Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф кард

Трамп Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил эътироф кард

249
Ӯ ҳамчунин эълон кард, ки сафорати Амрикоро аз Телавив ба Байтулмуқаддас мекӯчонад

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Доналд Трамп — президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохт. Ӯ рӯзи 6-уми декабр ҳамчунин эълон кард, ки сафорати Амрикоро аз Телавив ба Байтулмуқаддас мекӯчонад. Дар ин бора агентии «РИА Новости» хабар дод.

Ин суханони таърихии Доналд Трамп аз тарафи мақомоти Исроил ситоиш шуда, аммо аз сӯи бархеи дигар мавриди накӯҳиш қарор гирифтааст. Аз ҷумла Арабистони Саудӣ ин тасмими Қасри Сафедро ноҷо хонда, аз Трамп хостааст, ки қарори худро бозбинӣ намояд. Доналд Трамп гуфт, "имрӯз мо пазируфтем, ки Байтулмуқаддас пойтахти Исроил аст.

Ин камтар ё бештар аз шинохтани воқеият нест. Иҷрои ин кор дуруст аст ва чизест, ки бояд анҷом шавад."

249
Барчаспҳо:
пойтахт, сафорати Амрико, Даналд Трамп, Байтулмуқаддас, Исроил
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

Беларус шаҳрвандонашро аз Тоҷикистон берун меорад

25
(Таҷдидшуда 13:45 30.05.2020)
Беларус тавассути ҳавопаймоҳои Русия ба баргардонидани шаҳрвандонаш ба ватан аз Тоҷикистон шурӯъ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Шаҳрвандони Беларус аз Тоҷикистон берун бурда шуданд, хабар медиҳад сафорати кишвар дар Тоҷикистон.

Кишвар тавонистааст, ки шаҳвандонашро дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва Русия ба ватан интиқол диҳад.

Парвоз  тавассути ҳавопаймоҳои ширкати русии "Уральские авиалинии" анҷом дода шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин хатсайр се шаҳрванди Белорус, ки дар Тоҷикистон дар монда буданд, ба кишварашон баргаштанд.

Ёдрас мешавем, пештар Тоҷикистон 188 шаҳрвандонашро аз АМА, Дубай ба Ватан баргардонида буд. 31 май шаҳрвандони боқимондаи Тоҷикистон аз аморат баргардонида мешаванд.

25

Муборизаи Эрон идома дорад: мақомот аз шифо ёфтани 115 ҳазор нафар хабар дод

137
(Таҷдидшуда 02:32 30.05.2020)
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 114 ҳазору 931 нафар аз мубталоён ба корона дар кишвар дармон ва аз бемористонҳо мураххас шуданд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 819 бемори ҷадид ба қайд гирифа шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Ҷаҳонпур афзуд, аз байни мубталоёни ҷадид 547 нафар бистарӣ шуданд ва маҷмуъ беморони “ковид -19” дар Эрон ба 146 ҳазору 668 нафар расид.

Эрон худкифо шуд: тамоми ниёзҳои ин кишвар дар муқобила бо вируси корона таъмин аст

Ҳамунин Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон қайд кард, ки дар 24 соати гузашта фавти 50 бемор сабт шудааст.

Мақомоти Эрон эълон доштанд, ки дар маҷмӯъ дар ин кишва аз вируси корона 7 ҳазору 677 ҷони худро аз даст додаанд.

137
Барчаспҳо:
мубориза, мураххас мешавад, бемористон, вирус, Эрон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон тасвиб кард: то 2021 дар тамоми шаҳру навоҳӣ беморхонаи сироятӣ бунёд мешавад

0
(Таҷдидшуда 14:31 30.05.2020)
Тибқи нақшае, ки онро раисҷумҳур ба тасвиб расонидааст, то 1 сентябри соли 2021 дар тамоми шаҳру навоҳиҳои Тоҷикистон бо ҷалби соҳибкорон беморхонаҳои сироятӣ бунёд мекунанд

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Дар робита бо муборизаи коронавирус дар Тоҷикистон, то 1 сентябри соли 2021 дар марказҳои ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ бунёд карда мешаванд.

Дар ин бора оҷонсии иттилооти давлатии "Ховар" гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳанӯз 20 май ҳангоми боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ чунин супориш додааст.

Мувофиқи он, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои президент 20 май аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст.

"То 1 сентябри соли 2021 бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон беморхонаҳои касалиҳои сироятӣ сохта ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин гарданд", - омадааст дар яке аз бандҳои нақшаи мазкур.

Тибқи ҳамин нақша, вазорати тандурустӣ ва ҳукуматҳои вилояту шаҳру навоҳиҳо то 15 июн бояд беморхонаҳои муваққатӣ ташкил кунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд фаъолияти бонизоми бемористону дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро мунтазам зери назорати қатъӣ қарор диҳанд ва онҳоро бо доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи ғизоиву беҳдоштӣ таъмин намуда, сатҳи сифати хизматрасониро ба беморон боз ҳам беҳтар кунанд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо, Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бояд солҳои 2020-2021 лоиҳаи сохтмони маҷмааи беморхонаи сироятӣ дар пойтахт барои 1500 катро омода карда, аз моҳи сентябри соли 2020 корҳои сохтмонӣ барои 650 катро шурӯъ намоянд.

То 5 июни соли 2020 бо мақсади муайян кардани сабабу оқибатҳои бемории коронавирус бояд бо ҷалби олимони соҳаҳои тиб, физика, химия, биология, генетика ва дигар бахшҳо гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд ва барои амалӣ кардани тавсияҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешда шавад.

Бо мақсади муҳайё намудани шароит ва сабук кардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ то 10 июли соли равон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» тағйиру иловаҳо ворид мегардад.

Раҳмон маоши якмоҳаашро барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон таҳвил дод

Инчунин мутобиқи ин санад, вазорату идораҳои марбута муваззаф гардидаанд, ки то 1 август барнмоаи давлатии миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, махсусан мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, реаниматология ва бозомӯзии онҳо, дар истеҳсолот ҷорӣ кардани ваксинаҳо, маводи доруворӣ ва воситаҳои муҳофизат бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии намудҳои нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

 

0