Рамазон Қодиров, акс аз бойгонӣ

Амрико Рамазон Қодировро ба рӯйхати сиёҳ ворид кард

246
Роҳбари Чеченистон гуфт, ки агар Амрико ҳамаи дороиҳояшро ба вай бахшад ҳам, ӯ намеравад

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Амрико Рамазон Қодировро ба рӯйхати таҳримҳо ворид кард.

Ҳукумати ИМА ба наздикӣ "рӯйхати Магнитский"-ро тамдид кард ва боз панҷ шаҳрванди Русияро ба он ворид кард: Аюб Катаев, Юлий Майоров, Андрей Павлов, Алексей Шешен ва Рамазон Қодиров.

Худи Рамазон Қодиров ин иқдоми ИМА-ро тавзеҳ дода гуфт, ҳеҷ гоҳ хостори сафари Амрико набуд.

"Ман пештар ҳам гуфта будам ва ҳоло барои фаромӯшхотирон такрор мекунам- агар Амрико ба ман ҳамаидороиҳояшро бахшад ҳам, ман он ҷо рафтанӣ нестам",- менависад Қодиров дар Instagram.

Қодиров ҳамчун афзудааст, ки чанде аз шахсиятҳои маъруфи амрикоӣ доим ба хонаи вай ба меҳмонӣ меоянд, ҳатто мехоҳанд ва ҷумҳурӣ кӯч банданд.
"Ин таҳримҳои шуморо онҳо писанд намекунанд",- менависад вай.

Рӯйхати Магнитский-рӯйхати шахсоне мебошад, ки ба онҳо воридот ба Амрико мамнуъ шудаст. Ба андешаи тартибдиҳандагони рӯйхат, гӯё ин ашхос дар ҳабс ва шиканҷаи Сергей Магнитский даст доранд.

Сергей Магнитский- аудитор ва ҳуқуқшинос буд, ки дар ширкати Firestone Duncan кор мекард. Магниский эълом кард, ки аз будҷаи Русия маблағи калонеро гум шудааст. Пас аз ин изҳороташ, вай ба ҳабс гирифта шуд ва дар маҳбаси "Матросская тишина" зиндонӣ буд. Дар соли 2009 Матроский 7 рӯз пеш тамом шудани маҳлати ҳабсаш ба ҳалокат расид.  Пас аз ин, дар ИМА ва Канада зидди нафароне, ки эҳтимол дар кушта шудани вай даст доранд, таҳрим ворид карда шуд.

246
Барчаспҳо:
ҳабс, куштор, таҳрим, Рамазон Қодиров, Дар ҷаҳон
День 21 января

Аз Рӯзи оғӯш то ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон дар боғи "Наврӯзгоҳ": имрӯзи таърих

20
(Таҷдидшуда 19:37 20.01.2021)
Рӯзи бисту якуми январ дар Лаҳистон – Рӯзи бибиҳо, дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ. Рӯзи байналмилалии оғӯш мебошад

Рӯзи 21 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1862 Адам Опел дар шаҳри Рюсселхайми Олмон корхонаи истеҳсоли мошинаҳои дӯзандагӣ ифтитоҳ намуд. Соли 1886 ширкати "Опел" истеҳсоли дучарха ва соли 1899 истеҳсоли мошинро сар кард ва  ҳоло яке аз ширкатҳои машҳуртарин дар ҷаҳон мебошад.

Соли 1932 дар Остона аввалин шумораи рӯзномаи "Ҳақиқати Қазоқистон" («Казахстанская правда») нашр шуд.

Соли 1954 дар ҷаҳон нахустин маротиба бомбаи атомии зери обӣ сар дода шуд.

Соли 2011 дар Остона, дар  Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон ҷаласаи дуюми Шӯрои ректорони консерваторияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2014 дар пойтахти Чин- шаҳри Пекин ҷаласаи якуми раёсати Шӯрои расмии Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарони қисмҳои миллии Шӯрои расмии кишварҳои иштирокчии СҲШ- Тоҷикистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон ширкат варзиданд.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки дастаҳои футболи Испания — "Реал" ва "Барселона", инчунин "Манчестер Юнайтед"-и Англия дар соли 2015 беш аз 500 миллион евро ба даст овардаанд.

Рӯзи 21 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 нахустин шумораи ҳафтаномаи "Азия-Плюс" аз чоп баромад.

Соли 2004 Парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард, ки мувофиқи он муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ барои хатмкунандагони донишгоҳҳо аз 18 ба 12 моҳ поин оварда шуд.

Соли 2011 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2014 сарвазир Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои наздисоҳилии  шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шинос шуд.

Соли 2017  Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Венгрия, аз ҷумла, кӯдакону наврасон бар асари садамаи воситаи нақлиётӣ дар Италия ба Президенти Венгрия Янош Адер барқияи тасаллият ирсол намуд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон бо  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 январ

  • Дар Лаҳистон – Рӯзи бибӣ (модаркалон).
  • Дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ.
  • Рӯзи байналмилалии оғӯш.

Рӯзи 21 январ кӣ ба дунё омадааст

Анвар Абдурасулов (1947)- физикдон, профессор.

Аҷамӣ Муҳаммадалӣ (1954) – шоир.

Бандишоева Савсан (1922 – 2003) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Гулов Тағоймурод (1945) – доктори илми кишоварзӣ.

Ғаниев Комилҷон (1950) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Кандинов Лев (1932) – нависанда.

Каримова Аза (1925 – 2000) – доктори илми филологӣ.

Қаландарбеков Имомёрбек (1955)- доктори илми техникӣ, профессор.

Мастонгулов Мирзо (1939-2008)- доктори илми иқтисод, аввалин лётчики касбии тоҷик.

Маҳкамов Файз (1941) – дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Мирзоев Кароматулло (1941) – Нависандаи Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Мусулмонкулов Раҳим (1938) – доктори илми филологӣ, профессор.

Собиров Султон ( 1933 – 1998) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

20
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов то таҷдиди сохтори Дастгоҳи президент: имрӯзи таърих
Таъсиси "ЦРУ" ва тасдиқи лоиҳаи "CASA-1000" аз ҷониби Тоҷикистон: имрӯзи таърих
Рӯзи ҳамсар, таъсиси ноҳияҳои Хуҷанду Қумсангир ва зодрӯзи Дастин Поре: имрӯзи таърих

Пеш аз рақобат бо Поре: Макгрегор дар рейтинги UFC мавқеашро аз даст дод

184
(Таҷдидшуда 20:28 20.01.2021)
Дорандаи ду камарбанди қаҳрамониро дар рейтинги навшудаи UFC муборизи австралиягӣ Роберт Уиттакер пеш гузашт

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ситораи ирландӣ Конор Макгрегор дар рейтинги ҷанговарони беҳтарини UFC (новобаста аз вазн) мавқеашро аз даст дод, гуфта мешавад дар торномаи расмии ин ширкат.

Ин пеш аз задухурди Макгрегор бо Дастин Пореи амрикоӣ, ки шаби 23 ба 24 январ дар Файт Айленд дар Абу-Дабӣ баргузор мешавад, рух дод.

Макгрегор ҷои Нурмуҳаммадовро дар рейтинги беҳтарин муборизони UFC гирифт

Дорандаи собиқи камарбанди UFC дар вазни сабук тибқи рейтинги навшуда аз ҷои 12-ум ба 13-ум фаромадааст. Ӯро дар ин феҳрист, варзишкори австралиягӣ Роберт Уиттакер пеш гузашт.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони феълӣ дар вазни сабук, дар рейтинги ҷанговарони беҳтарини UFC ҳамоно дар мақоми аввал аст.

Аз миёни занон то ҳол варзишкори бразилиягӣ Аманда Нунес дар ҷои аввал меистад. Ӯ қаҳраомни UFC дар вазни сабук мебошад. Валентина Шевченко, размикори қирғизистонӣ, дар рейтинг (новобаста аз категорияҳои вазн) ҷои дуюмро ишғол мекунад.

184
Барчаспҳо:
қаҳрамони UFC, рейтинг, мавқеъ, мавқеъ, Макгрегор