Қатъи ёронаи ҳаҷ барои мусалмонон дар Ҳинд

© AP / Hadi MizbanКааба. Архивное фото
Кааба. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давлати Ҳинд ба баҳонаи фаъолиятҳои омӯзишӣ, ёронаи ҳаҷ барои мусалмонон дар ин кишварро қатъ кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ба гузориши "Парстудэй", давлати Ҳинд дар ростои дастури додгоҳи олии ин кишвар эълом кард, ихтисоси ёронаи ҳаҷ барои мусалмонони ин кишварро мутаваққиф ва буҷаи онро сарфи омӯзиши ақаллиятҳо, ба хусус кӯдакон хоҳад кард.

Мухтор Аббоси Нақавӣ, вазири умури ақаллиятҳои Ҳинд гуфт, ин тасмими давлат, ки соли ҷорӣ амалӣ хоҳад шуд, ба манзури тавонмандсозии ақаллиятҳои мазҳабӣ рӯйи даст гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Яъсуб Аббос, дабири Шӯрои мусалмонони шиаи Ҳинд бо интиқод аз ин тасмим гуфт, ин ёрона барои афроди фақир ҷиҳати анҷоми фаризаи ҳаҷ кумаки хубе буд.

Лентаи хабарҳо
0