ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Шоҳзода Карим Оқохон дар феҳристи 500 мусулмони пурнуфузи дунё дар мақоми 40-ум ҷой гирифтааст.
Феҳристи 500 мусулмони асаргузори ҷаҳонро ҳар сол Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти роҳбурдии исломии Уммон тартиб медиҳад.
Ҳамчунин дар ин феҳрист раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ номбар шудаанд.
Дар ин радабандӣ дар ҷойи аввал номи яке аз руҳониёни суннии Миср Аҳмад Муҳаммад ал-Тайиб омадааст. Номи подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ва подшоҳи Урдун Абдуллоҳ II ибн Ҳусайнӣ ҳам дарҷ шудаанд. Дар панҷгонаи аввали ин феҳрист номи оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ — роҳбари Эрон ва раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ворид шудааст.
Пештар хабар дода шуд, ки Имоми исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ 1 ноябр дар шаҳри Ню-Йорк аз Анҷумани осиёии "Asia Game Changer Awards" ҷоизаи "Дастовардҳо дар зиндагӣ"-ро дарёфт кард.
ДУШАНБЕ, 21 янв – Sputnik. Вазорати дохилаи Ироқ ҷузъиёти ду таркиши маргталабонаи зуҳри имрӯз дар маркази Бағдодро мунташир кард, хабар медиҳад Парс тудей бо такя ба ИРНА.
Манбаъ аз қавли Холид Алмуҳанно сухангӯи вазорати умури дохилаи Ироқ дхабар медиҳад, ки аввалин террористи ҳомили камарбанди таркишӣ вонамуд карда, ки бемор аст ва вақте мардум дар атрофаш ҷамъ шуданд,худро мунфаҷир карда аст.
Зимнан, маргталаби дигар низ ба фосилаи андаке вақте мардум барои интиқоли захмиҳо ҷамъ шуданд, камарбанди интиҳории худро мунфаҷир кард.
Бар асари инфиҷор дар бозори марказии Бағдод 28 тан кушта ва 73 нафар захмӣ шуданд.
Инфиҷор дар Кобул 18 куштаю захмӣ барҷой гузошт
Ҳамзамон низ ҳамаи масирҳо ва вурудиҳои мунтаҳӣ ба минтақаи амниятии сабз дар маркази Бағдод, ки дафотири теъдоде аз ниҳодҳои байналмиллалӣ , сафоратхонаҳо ва дастгоҳҳои муҳими ҳукуматӣ дар онҷо қарор дорад, баста шуда аст. Ин минтақа ду километр аз майдони Алтирон фосила дорад.
Ҳанўз ҳеч фард ё гурӯҳе масъулияти ин ду инфиҷори интиҳорӣ дар Бағдодро то кунун бар уҳда нагирифта аст.
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Мустафо Қонеӣ, раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон ахиран афзуд, ки дар пойгоҳи ЮНИСЕФ Эрон ба унвони яке аз кишварҳои тавлидкунандаи воксинаи корона муаррифӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Қонеӣ изҳор дошт, ки аз 9 ширкати эронии дар ҳоли тавлиди ваксинаи корона, се воксина дар марҳалаи болинӣ қарор дорад ва ҳамчунин сохти ваксинаи муштараки Куба ва Институти Пастери Эрон низ дар дастури кор аст.
Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон дар бораи далели ҳамкории Эрон бо Куба барои тавлиди воксинаи корона низ изофа кард: Низоми саломати Куба аз ҷиҳати адолат рутбаи аввали ҷаҳонро дорост ва ин кишвар дар ҳавзаи пизишкӣ яке аз кишварҳои матраҳи ҷаҳон ба шумор меравад.
Ҳамчунин Қонеӣ гуфт, ки дар гузашта низ Куба бо Эрон барои тавлиди ваксинаи "Гипатити Б" ҳамкорӣ доштааст.
Боғи ҳайвоноти Маскав - яке аз қадимтарин боғи ҳайвонот (1864) дар Аврупо ва панҷумин боғи ҳайвонот дар Русия пас аз боғҳои ҳайвоноти Ярославл, Ростови лаби Дон, Новосибирск ва Красноярск аст. Яке аз даҳ боғи ҳайвоноти машҳури ҷаҳон, ки ҳамасола миллионҳо сайёҳ аз он дидан мекунанд (то 3,8 миллион нафар дар як сол).
Боғ дорои 1267 намуди ҳайвонот аст ва шумораи онҳо ба 10531 ҳайвон баробар аст.
Дар давраи аз соли 2017 то 2019, дар қаламрави Боғи ҳайвонот таҷдиди ҳамаҷониба гузаронида шуд, ки дар натиҷа кори муассиса ба стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳайвонот мутобиқ карда шуд.
Аз ҷумла, дар минтақаи тамос паноҳгоҳҳои махсус сохта шуданд, ки дар онҳо ҳайвонҳо метавонанд то вақте ки мехоҳанд бимонанд ва бар хилофи иродаи худ ба назди меҳмонон нараванд.
24 майи соли 2019, дар доираи барномаи аврупоии ҳифзи саршумори гургон як гурги нодир, ки ба Китоби Сурх шомил шудааст, аз Олмон ба Боғи ҳайвоноти Маскав оварда шуд.
Дар бораи дигар ҳайвонотҳои нодири ин боғ аз гузори аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.
Пандаи азим дар Боғи ҳайвоноти Маскав
Сиёҳгӯши авруосиёӣ дар қафас дар Боғи ваҳши Маскав
Макаки ҷопонӣ дар Боғи ваҳши Маскав
Гурбаи даштӣ дар қафар. Боғи ваҳши Маскав
Саги обии оддӣ дар қафар. Боғи ваҳши Маскав
Сиёҳгӯши авруосиёӣ дар қафас. Боғи ваҳши Маскав
Уштури бохтарӣ дар рӯзи сарди зимистон дар боғи ваҳши Маскав
Хуки обии шимолӣ дар боғи ваҳши Маскав
Горги ёлдор дар қафаси Боғи ваҳши Маскав
Қӯтоси хонагӣ бо гӯсолааш дар қафаси Боғи ваҳши Маскав
Шери мода дар Боғи ваҳши Маскав
Пандаи азим дар Боғи ваҳши Маскав
Гурги қутбӣ. Боғи ваҳши Маскав дар зимистон
Гурбаи анбӯӣ дар қафаси Боғи ваҳши Маскав