Махмуд Ахмадинажод

Боздошти раисҷумҳури пешини Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод

2167
(Таҷдидшуда 16:51 07.01.2018)
Раисҷумҳури пешини Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барои пуштибонӣ аз таҳозуротгарон дастгир шудааст

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Ҳукумати Эрон ба далели дастгирии тазоҳурот раисҷумҳури пешини Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро дастгир кардаанд. Дар ин бора нашриёти  арабии Al-Quds Al-Arabi бо такя ба манобеъи худ дар Эрон хабар медиҳад.

"Маҳдуми Аҳмадинажодро ҳангоми боздид аз шаҳри Шероз боздошт кардаанд. Дастгиркунии раисҷумҳури пешин бо розигии раҳбари Эрон Алӣ Хоманаӣ сурат гирифтааст", —навиштааст манбаъ.

Қарори боздошти раисҷумҳури пешин пас аз суханронии Аҳмадинажод дар шаҳри Бушер дар ҷануби кишвар қабул шудааст.

Суханронии ӯ чун дастгирии тазоҳурот баҳогузорӣ шудааст.

Аҳмадинажод ҳангоми суханронӣ дар назди мардуми шаҳри Бушер фаъолияти ҳукумати кунунӣ ва раисҷумҳур Ҳасан Руҳониро танқид карда онҳоро ба аз худкунии бойгарии иҷтимоӣ, идоракунии носозгор ва дуршавӣ аз мушкилоти халқ айбдор кардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки Аҳмадинажод аз соли 2005 то 2013 раисҷумҳури Эрон буд.

Дар шаҳрҳои бузурги Эрон-Теҳрон, Машҳад, Исфаҳон ва Рашт оғоз аз 28-декабри соли 2017 таҳозуроти оммавӣ сар задааст. Раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ гуфт, ки тазоҳурот дар паи пурзӯр шудани мушкилоти иҷтимоии дохилии Эрон ва дахолати кишварҳои хориҷ сар задааст. 

Бино ба маълумоти расонаҳо дар паи ин бетартибиҳо дар Эрон беш аз 20 кас ҷон бохтаасту наздики 450 тазоҳургар дар Теҳрон боздошт шудааст.

2167
Барчаспҳо:
боздошт, Аҳмадинажод Маҳмуд, Эрон