Ҷойгиршавии ҳафт ҳазор нафар аз аъзои ДИИШ,ба шумули тоҷикҳо дар Афғонистон

Обуна шудан
Ҳудуди ҳафт ҳазор нафар аз аъзои гурӯҳи такфирӣ -террористии ДОИШ дар Афғонистон ҷойгир шудаанд

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "Парстудэй", ба нақл аз хабаргузории русии  РИА Новости, Замир Қобулов-намояндаи вежаи раисҷумҳури Русия бо эъломи ин омор афзуд: Ин дар ҳоле аст,ки чанд ҳазор нафари дигар аз вобастагон ба ДОИШ дар омодабош барои пайвастан ба ДИИШ дар Афғонистон ба сар мебаранд.

 Ба гуфтаи ин дипломати баландпояи русӣ, Вазорати хориҷаи Русия аз се сол пеш то кунун пайгири фаъолияти ДОИШ дар Афғонистон аст.

 Намояндаи вежаи раисҷумҳури Русия таъкид кард,ки нируҳои ғарбии мустақар дар Афғонистон асосан дар паи саркуби Толибон ва дигар гурӯҳҳои ҷангҷуи афғонӣ ҳастанд,аммо барои бархурду боздошт ва муҷозоти аъзои ДОИШ коре анҷом намедиҳанд.

 Пеш аз ин мақомот ва маҳфилҳои хабарии Афғонистон низ аз ҳузури ДОИШ дар шимоли Афғонистон хабар дода буданд.

 Муҳаммад Зоҳир Ваҳдат-раиси вилояти Сари Пули Афғонистон ба нақл аз сокинони маҳаллӣ гуфта буд, ҷангҷуёни ДОИШ дар суҳбатҳо бо якдигар аз забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва узбакӣ истифода мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0