Акси ангушт

Амрико ба намояндагони Маҷлиси Афғонистон раводид намедиҳад

30
(Таҷдидшуда 19:36 03.11.2017)
Сафорати Амрико дар Кобул судури раводиди ин кишварро барои намояндагони Маҷлиси Афғонистон мутаваққиф кард

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Тавре  хабаргузории садо ва симо аз Кобул, сафорати Амрико дар Кобул муддаӣ шудааст, намояндагони Маҷлиси Афғонистон аз раводиди Амрико сӯиистифода мекунанд ва ба ҳамин иллат судури раводиди Амрико барои намояндагони афғон басурати доимӣ мутаваққиф шудааст.

Гузоришҳои тайиднашуда ҳокӣ аз он аст, ки бархе намояндагони Маҷлиси Афғонистон бо истифода аз раводиди Амрико, хонаводаҳои худро ба он кишвари бурданду сипас ғайриқонунӣ вориди Канада шуданд.

Ҳануз Маҷлиси Афғонистон дар ин бора вокуниш нишон надодааст.

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп  изҳор дошт, ки бахтозмоии Гринкортро дар Амрико лағв мекунад.

Пас аз ҳамлаи теруристӣ дар Ню-Йорк раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп гуфт, муҷозоти теруристонро дар Амрико ташдид мекунаду гузаронидани лотереяи гринкортро лағв мекунад.

Вай ваъда додааст, ки минбаъд ҷавобгарии ҷиноятиро нисбати касоне, ки даст ба ҳамлаҳои терурситӣ мезанад, ташдид мекунанд. Трамп пешниҳод кард, ки террурсти узбакро ба дор кашанду бахтозмоии гринкортро лағв кунанд.

30
Барчаспҳо:
раводид, Даналд Трамп, Афғонистон, Амрико, Дар ҷаҳон

Туркия ба истеҳсоли ваксинаи "Спутник V" шурӯъ мекунад

15
(Таҷдидшуда 18:12 23.01.2021)
Интизор меравад, пас аз истеҳсоли ваксин он ҳам дар дохили бозори ин кишвар ба ҳам ба дигар давлатҳо интиқол меёбад

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Фонди сармоягузории мустақими Русия бо як истеҳсолкунандаи пешбари маҳсулоти дорусозии Туркия оид ба истеҳсоли ваксинаи коронавируси "Спутник V" дар Туркия шартнома ба имзо расонидааст, хабар медиҳад РИА Новости.

"Ҳаҷми эҳтимолии истеҳсол миллионҳо дозаи ваксинаи "Спутник V" дар як сол аст. Масъалаи тавсеаи эҳтимолии истеҳсолот дар оянда низ баррасӣ мешавад. Ваксина ҳам ба бозори дохилии Туркия ва ҳам ба кишварҳои дигар интиқол меёбад", - таъкид мешавад дар хабар.

Фонди сармуягузории мустақими Русия мегӯяд, шарикони туркӣ ба ваксинаи сохти русӣ, ки 90 дарсади сареҳияти он собит шудааст, таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Ваксинаи "Спутник V", ки аллакай аз озмоиши пурраи клиникӣ баромадааст ва мавриди истифода қарор гирифтааст, дар кишварҳое чун  Беларуссия, Аргентина, АМА, Маҷористон, Сербия, Боливия, Алҷазоир, Фаластин, Венесуэла, Парагвай ва Туркманистон роҳ ёфтааст.

Ҳоло бошад раванди сабти ном шудани он дар Иттиҳоди Аврупо идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 январ тавассути ҳавопаймо ваксинаи мазкур ба низ Тоҷикистон интиқол ёфт ва маъракаи эмгузаронӣ бар зидди коронавирус дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон оғоз ёфтааст.

Эмгузаронии низомиёни рус дар Тоҷикистон оғоз шуд – видео

Нахустин маъракаи эмгузаронӣ аз пизишкони беморхонаи 451-уми ҳарбии Русия шурӯъ шуда буд. Сипас эмгузаронӣ миёни ҳайати фармондеҳон, қувваҳои навбатдории пойгоҳ ва сарбозон, идома ёфт.

Дар маҷмӯъ, ба ҷумҳурӣ 1100 адад воя воксина расонида шуд. Барои амн нигоҳ доштани воксинаҳо, онҳо дар сандуқҳои махсус интиқол ёфтанд.

15
Барчаспҳо:
Русия, истеҳсол, Туркия
Ҷо Байден кишвардори феълии Амрико бо Ллойд Остин. 8 апрели соли 2009

Бори нахуст сиёҳпӯст роҳбари Пентагон шуд: Ллойд Остин кист?

580
(Таҷдидшуда 13:48 23.01.2021)
Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Ӯ ҳанӯз соли 2016 ба нафақа баромада буд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Сенати Амрико номзадии Ллойд Остинро ба мақоми раҳбари Пентагон тасдиқ кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Бар хабари манбаъ, ба ҷонибдорӣ аз Остин 93 сенатор раъй дода танҳо ду нафар мухолиф баромаданд. Як рӯзи пеш, аз номзадии ӯ кумитаи соҳавии сенатҳо пуштибонӣ кард.

Зимнан, ба довталабони ҳарбие, ки камтар аз ҳафт сол пеш ба нафақа баромадаанд, тасдиқи махсуси Конгресс зарур аст. Остин бошад, соли 2016 ба нафақа баромада буд.

Ллойд Остин 67 сол дорад ва дорои рутбаи генерали чаҳорситора аст. Остин аввалин сиёҳпӯст мебошад, ки ба вазорати мудофиаи ИМА роҳбарӣ мекунад.

Номбурда дар Олмон ва сартосари Амрико хидмат намуда, дар ҳайати фармондеҳи дивизия буд ва то соли 2006 ба рутбаи генерал-лейтенант расид.

Пентагон: коронавирус миёни низомиёни афғон густариши шадид ёфтааст

Соли 2010 Остин фармондеҳи қувваҳои Амрико дар Ироқ таъйин шуд ва масъули аз қаламрави ин кишвар берун овардани низомиёни амрикоӣ буд. 

Моҳи декабри соли 2011, ӯ муовини фармондеҳи Ситоди артиш таъин шуд ва аз соли 2013–2016 фармондеҳии марказии Амрикоро раҳбарӣ кард. Вай дар ин вазифа дар таҳияи стратегияи Вашингтон дар мубориза бо "Давлати Исломӣ" нақши калидӣ дошт.

Пас аз ба нафақа баромадан дар 2016, ӯ дар ҳайати Шӯрои директорони бузургтарин истеҳсолкунандаи силоҳ Raytheon кор мекард.

580
Барчаспҳо:
роҳбар, Амрико, Пентагон

Ҳамсояҳо аз кӯдаки 9-сола ба пулис шикоят бурданд - навор

0
Кӯдак, ки мусиқинавоз будааст, ба гуфтаи шикоятбарандагон - ҳамсояҳо ба оромии онҳо доим халал мерасонидааст

 Дар шаҳри Челябински Русия ҳамсояҳо аз болои кӯдаки 9-сола шикоят бурдаанд. 

Тавре сокинони бинои серошёна қайд кардаанд, писарак шабона ғижжак менавохтааст ва ба оромии онҳо халал расонидаву онҳоро ба хоб рафтан намемондааст.

Ситораи мусиқии Русия ба ҷонибдории писараки мусиқинавоз бархостанд.

Гузориши пурраро аз навори мо тамошо кунед.

0