавсеъаи санъатии Милали Муттаҳид (UNIDO) Ли Ёнг дидор кард.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва UNIDO қаноатмандӣ намуда, тарҳҳои "Навсозӣ ва афзоиши рақобатпазирӣ дар бахши қолинбофӣ ва кашидадӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Мусоидат ба рушди фарогир ва устувори саноат дар камарбанди иқтисодии Роҳи нави абрешим: таҳкими қудрати паркҳои саноатӣ, минтақаҳо ва шаҳрҳо дар Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон"-ро намунаи хубӣ ҳамкорӣ номиданд.

Музаффар Ҳусейнзода аз Ли Ёнг ва UNIDO даъват кард ҳамкориҳои судманд бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар раванди татбиқи Роҳбурди миллии рушд то соли 2030 ва дастгирӣ дар раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" (2018-2028)-ро идома диҳанд.

Муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин бо мудири иҷроияи Дафтари муқобила бо маводди мухаддир ва ҷурми Созмони милали муттаҳид (UNODC) низ дидору гуфтугӯ кард.

Музаффар Ҳусейнзода ва Юрий Федотов масъалаҳои умдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва UNODC, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минтақаиро баррасӣ карданд.

Дар ин джидор ёдоварӣ шуд, ки Тоҷикистон дар солҳои ахир яке аз шарикони муҳими UNODC дар мубориза бо қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон шумурда мешавад.

Муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ ҳамчунин бо мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (ОБЭА) низ дидор ва гуфтугӯ кард.

Музаффар Ҳусейнзода ва Юкия Амано дар ин мулоқот мавзуъҳои мубрами ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ОБЭА-ро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо диққати асосиро ба масъалаҳои густариши  ҳамкориҳои фаннӣ ва таъмини кафолатҳо, аз ҷумла татбиқи тарҳҳои ОБЭА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши коршиносони тоҷик ва ширкати Тоҷикистон дар тарҳҳои минтақаии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ равона карданд.

25
Барчаспҳо:
СММ, UNODC, ОБЭА, UNIDO, Музаффар Ҳусейнзода, Тоҷикистон-Созмони милали муттаҳид
Мавзуъ
Аз энергияи атомӣ то шуғли аҳолӣ: имзои 6 санад миёни Тоҷикистону Русия