Встреча президента РФ В. Путина с президентом Ирана Х. Рухани и президентом Турции Р. Эрдоганом

Путин нақши сарони кишварҳои Эрон ва Туркия дар ҳалли буҳрони Сурияро сутуд

85
(Таҷдидшуда 21:22 22.11.2017)
Сарони кишварҳои Русия, Эрон ва Туркия Владимир Путин, Ҳасан Руҳонӣ ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон имрӯз дар шаҳри Сочӣ дидор ва гуфтугӯ мекунанд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин нақши сарони кишварҳои Эрон ва Туркияро дар музокироти сулҳи Сурия дар Остона барҷаста хонд.

"Бе ин музокирот амалиёти ҷангӣ дар Сурия ба поён намерасиданд", — гуфт Владимир Путин дар дидор бо ҳамтоёни эронӣ ва туркияш дар Сочӣ.

Дар ин дидор, ки соате пеш оғоз ёфтааст, раванд ва натоиҷи музокироти Остона ва оғози фарояндҳои сиёсии дохилӣ дар Сурия баррасӣ мешаванд.

Ин дидор як рӯз пас аз эъломи поёни кори "Давлати исломӣ" ва фурӯпошии расмии ҳукумати худхондаи ДОИШ дар Сурия сурат гирифтааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки ду рӯз пеш аз ин раисҷумҳури Сурия Башор Асад низ дар Сочӣ бо Владимир Путин дидор ва дар бораи ояндаи сиёсии Сурия гуфтугӯ карда буд.

 

85
Барчаспҳо:
ДОИШ, Сурия, Ҳасан Руҳонӣ, Башор Асад, Владимир Путин, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Русия-Эрон-Туркия-Сурия
Мавзуъ
Башор Асад дар бораи пирӯзӣ бар ДОИШ: мардуми Сурия аз Русия сипосгузор аст
Артиши Сурия вопасин пойгоҳи "Давлати исломӣ"-ро гирифт
Русия умедвор аст то поёни сол теруристҳоро дар Сурия несту нобуд кунад
Русия ва Эрон талошҳояшонро барои ҳалли буҳрони Сурия беш аз пеш ҳамоҳанг мекунанд
Путин ва Эрдуғон дар Анкара авзоъи Сурияро баррасӣ хоҳанд кард