Анхель Кастро Диас-Баларт, архивное фото

Писари Фидел Кастро худкушӣ кард

114
(Таҷдидшуда 12:26 02.02.2018)
Фидел Анхел Кастро - писари калонии Фидел Кастро, чандин моҳ аз афсурдагии равонӣ ё депрессия ранҷ мебурд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Писари калонии раҳбари пешини Куба Фидел Кастро – Фидел Анхел Кастро Диас-Баларт – дирӯз дар Куба худкушӣ кардааст, гузоирш медиҳад хабаргузори Juventud Rebele.

Ба гузориши ин расона, Кастро чандин моҳ аз афсурдагии равонӣ ё депрессия ранҷ мебурд ва пизишкон бемордорияш мекарданд.

Вай чанд замоне дар бемористон дармон мегирифт ва сипас пизишкон аз ӯ дар хонааш парасторӣ мекарадаанд.

Фидел Анхел Кастро Диас-Баларт 68-сола буд ва мушовири илмии Шурои давлатии Куба буд. Ӯ дар заминаҳои фанновариҳо ва навоварӣ ҷустору пажӯҳиш дошта ва муовини раиси Фарҳангистони улуми Куба низ буд.

Вай дастпарвари Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов буд ва рисолаи номзадиашро дар мавзуъи физики ҳастаӣ дар Пажӯҳишгоҳи муштараки таҳқиқоти ҳастаӣ (ОИЯИ) дар Дубна дифоъ карда буд. Ӯ дар Пажӯҳишгоҳи энержии ҳастаии “Курчатов” ва Нерӯгоҳи ҳастаии Нововоронеж ҳам кор кардааст.

Фидел Анхел соли 2000 дуктурои физику риёзиро аз Донишгоҳи улуми ҳастаӣ ва фанноварии Куба дарёфт карда буд.

Яке аз маъруфтарин осораш “Энержии ҳастаӣ – таҳдиде ба муҳити зист ва ё роҳи ҳалли маслаъалаи энердӣ дар садаи XXI?” ном дорад, ки ба чандин забон ҳам тарҷума шудааст.

Фидел Анхел Кастро Диас-Баларт бо нишони Карлос Хуан Финлей – олитарин нишони Шурои давлатии Куба сарфароз шуда ва дуктури ифтихории “Пажӯҳишгоҳи Курчатов” буд.

114
Барчаспҳо:
худкушӣ, Фидел Анхел Кастро Диас-Баларт, Куба
Мавзуъ
Тундбоди "Ирма" чандин ноҳияҳои Кубаро хароб кард