Инфиҷори бомба дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон

© AFP 2023 / TARIQ MAHMOODСкорая помощь в Афганистане, архивное фото
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манобеи амниятӣ аз инфиҷори бомба дар маркази устони Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон хабар доданд

ДУШАНБЕ, 24 янв- Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "Парстудэй", инфиҷори субҳи имрӯз, чаҳоршанбе бахше аз шаҳри Ҷалолобод, маркази устони Нангарҳор, шарқи Афғонистонро ба ларза даровард.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда нагирифтаву аз шумори талафоти эҳтимолии он низ гузорише мунташир нашудааст.

Нангарҳор пойгоҳи аслии фаъолияти гурӯҳи террористии ДОИШ, Толибон ва аз устонҳои ноамни Афғонистон аст, ки то кунун садҳо низомиву ғайринизомӣ дар ҳамалоти Толибон ва гурӯҳи террористии ДОИШ кушта ва ё маҷрӯҳ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0