Ҷангиёни ДОИШ, акс аз бойгонӣ

Муфтии ДОИШ дар Ироқ кушта шуд

171
(Таҷдидшуда 19:14 12.01.2018)
Муфтии ДОИШ дар амалиёти низомӣ дар ҷануби устони Киркуки Ироқ ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Хабаргузории "Парстудэй" дар истинод ба" Сумария Ниюз" хабар додааст, ки муфтии ДОИШ дар Ироқ кушта шудааст.

Ба нақл аз Сумария Ниюз, Алӣ Алҳусайнӣ, сухангуи нерӯҳои басиҷи мардумии Ироқ гуфтааст: Дар ин амалиёт, ки наздики яке аз рустоҳои шаҳристони Дақуқ дар ҷануби Киркук анҷом шуд, Абдулқодир Алъазӣ, муфтии ДОИШ дар Киркук бо се нафар аз ҳамроҳонаш ба ҳалокат расиданд.

Алҳусайнӣ афзуд: Нерӯҳои амниятӣ ва басиҷи мардумӣ ба таъқиби аносури ДОИШ дар Алҳувайҷа дар ҷануби ғарби Киркук ва атрофи он идома медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, Рокон Алҷабурӣ, устондори Киркук дар дидор бо як мақоми норвегияӣ дар умури оворагон аз нобудии комили 116 русто дар Киркук ба дасти ДОИШ хабар дод ва гуфт: Манотиқи ҷанубӣ ва ғарбии Киркук шоҳиди бештарин вайронӣ дар Ироқ будааст, чун гурӯҳи террористии ДИИШ беш аз се сол ин манотиқро дар ишғоли худ дошт ва зерсохтҳои онро нобуд кард.

Агарчи созмон ва ташкилоти ДОИШ дар Ироқ ва Сурия нобуд шудааст, аммо аъзои ин гурӯҳи террористӣ ҳамчунон ба сурати пароканда ба иқдомоти террористӣ даст мезананд.

171
Барчаспҳо:
кушта шудан, муфтӣ, Ироқ, Дар ҷаҳон
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Мақомоти Ӯзбекистон боз қарантина эълон кард: маҳдудиятҳо шадидтар шуданд

39
(Таҷдидшуда 02:30 10.07.2020)
Аз 10-уми июл тамоми қаламрави Ӯзбекистон ба минтақаи “сурх” шомил ва ҳаракати нақлиёт дубора ба таври оммавӣ мамнӯъ эълон шуд

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Шоҳрух Ғиёсов,  сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон қайд кардааст, ки дар рӯзҳои қарантин фақат фаъолияти мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо мутаваққиф сохта намешавад. Ҳамаи нуқтаҳои хӯрокворӣ, ки қаблан иҷозаи фаъолият дода шуда буд, танҳо мувофиқи фармоиш кор мекунанд ва хӯроквориро барои супоришдиҳандагон ба манзилашон мерасонанд, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.

“Агар то ҷорӣ шудани қоидаи нави қарантин миёни шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд равуо бидуни монеа сурат мегирифт ва одамон метавонистанд худро ба ҷои корашон расонанд, акнун дар равуои озоди онҳо низ маҳдудиятҳо ҷорӣ мешаванд”, – гуфтааст  Шоҳрух Ғиёсов.

Вай афзудааст, ки мошинҳои дорои иҷозанома метавонанд, дар шаҳри Тошканд ва соири ноҳияҳои он бидуни монеа ҳаракат кунанд.

Дар ҳамин ҳол Комиссияи махсуси ҳукуматии мубориза бо пахши коронавирус эълом дошт, ки дубора як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла, мувофиқи қонунгузориҳо ниҳодҳо ва ташкилотҳои давлатӣ кормандони худро ба рухсатӣ мефиристанд ва қисмати боқимонда фаъолияти худро бар тариқи фосилавӣ идома медиҳанд.

Дар корхонаву муассисаҳо аз баргузор намудани ҷамъомадҳо ҷилавгирӣ мешавад ва чорабиниҳо аз тариқи видеоӣ баргузор мегарданд.

Ҳпмзамон Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон зимни як ҷаласаи видеоӣ изҳор кард, ки кишвараш як давраи хеле мураккабу вазнинро паси сар мекунад. Вай аз роҳбарони тамоми идораҳо ва мардум даъват кард, ки ин санҷишро бо сарбаландӣ сипарӣ намоянд.

Бояд қайд кард, ки то санаи 9 июл дар Ӯзбекистон 42 нафар бар асари сирояти коронавирус вафот карданд.

39
Барчаспҳо:
мақомот, маҳдудият, мамнуъ, нақлиёт, ҳаракат, Ӯзбекистон

Олимон: паҳншавии бештари вируси корона дар фасли зимистон дар назар аст

101
(Таҷдидшуда 02:31 10.07.2020)
Таҳқиқоти нав таъйид мекунад сармои зимистон густариши вируси коронаро боз афзоиш хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik.  Донишмандони Ҳиндустон эълон карданд, ки дамои сардтар дар зимистон ба афзоиши шуюи Ковиди-19 сабаб хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, коршиносони ҳинд дамои теъдоде аз кишварҳо ва мавориди вируси коронаи онҳоро бо якдигар муқоиса карданд ва ба хулоса расиданд, ки кишварҳои сардтар маъмулан шуюи вирус дар миқёси бузргтарро шоҳид будаанд.

Пужуҳишгарон таъкид мекунанд тобистон муносибтарин фасл ва замон барои мубориза бо ҳамагирии бемории Ковиди-19 аст.

Муҳақиқони Ҳинд робитаи байни миёнгини дамои як кишвар ва теъдоди мавориди мубтало ба Кувиди-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Онҳо иртиботи қобили таваҷуҳе байни кишварҳои бо дамои сардтар ва шуюи вирус масири корона дар миқёси бузургтар пайдо карданд.

Муҳақиқони ҳиндӣ додаҳои марбут ба ин пажуҳишро аз охири моҳи март то миёнаҳои апрел ҷамовари карданд ва дар ниҳоят дарёфтанд кишварҳое ,ки дорои тул ва арзи ҷуғрофиёи болотар дорои обуҳавои сардтаре ҳастанд, ба таври қобили таваҷуҳе беш аз дигар кишварҳо бо шуюи бемории Кувиди 19 дасту панҷа нарм мекунанд.

Донишмандон хотирнишон карданд, ки ҳамаи ин мушоҳидаҳо ҳоки аз он аст, ки дамои поин мункин аст як омили хатар барои афзоиши мавориди ибтило ба вируси корона бошад.

Онҳо афзуданд, бо ин ҳол дар ҳоли ҳозир ин мутолиа қодир ба тавзеҳи ин, ки чигуна бархе аз кишварҳои сард масир бо олудагии бештари корона рӯ ба рӯ нашудаанд, нест ва ба баррасиҳои бештаре иҳтиёҷ аст то аз ҷузиёти шуюи корона ба даст ояд.

101
Барчаспҳо:
Ҳиндустон, афзоиш, вирус, густариш, зимистон, таҳқиқот