Трамп ғолибони бахтозмоии Грин кортро "партов" гуфт

© AFP 2023 / MANDEL NGANПрезидент США Дональд Трамп, архивное фото
Президент США Дональд Трамп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ӯ ҳангоми суханронӣ дар Академияи миллии ФБР дар яке аз иёлотҳои ИМА ин изҳороташро баён кардаст

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико ДоналдТрамп шаҳрвандонеро, ки ба воситаи пирӯзӣ дар бахтозмоии раводид ба Амрико мераванд, намояндаҳои "пасттаин"-и кишварҳояшон номид ва гуфт бояд ин низом билохира лағв карда шавад.

"Ин лотерея аст. Шумо ғолибонро интихоб мекунед. Оё шумо фикр мекунед, ки кишваре кадрҳои беҳтаринашро ба Амрико медиҳад? Не",- гуфт Доналд Трамп.

"Ин чӣ низомест? Онҳо ба воситаи пирӯзӣ дар бахтозмоӣ ба кишвари мо меоянд. Кишварҳо бароямон шаҳрвандони пасттаринашонро медиҳанд, онҳоро мисли партов мепартоянд",- таъкид кард вай.

Доналд Трамп гуфт, роҳбарияи вай ҳоло ба Маҷлиси Амрико пешниҳод мекунад,ки кишвар сиёсати муҳоҷиратиашро тағйир диҳад. Вай ҳамчунин аз ду ҳамлаи хунин дар Амрико ёдовар шуд, ки ба гуфтаи вай ҳамлагарон бо роҳҳои гуногун ба Амрико рафта буданд.

Ёдрас мекунем, пештар низ раисҷумҳури Амрико изҳор дошта буд, ки мехоҳад низоми Грин кортро дар кишвараш лағв кунад. Пас аз ҳамлаи хунини як зодаи Узбакистон, ки ба Амрико ба воситаи бахтозмоӣ рафта будааст, Трапм гуфт, теруристро ба дор кашанду Грин кортро лағв кунанд.

Лентаи хабарҳо
0